Саъдӣ Қодирзода: Дар Тоҷикистон 70 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ гардида, ба рушди иқтисодиёт мусоидат менамоянд
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ карда мешаванд, ки маблағи умумии он қариб 40 миллиард сомонӣ- муодил ба 3,53 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ имрӯз дар Душанбе гуфт, ки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, хоҷагии манзилию коммуналӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, экология ва ҳолатҳои фавқулода, обёрӣ ва дигар соҳаҳо мавриди амал қарор доранд, ки дар доираи онҳо корҳо дар самти бунёди роҳу пулҳо, таҷдид ва тармими сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, сохтмон, навсозию муҷаҳҳазгардонии мактабу беморхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ идома доранд.
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соли сипаригардида Саъдӣ Қодирзода афзуд, ки дар соли 2020 Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т.А.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе» ба маблағи беш аз 200 миллион сомонӣ ба имзо расонида шуданд. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои созишномаҳо 200 ҷойи нави корӣ дар мамлакат ташкил карда мешавад.
Инчунин зикр шуд, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи 7 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамкорӣ дорад, ки дар мавриди татбиқи ин лоиҳаҳо беш аз ҳазор ҷойи нави корӣ дар мамлакат таъсис дода мешаванд.
Гуфта шуд, ки дар доираи ин лоиҳаҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ 11 корхонаи бузурги истеҳсолӣ, аз қабили корхонаҳои истеҳсоли гӯшти чорво ва паранда, истихроҷ ва коркарди маъдан, истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ ва таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе, истеҳсоли семент, гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот ва марказҳои тақсимоти яклухт пешбинӣ гардидааст.








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






