Саридораи геология соли 2020 корҳои омӯзиши геологиро аз рӯи 22 лоиҳа ба анҷом расонид
ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси ҳисоботи аз экспертизаи давлатӣ гузашта, захираҳои канданиҳои фоиданок, аз қабили тилло, нуқра, ангишт, оҳаксанг, гранит, гранодиорит, мармар, рег, хок, омехтаи регу шағал, гил тасдиқ гардида, ба тарози давлатӣ гузошта шуданд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимаҳмуд Ализода иброз намуд.
«Саридора соли 2020 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ва «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026» амалӣ намуда, корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 22 лоиҳа ба маблағи 7 000 000 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷилло ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба анҷом расонид»,- изҳор намуд А. Ализода.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Саридораи геологияро якҷо бо вазорату идораҳои марбута вазифадор намуданд, ки ҷиҳати рушди саноати маъдан ва дигар соҳаҳои саноати коркард дар асоси таҳлили захираҳо вобаста ба дараҷаи омӯзиши геологии онҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияро барои солҳои 2021-2030 таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намояд.
Тавре Президенти мамлакат иброз намуданд, «имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудаанд, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошанд. Ҳоло ҳамагӣ 27 фоизи захираҳои зикршуда истихроҷ ва коркард шуда истодааст, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мо қонеъкунанда нест».
Зикр гардид, ки тибқи лоиҳаи «Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенӣ-геологӣ» дар асоси дархостҳо ва нақшаҳо дар 870 деҳаҳо, мавзеъҳо ва кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадқиқот гузаронида шудаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида шудаанд.








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






