Шуҳрат Мақсудзода: Ба бандҳои дахлдори Қоидаи суғуртаи ихтиёрӣ сироятёбӣ аз бемории коронавирус ворид шуд
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати имрӯза КВД «Тоҷиксуғурта» дорои 63 филиал ва 6 намояндагӣ дар вилоятҳо, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, хизматрасониро аз рӯи 22 намуди суғурта, аз ҷумла 13 намуди суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуди суғуртаи ихтиёрӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, соли гузашта корхона бо мақсади паст намудани хавфҳои иҷтимоии пайдоиши бемории сироятии нави коронавирус ба бандҳои дахлдори Қоидаи суғуртаи ихтиёрӣ аз ҳолатҳои нохуш ва беморӣ тағйиру иловаҳоро дар самти ҳолати суғуртавӣ шуморидани сироятёбӣ аз бемории коронавирус ворид намуда, онро дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дод. Ин нуктаро директори Корхонаи Воҳиди Давлатии «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз намуд.
“Соли 2020 миёни суғурташудагон ҳолатҳои беморӣ ва фавт буданд. Аз рӯи бемории роҳҳои нафас ва илтиҳоби шуш ба шаш нафар ходимони давлатӣ ба миқдори ҳашт маоши охирини онҳо ва ба ду нафар сарбозони фавтида ба миқдори 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷуброн пардохт карда шуд”,-гуфт Шуҳрат Мақсудзода.
Зикр гардид, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» новобаста аз таъсири манфии паҳншавии бемории коронавирус ва ҷорӣ шудани маҳдудият дар соли 2020 513 660 шартномаи суғуртавӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба имзо расонид, ки аз он шартномаҳои шакли ҳатмии суғурта 44806 адад ё 8,7 фоизи шумораи умумии шартномаҳо ва шартномаҳои шакли ихтиёрии суғурта 468854 адад ё 91,3 фоизи шумораи умумии шартномаҳоро ташкил медиҳанд.
Аз шартномаҳои басташуда дар маҷмӯъ 26,5 миллион сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардид, ки мутаносибан 6,2 миллион сомонӣ ё 23,4 фоиз ба шакли ҳатмии суғурта ва 20,3 миллион сомонӣ, ё 76,6 фоиз ба шакли ихтиёрии суғурта мансубият дорад.
Корхона дар давраи ҳисобтӣ ба 5113 нафар зарардидагон ҷуброни суғуртавиро ба маблағи умумии 4,8 миллион сомонӣ пардохт намуд, ки 18,3 фоизи маблағи умумии ҳаққи суғуртавии воридгардидаро ташкил медиҳад ва аз он 1,1 миллион сомонӣ ё 23,0 фоиз аз ҳисоби шакли ҳатмии суғурта ва 3,7 миллион сомонӣ, ё 77,0 фоиз аз ҳисоби шакли ихтиёрии суғурта таъмин гардидааст.
Натиҷаи фаъолияти молиявии Корхона дар соли 2020 бо фоида ба маблағи беш аз 1,5 миллион сомонӣ ҷамъбаст гардидааст, ки нисбат ба соли 2019 33,6 фоиз бештар мебошад.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






