Изатулло Саидзода: Бори нахуст сомонаи расмии Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»-и Маркази қонунгузорӣ фаъол гардид
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябри соли 2020 бори нахуст сомонаи расмии Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»-и Марказ бо суроғаи www.qonunguzori.tj фаъол гардида, дар сомона пурра шумораҳои маҷалла ва талабот оид ба чопи мақола ҷойгир карда шуданд, ки ин қадами муассирест дар роҳи фаъолияти илмии соҳаи ҳуқуқ Ин нуктаро имрӯз, 8 феврал директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи кормандони ВАО-и мамлакат изҳор дошт.
Ҳамзамон И. Саидзода дар идома аз фаъолияти дигар бахшҳои марказ дар зарфи соли сипаришуда иттилоъ дода, афзуд, ки аз ҷониби марказ дар ин давра 1 маҷмӯаи қонунгузорӣ дар соҳаи иттилоот, 5 тафсири қонунҳо, 5 истилоҳоти соҳаи ҳуқуқ тибқи санадҳои қонунгузорӣ ва 6 маводи илмӣ таҳия ва нашр гардиданд.
Зикр шуд, ки марказ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудан, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи қонунҳо ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда 829 таклиф манзур намуд. Таклифҳои пешниҳодгардида барои рушди қонунгузории мухталифи соҳаҳои ҳуқуқ мусоидат мекунанд.








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






