ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Чанок 2000 бех ниҳоли сада шинонида шуд

Март 14, 2021 09:08

ДУШАНБЕ, 14.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандону масъулини хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан дар шафати шоҳроҳи байналмилалии  Душанбе-Чаноқи минтақаи шаҳри Истаравшан беш аз 2000 бех ниҳоли сада шинониданд.

Ин тадбир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҷлили сазовори 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабзу хуррам гардонидани гӯшаю канори мамлакат сурат гирифтааст.

Тибқи маълумоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан,  аз оғози мавсими ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳр беш аз 6300 адад ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва сояафкан шинонида шудаанд.

Март 14, 2021 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд