Барои ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе чорсаду ҳаштоду чор ҳазору ҳаштсад сомонӣ ҷудо гардид

Апрель 15, 2021 08:49

ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  170 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт, ки  дар соли таҳсили 2020-2021 ғолибони озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе  гардиданд, ҳавасманд гардонида мешаванд. Бо ин мақсад бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳр   484 800 (чорсаду ҳаштоду чор ҳазору ҳаштсад) сомонӣ  ҷудо гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ   «Ховар»  хабар доданд,  тибқи қарори дахлдори  Раиси шаҳр  масъулин вазифадор гардидаанд, ки  ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо шаҳодатнома ва маблағҳои стипендияи Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибон  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавад, ки  аз 25 январ то 14 феврали соли равон дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» -и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе озмун баргузор гардид. Барои иштирок дар озмуни мазкур  3 ҳазору 441 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, ки ба унвони Комиссияи шаҳрии озмун ҳуҷҷат супорида буданд, иштирок намуда, аз рӯи низоми тестӣ санҷиш  супориданд.

Мавриди ёдоварист, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар сол барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.  Ин иқдом  бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.

Апрель 15, 2021 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид