БОР: Иқтисодиёти Тоҷикистон солҳои 2021-2022 барқарор хоҳад шуд

Апрель 28, 2021 10:36

ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рушди иқтисодии Тоҷикистон солҳои 2021-2022 барқарор мешавад. Ин баробари суст шудани маҳдудияти вобаста ба уфунати пандемияи коронавирус дар кишварҳои шарики асосии тиҷоратӣ, ки боиси барқарор шудани интиқоли маблағҳо, сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва талаботи хориҷӣ мешаванд, имконпазир аст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар гузориши навбатии солонаи Бонки Осиёии рушд (БОР), ки имрӯз интишор ёфтааст, гуфта шудааст.

БОР пешгӯӣ мекунад, ки иқтисодиёти рушдёбандаи минтақа дар соли 2021 сарфи назар аз таҳдиди коронавирус ба ҳисоби миёна 7,3% афзоиш хоҳад ёфт.

Зикр карда мешавад, ки ин пешгӯии хушбинона ба барқароршавии иқтисоди ҷаҳонӣ, инчунин ба пешрафт дар кори паҳн кардани ваксинаҳо вобаста аст. Илова бар ин БОР интизор дорад, ки соли 2021 ММД Чин 8,1% ва инчунин ММД Ҳиндустон дар ҳамин давра 11% афзоиш хоҳад ёфт.

Ба ҷумлаи иқтисодиёти рушдёбанда бонк 45 кишвар ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Шарқӣ, Ҷанубу Шарқӣ ва Ҷанубӣ, инчунин Уқёнуси Оромро ворид кардааст.

Дар «Шарҳи рушди Осиё-2021», БОР афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро дар сатҳи 5% дар соли 2021 ва 5,5% дар соли 2022 дар муқоиса бо 4,5% рушди иқтисодӣ, ки соли 2020 эълон шуда буд, пешбинӣ мекунад. «Шарҳи рушди Осиё» — ин нашрияи муҳими солонаи иқтисодии БОР мебошад.

«Гарчанде ки мо бо хушбинии эҳтиёткорона ба рушд менигарем, бисёр чизҳо ба суръати барномаи эмгузаронӣ ва барқароршавии пурраи парвозҳои мунтазам ба кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон бастагӣ хоҳад дошт»,- гуфт Шенни Кэмпбелл,  намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон.  — Инчунин баланд бардоштани самаранокии корхонаҳои бузурги давлатӣ низ метавонад ба устувории молиявии Тоҷикистон кумак расонад».

Сатҳи таваррум, ки соли гузашта ба 9,4% расид, тибқи пешбиниҳо бинобар суботи нисбии нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти ғизоӣ, фишори асъор бо сабаби беқурбшавии рубл, сарфи назар аз нармии қурби табодули асъор, эҳтимоли зиёдшавии нисбатан зудтари пул дар робита ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон,  дар баробари афзоиши пешбинишудаи нафақа ва стипендия ва тарифҳои барқ дар соли 2021 то 9,0% коҳиш хоҳад ёфт. Мутобиқи пешбиниҳо, соли 2022 сатҳи таваррум баробари коҳиши талабот дар дохили кишвар 8,0% -ро ташкил хоҳад кард, вале агар беқурбшавии асъор суръат бигирад ва ё талаботи маблағгузории дохилӣ беш аз интизор бошад, таваррум метавонад афзоиш ёбад.

Гарчанде ҳукумат дар самти тақвияти назорат, шаффофият ва самаранокии амалиёти давлатӣ ба пешрафт ноил шудааст, ислоҳоти иловагӣ зарур аст, — зикр шудааст дар гузориш. Ба фикри таҳлилгарони БОР, ҷорӣ намудани усулҳои корпоративии  мудирият ва интихоби менеҷерони олӣ бо дарназардошти шоистагии онҳо, аз ҷумла аз манбаъҳои хориҷӣ, инчунин истифодаи нишондиҳандаҳои калидии самаранокӣ барои арзёбии фаъолияти менеҷмент ба онҳо  дохил мешаванд. Ҷорӣ намудани қарордодҳо ва мукофотҳои пулӣ  дар асоси натиҷаҳои корӣ низ метавонад самаранокии амалиётии корхонаҳои давлатиро баланд бардорад.

Тоҷикистон соли 1998 ба БОР пайваст шуд. Дар 23 соли охир БОР бузургтарин шарики бисёрҷонибаи рушд барои Тоҷикистон гардид, ки соҳаҳои мухталиф — аз инфрасохтори стратегии роҳҳо ва энергетикӣ то амнияти ғизоӣ ва хидматҳои иҷтимоиро ба маблағи умумии  беш аз 2,1 миллиард доллари ИМА, ба шумули зиёда аз  $ 1,6 миллиард доллар дар шакли грантҳо дастгирӣ намудааст.

ДАР АКС: Шенни Кэмпбелл, Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон. Акс аз сомонаи Намояндагии БОР дар ҶТ

Апрель 28, 2021 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

АСАЛ ДАВОИ ДАРД. Имрӯз дар Душанбе «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар беш аз 2600 гектар кишти такрорӣ гузарониданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли биринҷ ҷисми инсонро фарбеҳ менамояд
МЕҲРГОН ЯКЕ АЗ ИДҲОИ БОСТОНИИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба аҳамияти ин ҷашн
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи сабзи КАСА – 1000 дар қисмати Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расидааст
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 7 фоиз зиёд гардидаст
Тоҷикистон ва Узбекистон дар самтҳои рушди ҳукумати электронӣ, таҳияи платформаҳо ва ҳамгироии рақамӣ ба мувофиқа расиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат меёбад
Тоҷикистон ҷонибдори рушди ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаи захираҳои гидроэнергетикӣ аст
Сертификатсияи стандартҳои ESG барои кормандони Вазорати молия бо намояндаи Nasdaq баррасӣ гардид