БОР: Иқтисодиёти Тоҷикистон солҳои 2021-2022 барқарор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рушди иқтисодии Тоҷикистон солҳои 2021-2022 барқарор мешавад. Ин баробари суст шудани маҳдудияти вобаста ба уфунати пандемияи коронавирус дар кишварҳои шарики асосии тиҷоратӣ, ки боиси барқарор шудани интиқоли маблағҳо, сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва талаботи хориҷӣ мешаванд, имконпазир аст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар гузориши навбатии солонаи Бонки Осиёии рушд (БОР), ки имрӯз интишор ёфтааст, гуфта шудааст.
БОР пешгӯӣ мекунад, ки иқтисодиёти рушдёбандаи минтақа дар соли 2021 сарфи назар аз таҳдиди коронавирус ба ҳисоби миёна 7,3% афзоиш хоҳад ёфт.
Зикр карда мешавад, ки ин пешгӯии хушбинона ба барқароршавии иқтисоди ҷаҳонӣ, инчунин ба пешрафт дар кори паҳн кардани ваксинаҳо вобаста аст. Илова бар ин БОР интизор дорад, ки соли 2021 ММД Чин 8,1% ва инчунин ММД Ҳиндустон дар ҳамин давра 11% афзоиш хоҳад ёфт.
Ба ҷумлаи иқтисодиёти рушдёбанда бонк 45 кишвар ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Шарқӣ, Ҷанубу Шарқӣ ва Ҷанубӣ, инчунин Уқёнуси Оромро ворид кардааст.
Дар «Шарҳи рушди Осиё-2021», БОР афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро дар сатҳи 5% дар соли 2021 ва 5,5% дар соли 2022 дар муқоиса бо 4,5% рушди иқтисодӣ, ки соли 2020 эълон шуда буд, пешбинӣ мекунад. «Шарҳи рушди Осиё» — ин нашрияи муҳими солонаи иқтисодии БОР мебошад.
«Гарчанде ки мо бо хушбинии эҳтиёткорона ба рушд менигарем, бисёр чизҳо ба суръати барномаи эмгузаронӣ ва барқароршавии пурраи парвозҳои мунтазам ба кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон бастагӣ хоҳад дошт»,- гуфт Шенни Кэмпбелл, намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон. — Инчунин баланд бардоштани самаранокии корхонаҳои бузурги давлатӣ низ метавонад ба устувории молиявии Тоҷикистон кумак расонад».
Сатҳи таваррум, ки соли гузашта ба 9,4% расид, тибқи пешбиниҳо бинобар суботи нисбии нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти ғизоӣ, фишори асъор бо сабаби беқурбшавии рубл, сарфи назар аз нармии қурби табодули асъор, эҳтимоли зиёдшавии нисбатан зудтари пул дар робита ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон, дар баробари афзоиши пешбинишудаи нафақа ва стипендия ва тарифҳои барқ дар соли 2021 то 9,0% коҳиш хоҳад ёфт. Мутобиқи пешбиниҳо, соли 2022 сатҳи таваррум баробари коҳиши талабот дар дохили кишвар 8,0% -ро ташкил хоҳад кард, вале агар беқурбшавии асъор суръат бигирад ва ё талаботи маблағгузории дохилӣ беш аз интизор бошад, таваррум метавонад афзоиш ёбад.
Гарчанде ҳукумат дар самти тақвияти назорат, шаффофият ва самаранокии амалиёти давлатӣ ба пешрафт ноил шудааст, ислоҳоти иловагӣ зарур аст, — зикр шудааст дар гузориш. Ба фикри таҳлилгарони БОР, ҷорӣ намудани усулҳои корпоративии мудирият ва интихоби менеҷерони олӣ бо дарназардошти шоистагии онҳо, аз ҷумла аз манбаъҳои хориҷӣ, инчунин истифодаи нишондиҳандаҳои калидии самаранокӣ барои арзёбии фаъолияти менеҷмент ба онҳо дохил мешаванд. Ҷорӣ намудани қарордодҳо ва мукофотҳои пулӣ дар асоси натиҷаҳои корӣ низ метавонад самаранокии амалиётии корхонаҳои давлатиро баланд бардорад.
Тоҷикистон соли 1998 ба БОР пайваст шуд. Дар 23 соли охир БОР бузургтарин шарики бисёрҷонибаи рушд барои Тоҷикистон гардид, ки соҳаҳои мухталиф — аз инфрасохтори стратегии роҳҳо ва энергетикӣ то амнияти ғизоӣ ва хидматҳои иҷтимоиро ба маблағи умумии беш аз 2,1 миллиард доллари ИМА, ба шумули зиёда аз $ 1,6 миллиард доллар дар шакли грантҳо дастгирӣ намудааст.
ДАР АКС: Шенни Кэмпбелл, Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон. Акс аз сомонаи Намояндагии БОР дар ҶТ








Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд






