Далер Ризозода барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид
ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ Далер Ризозода барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
13 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштин оғоз шуд, ки варзишгари тоҷик Далер Ризозода дар он ҷои дуюмро сазовор шуд.
Ӯ дар вазни 77кг қувваозмоиро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар Муҳаммадбердӣ Мамедови туркманистонӣ, дар нимфинал бар намояндаи Қазоқистон Дамеу Жадраев пирӯз шуд ва ба финал роҳ ёфт. Вале бо сабаби лат бардоштан натавонист дар финал қувва санҷад.
Ду варзишгари дигари тоҷик – Асламҷон Азизов дар вазни 55кг ва Тоҳирҷон Охунов дар вазни 87кг ҷои панҷумро гирифтанд.
Имрӯз, 14 апрел қувваозмоиҳои гӯштини юнонӣ-римӣ дар панҷ вазни дигар идома меёбанд, ки дар онҳо варзишгарони мо низ иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Далер Ризозода соли 2019 медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни ҷавононро соҳиб гардидааст.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд






