Дар Агентии авиатсияи гражданӣ масъалаи пешгирии беасоси болоравии нархи чиптаи ҳавопаймоӣ дар хатсайрҳои самти Россия баррасӣ гардид

Апрель 23, 2021 12:07

ДУШАНБЕ, 23.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи пешгирии беасоси болоравии нархи чиптаи ҳавопаймоӣ дар хатсайрҳои самти Федератсияи Россия дирӯз зимни ҷаласаи корӣ  дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 

Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода зикр намуд, ки ҳадаф аз ҷамъомад дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим  даровардани  нархи чиптаи ҳавопаймо ва роҳ надодан ба болоравии беасоси он  ҷиҳати парвоз аз шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Федератсияи Россия мебошад.  Ҳамин тавр маротибаи дуюм бо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Сибирь”, “Ютэйр”, “Уральские авиалинии” ва “Северный Ветер”) оид ба масъалаи болозикр  суҳбати ҷиддӣ сурат гирифт.

“Таҷриба нишон медиҳад, аз оғози мавсими баҳор сар карда, сафари шаҳрвандони кишвар, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федеретсияи Россия зиёд мегардад ва бо сӯиистифода аз ин   ширкатҳои ҳавопаймоии Россия нархи чиптаро аз ҳад боло мебардоранд. Тавре ҳамагон медонанд, дар асоси хуруҷи бемории КОВИД-19 тамоми дунёро буҳрони молиявию иқтисодӣ фаро гирифта, бар асари он  даромади аҳолии кишварҳои олам, аз ҷумла шаҳрвандони  Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Ин омил  сабаби он шудааст, ки  шаҳрвандони мо ҷиҳати харидорӣ намудани чипта бо нархи гарон илоҷи дигар наёфта, аз бонкҳо қарз мегиранд, ки  ин  вазъи молиявии бе ин ҳам душвори онҳоро  сангинтар месозад. Дар натиҷа дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ  сару садоҳо ва норозигии шаҳрвандони кишвар нисбат ба  баланд будани нархи чипта  зиёд шуда истодааст”, — илова намуд И. Субҳонзода.

Дар ҷаласа зикр шуд, ки ширкатҳои ҳавопаймоиро зарур аст, ба  ҷои баланд бурдани нархи чиптаи ҳавопаймо шумораи парвозҳоро зиёд намоянд. Дар ин самт Агентии авиатсияи гражданӣ омода аст, ки ҷиҳати иҷозати саривақтии парвозҳо дар асоси қарорҳои дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор андешад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки вобаста ба танзими нархи чипта ба ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия мактуб ирсол гардидааст, вале масъала то ҳол ҳалли худро наёфтааст.  Мутаассифона, бино ба номаҳои ҷавобии онҳо,  нархҳои чиптаи ҳавопаймоҳо ҳанӯз баланд мебошад.

“Бо ин мақсад аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот  эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати назорати танзими нархи чипта ва роҳ надодан ба болоравии беасоси он дар ҳамоҳангӣ чораҳои дахлдор андешида, дар ҳалли масъала мусоидат намоянд”, — тазаккур дод директори Агентӣ.

Ҷаласа  чунин қарор қабул намуд:

  1. Аз намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Сибирь”, “Ютэйр”, “Уральские авиалинии” ва “Северный Ветер”) қатъиян дархост карда мешавад, ки ҷиҳати поён бурдани нархи чиптаи ҳавопаймоӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия дар муҳлати 2 рӯз чораҳои дахлдор андешанд;
  2. Дар сурати поён набурдани нархи чипта, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати манъ намудани парвозҳо чораҳои дахлдор меандешад;
  3. Нархҳои пасттарин ва баландтарини чиптаи хатсайрҳои парвози самтҳои Федератсияи Россия ҳар моҳ ба Агентии авиатсияи гражданӣ ва Прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 23, 2021 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент