БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ИНТЕРВЕНСИЯИ АСЪОР* МЕГУЗАРОНАД. Ҳамаи шахсони воқеӣ метавонанд асъори хориҷиро озодона харид намоянд
ДУШАНБЕ, 20.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза вазъияти бозори дохилии асъорро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорати доимӣ қарор дода, барои таъмин намудани суботи бозори дохилии асъор ва муътадилии қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода бурда истодааст. Бо ин мақсад, Бонки миллӣ тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ бо асъори хориҷӣ, таъмин намудани субот дар бозори дохилии асъор мудохилаи (интервенсия) асъориро анҷом диҳад.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора 19 апрел зимни ҷаласа роҷеъ ба вазъи бозори дохилии асъор, ки бо роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев доир шуд, зикр гардид.
Ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор гардиданд, ки илова бар маблағҳои мудохилаи навбатии Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳои худ талаботи муштариёни худро бе ягон мамоният бо асъори хориҷӣ қонеъ намоянд.
«Тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз самти фаъолияташон, метавонанд дархостҳои худро ҷиҳати харидорӣ намудани асъори хориҷии (доллари ИМА) ғайринақдӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявии хизматрасонашон пешниҳод намоянд», — илова намуд манбаъ.
Ҳангоми пайдо гардидани арзу шикоятҳо доир ба сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла дар самти хариду фурӯши асъори хориҷии нақд ё беасос нафурӯхтани асъори нақд ва ё бо қурби баланд аз қурби фурӯш муқарраргардида фурӯхтани асъор ва муносибати дағалонаи кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз муштариён хоҳиш карда мешавад, ки оид ба корманди ташкилоти қарзии молиявӣ (бо нишон додани ному насаб ва вазифаи хизматии корманд), ки барои анҷом додани хизматрасонии бонкӣ монеа эҷод менамояд, ба телефонҳои боварии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ба Бонки миллии Тоҷикистон бо телефонҳои 44 600 -15 -10, 44 600 -31-03, 44 600 – 15-20 муроҷиат намоянд.
_______________________________
* Интервенсияи асъор (англ. foreign exchange market intervention, currency intervention) — амалиёте, ки мақомот (бонки марказӣ ё вазорати молия) барои таъсир расонидан ба арзиши берунии пули миллӣ, яъне қурби он анҷом медиҳанд.








Хатсайри қатораи Душанбе – Москва — Душанбе пас аз 6 сол барқарор гардид
Дар Панҷакент корхонаи мурғпарварӣ ва ҳавзҳои моҳидорӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии зиддикоррупсионӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон аввалин маҷмааи муосири истеҳсоли шиша бунёд мегардад
Дар ноҳияи Сино низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» дар марҳилаи пилотӣ ҷорӣ мегардад
Тоҷикистон бо чанд давлати ҷаҳон муносибати савдои хориҷӣ дорад?
Дар Душанбе Форуми рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF барои Тоҷикистон 2 лоиҳаи нави муҳим ба маблағи 190 миллион доллар тасдиқ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2725 то 9.3000 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе ҷараёни корҳои пешакии лоиҳаи сохтмони метро дар пойтахт муҳокима гардид
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамкориро бо Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш медиҳад






