Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Табобати комили сил имконпазир аст» сазовори ҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Табобати комили сил имконпазир аст» хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло Ализода аз беҳтаринҳо дониста шуда, бо ҷоиза ва сертификати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ қадрдонӣ карда шуд.
Дар маросими супоридани ҷоиза муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил Аслиддин Раҷабзода ва директори иҷроияи миссияи USAID дар Тоҷикистон Кит Симонс иштирок намуданд.
Тибқи хулосаи ҳакамони озмун, хабарнигор Хуршед Фозилов ғолиби бахши «Маводи беҳтарин дар сомонаи интернетӣ», хабарнигори Радиои «Тоҷикистон» Идигули Раҷаб ғолиби бахши «Беҳтарин барномаи радиоӣ» ва сармуҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш, занон ва оилаи «Телевизиони Тоҷикистон» Беҳрузи Одина ғолиби бахши «Беҳтарин намоиши телевизионӣ» дониста шуда, бо сертификат ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Инчунин барои пешниҳоди маводи ҷолиб дар бахшҳои мазкур хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло Ализода, хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Бахтовар Сафаров, журналисти телевизиони «Диёр»-и вилояти Суғд Фирӯза Мирҷумаева, хабарнигори радиои «Садои Душанбе» Гулнора Насриддинова ва хабарнигори маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Шосаидов сазовори сертификат гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки яке аз вазифаҳои муҳим дар самти тандурустӣ дар чаҳорчӯби Ҳадафҳои рушди устувор дар он ифода меёбад, ки то соли 2030 ба сирояти бемории сил бояд хотима дода шавад. Дар робита ба ин Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пеши худ мақсад гузоштааст, ки то соли 2035 ба коҳиши шумораи фавти одамон аз бемории сил то 95% ва паст кардани сатҳи гирифторӣ ба ин беморӣ то 90% даст ёбад. Ин метавонад сатҳи гирифторӣ ба ин бемориро миёни мардум коҳиш диҳад.
Бемории сил табобатшаванда буда, сабаби асосии паҳншавии он паст будани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба ин беморӣ мебошад.









Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид






