Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад»

Апрель 9, 2021 14:10

ВОРУХ, 09.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.«Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрўз беш аз 100 мулоқот миёни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 апрел дар мулоқот бо сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара изҳор доштанд.

Сарвари давлатро дар сафари корӣ ба Исфара гурӯҳи кормандони ВАО, ки ба он хабарнигорони АМИТ «Ховар» низ шомиланд, ҳамроҳӣ доранд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки шаҳри Исфара, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамҷаворӣ байни ду миллат нақши муҳим дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин суханронӣ аз раванди гуфтушинидҳо бо кишвари ҳамсоя оид ба сарҳади давлатӣ ибрози андеша карда, тазаккур доданд, ки масъалаи асосӣ барои мардуми шаҳри Исфара, аз ҷумла деҳоти Ворух масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. «Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрўз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Илова бар ин, моҳи октябри соли 2019 дар музокироти сатҳи олӣ мо бо Президенти онвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида будем, ки фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тақвият бахшида шавад», — иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон зикр намуданд, ки дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд.

Тибқи мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон, аҳдномаи мазкур бояд моҳи майи соли 2016 аз тарафи сарони кишварҳо ба имзо мерасид.

Бо пешниҳоди ҷониби Қирғизистон мо ин санадро дар Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ намудем ва расмиёти дохилидавлатии онро ба анҷом расонидем.

«Аммо бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда имзои ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқашудаи сарҳад то ҳанўз сурат нагирифтааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор мебошад ва дар сурати ба имзо расидани санади зикршуда аз нисф зиёди хатти сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад. Як нуктаи муҳими дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад», — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба зикри Пешвои миллат, таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад.

Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хати сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёд тақозо менамояд.

«Табиист, ки чунин баҳсҳо бояд бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшудаи тарафҳо ҳаллу фасл шаванд.Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо назардошти манфиатҳои миллии ҳарду тараф мебошад. Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дўстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, ором бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал мешаванд. Дар ҳалли ин гуна масъалаҳо роҳи дигар вуҷуд надорад», — тазаккур доданд Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бадеҳоти Ворухи шаҳри Исфара ташриф оварда, якчанд иншоот, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣбарафрохтанд, ки рамзи гӯшаи ҷудонопазири Тоҷикистон будани Ворухро бозгӯ мекунад.Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, Ворух ҳеҷгоҳ мавриди масъалагузории иваз кардан бо ҳудуде набуд ва нахоҳад буд.

ИСФАРА

Исфара таърихи ниҳоят бостонӣ дошта, сокинони он аз замонҳои хеле қадим ба заминдориву кишоварзӣ машғул будаанд. Шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки ин шаҳр ва атрофи он махсусан дар замони Сомониён рушду тавсеа ёфта, ба боғистони зебое шабоҳат доштааст.

Мувофиқи маълумоти «Бобурнома»–и Заҳириддини Бобур, «Исфара, аз ҷумла Ворух дорои обҳои равон ва боғчаҳои босафо будааст.

Дарахтони босамараш бисёр ва бештари боғҳояш бодомзор мебошанд.

Мардумаш тамом сарт ва кўҳӣ, яъне тоҷик ва кўҳистонӣ буда, форсигўянд. Исфара аз чор қисм – яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сух ва чорум Ҳушёр иборат аст».

Аз рўи ин маълумот ва сарчашмаҳои дигар равшан мешавад, ки Исфара макони таърихии тоҷикон буда, ин масъала аз тарафи олимони маъруфи таърихшинос ва бостоншиносони номдор низ тасдиқ гардидааст.

Ёдгориҳои таърихие, ки дар ҳудуди шаҳр ва деҳоти он ҷойгир мебошанд, далели онанд, ки сокинони ин макон ҳазорҳо сол пеш бумӣ будаанд.

Анъана ва расму ойинҳое, ки мардуми Исфара ва деҳоти он то ба имрўз ҳифз кардаанд, бори дигар бостонӣ будани ин мавзеъро тасдиқ мекунанд.

Ворух — деҳа, маркази Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аст. Аз Ворух то маркази ноҳия 44,7 км, то маркази вилояти Суғд 154 км, то шаҳри Душанбе 468 км  роҳ аст.  Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷамоатҳои баландкӯҳу дурдасттарини вилояти Суғд буда, дар он беш аз 40 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.

Вожаи Ворух аз «вара»-и форсии қадим гирифта шуда, маънии «қалъа», «мавзеи бо девор иҳоташуда» дорад. Аз сабаби дар мобайни кӯҳҳо ҷой гирифтан Ворух номгузорӣ шудааст.Аз ибтидои асри ХХ ин минтақа бо ҳунармандони худ — оҳангарон, бофандагон, рангмолони матоъ, пойафзолдӯзон, мисгарон, дуредгарон, кулолгарон ва мардони ватандӯст шӯҳрат дорад.

ВОРУХИ ИМРӮЗ

Вақте кас имрӯз аз деҳаи хушманзараи Ворух дидан мекунад, бо кору пайкори созандаи ворухиён ифтихор мекунад. Мардуми сарбаланди Ворух имрӯз аҳлонаю сарҷамъона баҳри ободии сарзамини аҷдодии хеш камари ҳиммату ҷавонмардӣ бастаанд. Як силсилаиқдомоти созандаю бунёдкоронае, ки роҳбарияти давлату ҳукумат дар ин деҳа роҳандозӣ намудаанд ва пайваста ҳалли мусбати худро ёфтани мушкилоти иҷтимоии мавҷуда боиси рӯҳбаландиву ризоияти кулли мардум гардида, имрӯз сокинонаш, алалхусус ҷавонмардони ватандӯсташ даст ба дасти ҳамдигар дода, баҳри ободонии манзилу кӯчаву маҳаллаҳои хеш ҳамарӯза сидқан меҳнат мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворух корҳои азими бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Ба истиқболи ҷашни таърихӣ дар ин ҷамоатбунёду навсозии беш аз 40 иншооти муҳими иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, бо маблағгузории Хукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва саҳми соҳибкорону саховатмандон то имрӯз зиёда аз 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Мо шоҳиди он шудем, ки имрӯзбо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди деҳоти Ворухи шаҳри Исфара хати оби нўшокӣ барои таъмин намудани 9 ҳазор нафар сокинони маҳаллаҳои Тоҷикон ва Сангтўдаи деҳоти Ворух, мактаби навбунёд дар деҳаи Сангтўда барои 1000 нафар хонанда, биноҳои маъмурии шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ, боғи интенсивӣ ва маркази хизматрасонӣ бо майдончаҳои кушода ва болопўшидаи варзиш, ҳавзи шиноварӣ ва маркази фароғат, инчунин дар маркази деҳоти Ворух бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 23 барои 480 нафар хонанда, майдони Парчами давлатӣ, Қасри фарҳанг бо хонаи ақди никоҳ, китобхона ва маркази муосири хизматрасонӣ бо корхонаи истеҳсоли либоси мактабӣ, ҳунарҳои дастӣ ва коргоҳи қаннодӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар маҷмӯъ, барои корҳои ободонии зикршуда беш аз 45 миллион сомонӣ сарф гардида, барои садҳо нафар сокинони маҳаллӣ ҷойи кор муҳайё карда шудааст.

Имрӯз дар деҳоти Ворух корҳои ободсозиимавзеъҳои ҷамъиятӣ, роҳу кӯча ва маҳали зист, сабзазоркуниву хуррамгардонӣ бо маром идома доранд. Сокинони шарафманди Ворух бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи тадбирҳоро меандешанд ва бо саҳмгузорӣ дар ҷодаи ободонии Тоҷикистони азизамон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашнҳои дар пешистода ҷаҳду талош доранд.

Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018 «Дар бораи ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тасдиқ гардидааст.

Дар асоси он, аз ҷумла 9 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 12 иншооти соҳаи тандурустӣ, 47 иншооти соҳаи маориф, 17 иншооти варзиш, 12 муассисаи истироҳатӣ ва фарҳангӣ, сохтмони роҳу пулҳо, биноҳои истиқомативу маъмурӣ ва иншооти дигар пешбинӣ шуда ва ба истифода дода шудааст, ки боиси боз ҳам ободу зебо шудани шаҳру деҳот ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум гаридааст. Дар маҷмӯъ то 1 марти соли ҷорӣ дар шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 411 иншооти дорои аҳамияти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣба истифода дода шудаанд.

Дар натиҷаи чораҷӯиҳо дар шаҳр соли 2018-95 иншоот, 2019-149 иншоот, соли 2020-161 ва дар 2 моҳи соли 2021-4 иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва меҳнаткашони Исфара дар пайгирӣ ва ҷонибдории амалӣ аз сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконияти мавҷударо барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр, ободу зебо гардонидани диёр ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум сафарбар намуда, ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконияту захираҳо истифода бурда истодаанд.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворух корҳои азими бунёдкорӣ идома доранд.

Назари коршиносон ба Ворух

Ба гуфтаи сиёсатшиносони маҳалӣ ва минтақавӣ, табодули қаламравҳо дар ҷараёни таъйини сарҳадҳои давлатӣ падидаи маъмулист. Баақидаи Абдулло Раҳнамо, истилоҳи «қитъаҳои баробар» ё «қитъаҳои ба он баробар» на танҳо аз ҷиҳати миқдор ё миқёс маънои онро дорад, ки он на танҳо бо метр ва километр чен карда мешавад, балки арзиши иқлимӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва рамзии ин қитъаҳо низ бояд ба назар гирифта шавад. Ҳамин тавр, 12,5 ҳазор километри мураббаъ замини Ворух бо арзиши ҷуғрофӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ, ки барои мо дорад, бо 12,5 ҳазор км заминҳои дашту биёбон ҳеҷ гоҳ баробар ва ҳатто қобили муқоиса буда наметавонад. Ва аз нуқтаи назари миллӣ ва ҳатто стратегӣ Ворух набояд ҳеҷ гоҳ объекти мубодила бошад.

«Фош кардани ҷузъиёти музокирот, бар хилофи созишномаҳо, як амали харобиовар ва бемасъулиятӣ мебошад», — мегӯяд коршинос Абдулло Раҳнамо.

«Изҳороти Ташиев (раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Ташиев – тавз. идора) нисбат ба Ворух асосан иғвогарона аст: пешниҳод кардани он чизе, ки априорӣ барои тарафи дигар ғайри қобили қабул мебошад, маънои қасдан тамоми раванди гуфтушунидро ба бунбасти сарбаста бурда расонидан дорад. Ва агар дидаву дониста набошад, пас ин бояд аз нотавонии мутлақ ва надоштани қобилияти баҳо додани воқеъбинонаи ҳодисаҳо шаҳодат диҳад», — гуфт сиёсатшинос ва коршинос оид ба Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ Александр Князев ба «Азия-Плюс».

Мавриди зикр аст, ки аз рӯи мушоҳидаҳо ва таърихи санадҳои мавҷуда,дар раванди гуфтушунидҳои сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷониби Қирғизистон формулаи одии риёзиро риоя намекунад – «бо иваз шудани ҷои ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад». Мутаассифона, ҳар боре, ки ҳайатҳо ба сари мизи гуфтушунид менишинанд, ҷониби Қирғизистон тавофуқоти пештарро, ки намояндагони расмии ин кишвар ба имзо расонидаанд, қабул намекунанд.

Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»,
шаҳри Исфара, деҳоти Ворух.

АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Апрель 9, 2021 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода