Аз 6 то 9 май дар «Кохи Борбад» намоиш-фурӯши молҳои истеҳсоли ватанӣ доир мешавад

Май 5, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 6 то 9 май дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишфурӯши молҳои истеҳсоли ватанӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, намоиш-фурӯши молҳои истеҳсоли ватанӣ дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон — 2021» доир гардида, дар он  номгӯи зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ, молҳо барои хона, маҳсулоти қаннодӣ, ҳасибӣ, нӯшокӣ, маҳсулоти ширӣ, ороишӣ, кимиёи маишӣ пешниҳоди харидорон гардонида мешаванд.

Дар намоиш-фурӯши мазкур истеҳсолкунандагон моли худро бо нархи яклухт ва аз нархи бозорҳо пасттар пешниҳоди ҳамагон мегардонанд. Меҳмонон ва сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар баробари шиносоӣ бо намудҳои гуногуни маҳсулот, ҳамчунин онҳоро бо нархи арзон харидорӣ намоянд.

Май 5, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад