«Çalık Holding» дар Тоҷикистон ҳамкор ва бозор меҷӯяд

Май 18, 2021 13:31

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Çalık Holding»-и Туркия тасмим дорад, ки бо корхонаю ширкатҳои саноатии Тоҷикистон ҳамкориро густариш диҳад.

Дар иртибот ба ин дар Душанбе вохӯрии роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо намояндагони Ширкати «Çalık Holding»-и Туркия баргузор гардид, иттилоъ медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ байни корхонаҳои саноатӣ бо ширкати «Çalık Holding», роҳҳои дарёфти бозорҳои нави фурӯши маҳсулот ва мубодилаи таҷриба байни мутахассисон дар самтҳои дахлдор баррасӣ шуданд.

Намояндагони ширкати «Çalık Holding»-и Туркия аз якчанд  корхонаҳои саноати сабуки Тоҷикистон боздид намуда, бо фаъолияти истеҳсолии онҳо шинос мегарданд. Ширкати «Çalık Holding» дар бахши саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, сохтмон, энергетика, молия, телекоммуникатсия ва технологияҳои рақамӣ фаъолият дошта, корхонаҳои нассоҷии зерсохтори ширкат ба қатори   истеҳсолкунандагони бузурги матои ҷинс дар ҷаҳон шомил буда, иқтидори истеҳсоли 55 миллион метр матои ҷинс дар як солро доро мебошанд.

Ширкати «Çalık Holding» бо брендҳои ҷаҳонӣ,  аз қабили «Diesel», «Replay», «G-Star», «Tommy Hilfiger», «Pepe Jeans», «Topshop», «River Island», «Marks & Spencer», «Citizen of Humanity», «Guess», «Joe’s Jeans», «Good American», «Frame», «Banana Republic», «H&M», «GAP», «Zara», «IKEA», «LIDDLE», «TESCO», «SEARS» ҳамкорӣ дошта, маҳсулоти худро пешкаши харидорон менамояд.

Акс аз Вазорати саноат ва технологиҳои нави ҷумҳурӣ.

Май 18, 2021 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд