«ГУЛИ ИМРӮЗА БУБИН, БАНДАЙИ ДИРӮЗА БУБИН!». Мақолаи Мирзо Турсунзода «Zani diruza va zani imruza» соли 1938 дар маҷаллаи «Шарқи сурх» ба нашр расида буд
ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гирдоварӣ ва нашри матнҳои фолклори тоҷикон дар асл охири солҳои бистум ва сиюми садаи ХХ оғоз шуд. Дар он замон фолклоршиносони касбӣ вуҷуд надоштанд ва рисолаҳои илмӣ низ роҷеъ ба матнҳои фолклорӣ таълиф нашуда буданд. Фақат дӯстдорони фарҳанги мардумӣ, ба монанди устод Мирзо Турсунзода, ки имсол дар саросари Тоҷикистон 110-солагии зодрӯзаш таҷлил мешавад, оид ба баъзе масъалаҳои доғе, ки дар матнҳои фолклорӣ низ инъикос ёфтаанд, дар мақолаҳои ҷудогона назари худро баён менамуданд. Мақолаи М.Турсунзода «Зани дирӯза ва зани имрӯза» («Zani diruza va zani imruza»), ки соли 1938 дар шумораи №3, маҷаллаи «Шарқи сурх» чоп шуда буд, аз ҷумлаи онҳост.
«Устод М.Турсунзода дар асоси маводи дар даст дошта ва мушоҳидаҳои худ мақолаи «Зани дирӯза ва зани имрӯза»-ро мувофиқи талаботи замон таълиф намудааст. Дар охири мақола имзои муаллиф дар шакли «М.Т.» омадааст»,-менависад профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан Раҳмонӣ.
Дар зер ин мақола манзури хонандагон гардонида мешавад.
«Тоҷикистон дар давраи ҳукмронии амирони Бухоро, дар давраи лаънатии феодализм барои занон ва духтарони меҳнаткаш аз гӯр ториктар ва аз қафас тангтар буд. Бо ҳукми дину шариат занон ва духтаронро аз ҳайвон ҳам пасттар мешумурданд. Монанди мол мефурӯхтанд, номуси онҳоро қурбон мекарданд, ҳуқуқи инсониашонро поймол менамуданд.
Давраи феодализм занро ҳамчун олати кайфу сафо мешуморид, ваҳшоният то дараҷае расида буд, ки камтарин ҳуқуқи инсониро ҳам аз вай кашида гирифта, монанди санги фалахмон ба ҳар куҷое, ки мехостанд, ҳаво медоданд. Ӯро ба ҷойҳои дур, ба дасти ким-киҳо фурӯхта, мефиристоданд. Аз падар, аз модар ва аз ёру бародаронаш ҷудо карда, ғарибу нотавон мекарданд. Ашки пурҳасрати чашмони мазлума, оҳи пурдарди ҷигари сӯхтааш ба дили аз санг ҳам сахттари золимон асар намекард, фарёдҳои гӯшкаркунаш ба гӯши ҳеҷ касе намерасид. Зиндаҷудоӣ ҳамеша насиби онҳо шуда буд. Мо дар ин бора ба фолклори пеш аз револютсионии тоҷик муроҷиат кунем, кифоя хоҳад кард.
Наълат ба касе, ки ай ватан канда шава,
Афта ба ғарибию ба кас банда шава,
Чархи фалак гардаву оя ба ватануш,
Мурдайи садсола ай нав зинда шава.
Эй зоғи сиёҳ ҳар ду гӯшот кар,
Ай мо хабаре ба пеши он ёр бар.
Аввал ки дидӣ гиряву зорема бигӯ,
Бовар, ки накард, зулми золима бигӯ.
Ин дашти дароз ов надора чӣ кунум?
Ду чашми тарум хов надора чӣ кунум?
Ду чашми тарум роҳи тура менигара.
То омаданут ҷавр ай сарум мегузара.
Кӯлоб ғарибу мулки Кӯлоб ғариб,
Бемор шудем, ба сар надорем табиб.
Ку модару додар, биёранд табиб?
Бегуна чӣ дуна, ки дар куҷо мурд ғариб?
Эй очаи ҷун ховӣ ё бедорӣ?
Нолишои духтарта гӯш медорӣ?
Нолиш мекунум ба дасти золим ҳастум.
Ай модари ширинум ҷудо гардидум.
Мун мемуруму муна гӯрон дар Лангар,
Гӯ, бар сари хоки мун биёя модар.
Модар чӣ куна ҳилаву дармони муна,
Кирмон мехура ду чашми бодоми муна.
Дар мулки Бадахшон гулум занҷирай,
Модарра бигӯ, ки духтарут дилгирай,
Дилгирийи мо тамоми олам дона,
Аммо чӣ кунум, ки роҳи калон раҳгирай.
Шинум-шинум дилум хафидан гираде,
Хун ай дилу зори ман чакидан гираде.
Ҳар қатрайи хуне, ки чакад аз дили ман,
Резад ба замин, лола дамидан гираде.
Очам таги кӯҳу ман таги кӯҳпора,
Ай дарду ғама дилум шудай сад пора,
Он очаи раҳдурама пешам бебиёр,
Ай дарди ҷудоӣ дилакум садпора.
Падарону модарони нодони дар таъсири дин монда ҳам ба духтарони худ раҳму шафқат надоштанд, бар зидди раъй ва хоҳиши духтаронашон кор карда, барои мол, барои пул шуда, зӯран духтарони худро ба тавонгарони куҳансол медоданд. Духтарон бошанд ҳеҷ як лаззати ҳаётро надида, умри худро ба дари бой бо канизӣ хазон менамуданд. Аз даҳани шавҳари ҳамчун гурги куҳансоли худ ягон ҳарфи хуш нашунида мерафтанд. Онҳо ба ҷавонони дилдодаи худ расида наметавонистанд, фақат «гуноҳи» он ҷавонон он буд, ки барои қалин пул ва барои тӯёна мол надоштанд.
Офтоб бизад дар таги долонум,
Коре кардай падари нодонум.
Он ҷой, ки дилум буд барқасд кардай,
Он ҷой, ки дилум набуд сарбаст кардай.
Ду апаву хоҳар раъно буден,
Аз шаҳраки Душанбе боло буден.
Аз зулми падар, ки бемор шуден,
Дар зулми дигарон гирифтор шуден.
Дар натиҷаи ин, ҷавонони камбағал ҳам аз дасти нодорӣ шикоят мекарданд, ба қонунҳои дину шариат, ки духтаронро дар чодари сиёҳ печонида буд, нафрат менамуданд. Ва аз нодонӣ гумон мекарданд, ки гӯё «Худо онҳоро аз рӯзи азал камбағал карда бошад».
Олло, ту маро ду чашми пурнам додӣ,
Аз рӯзи азал ризқи маро кам додӣ.
Ризқи ҳамаро шодию хуррам додӣ,
Ризқи мани носударо бо ғам додӣ.
Сари сарчашма рафтум мун ба вахте.
Ба оби дида биншондам дарахте,
Шамол омад, дарахтум решакан шуд,
Мани мискин надорум ҳеҷ бахте.
Эй куртасафед, сафед мапӯшӣ чӣ шавад?
Моро ба сари зулф насӯзӣ чӣ шавад?
Мо раҳгузарем, ба роҳи худ мегузарем.
Аз роҳгузарон рӯта напӯшӣ чӣ шавад?
Револютсияи Кабири Октабр дар баробари сарнагун кардани сохти феодалӣ, занон ва духтарони мазлумро озод кард. Пардаҳои асоратро аз сари онҳо гирифта ҳаво дод, занҷирҳои ғуломиро пора намуд, ба онҳо ҳуқуқи истироҳат дод. Зану духтар ба манфиатҳои шахсии худ имрӯз соҳиб аст, ба ҳар касе, ки дилаш хоҳад, озодона расидан мегирад, ҳаёти худро чӣ тавре ки дилаш мехоҳад, нағз кардан мегирад. Зану духтарони хушбахти тоҷик рухсораи худро бо нурҳои офтоби сталинӣ пурнур карда, дар мактабҳо мехонанд, дар идораҳои давлатӣ, дар колхозҳо, совхозҳо ва фабрикҳо кор мекунанд. Гавҳар Шарипова, Мастура Авезова барин духтарони некбахти халқи тоҷик аъзои Совети Олии СССР шуданд. Аз занон тракторчӣ, инженер, лиётчик, муаллима ва ғайраҳо дорем.
Дар фолклори револютсионийи тоҷик ин ҳаёти хушбахтонаи занону духтарони мо акнун ин гуна акс ёфта истодааст.
Бар кӯчаи он ҷонона ҳайрон мондум,
Аз боиси хотири ту фаранҷия партофтум.
Эй ҷононаи мо аз мо наранҷед асло,
Андар хати загси шумо ман даст мондум.
Озодӣ баромадан ба ту дилшодӣ,
Давлати калона ту аз Шӯро ёбӣ.
Дар мактаби Шӯро хондан лозим шуд,
Бохатту савод шуда ҳаёт меёбӣ.
Аз сӯхтанам куҷо равам кофтани ту,
Монанди электрик сӯхтам бари ту.
Аз хона баромадум салом дод ёрум,
Рӯмоли масковира бастай дилдорум.
Рафтам дари матлубот мунтазири ёр шудам,
Савдозадайи ду чашми хуммор шудам.
Ҳарчанд нигоҳе кардам, нигоҳам накард,
Рафтам ба баҳонаи чой харидор шудам.
Дар охир шоири бузурги халқи тоҷик Қосим (Абулқосим – Р.Р.) Лоҳутӣ занону духтарони озоди саодатманди моро ин тавр тасвир намудааст:
Куртаи шоҳӣ ба бараш,
Телпаки зардӯз ба сараш.
Саркори колхоз шавҳараш.
Рафта ба мактаб писараш,
Ой, гули имрӯза бубин!
Гули имрӯза бубин,
Бандайи дирӯза бубин!
Мӯйи сияҳ даври сараш,
Доман зада бар камараш.
Як кӯҳи пахта ба бараш,
Мошин харида падараш,
Ой, ҳечи дирӯза бубин!
Ҳечи дирӯза бубин,
Ҳар чизи имрӯза бубин!
Сардори зовуд хоҳараш,
Рафта ба Маскав духтараш,
Рафта ба пеши раҳбараш,
Дасти Сталин ба сараш,
Ой, хоки дирӯза бубин!
Хоки дирӯза бубин
Афлоки имрӯза бубин!
Ба ҳамин тариқ, мазлумаҳои дирӯза имрӯз дар фазойи кушоди мамлакати озоди худ осуда ва фориғбол нафас мекашанд ва зиндагонии хушбахтона доранд».
М.Т. (Мирзо Турсунзода)
«Шарқи сурх», 1938, №3, саҳ. 6.
Таҳия ва аз лотинӣ баргардони
Равшан РАҲМОНӢ
ДАР АКС: Устод Мирзо Турсунзода бо шоираи маъруфи тоҷик Гулрухсор Сафӣ. Акс аз бойгонӣ