Наврӯз Ҷаъфаров: Маълумотномаи COVID-19, ки дар дохили ҷумҳурӣ истифода мешавад, пурра ройгон аст
ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Озмоиши COVID-19 дар муассисаҳои давлатии тиббии Тоҷикистон барои сокинон ройгон анҷом дода мешавад. Ин нуктаро Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба АМИТ «Ховар» баён дошт.
Ба зикри мавсуф, маълумотномаҳое, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тиббӣ барои даромадан ба муассисаҳои ислоҳӣ ва ё кор дода мешаванд, аз маълумотномаи сафар ба хориҷи мамлакат фарқ мекунанд.
«Маълумотномае, ки барои сафар кардан дода мешавад, рангаш сурх буда, маблағи он 120 сомониро ташкил медиҳад. Маълумотномае, ки дар дохили ҷумҳурӣ истифода мешавад, пурра ройгон мебошад»,- мегӯяд Наврӯз Ҷаъфаров.
Ҳарчанд ки аз охирҳои моҳи декабри соли 2020 то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, вале бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус дар тамоми муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон мулоқотҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат бо маҳбусон танҳо дар асоси пешниҳоди маълумотнома иҷозат дода мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






