РУШДИ УСТУВОРИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН. Мулоҳизаҳои доктори илмҳои сиёсӣ Қиёмиддин Миралиён дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонон

Май 30, 2021 10:04

ДУШАНБЕ, 30.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Мулоқоти пайдарпайии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷавонони мамлакат худ ба худ як навъ модели рушди сиёсати ҷавононро на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои дигар кишварҳо низ ташкил медиҳад. Мулоқоти навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷавонони мамлакатро, ки 21 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе доир гардид, бо чанд омили махсуси дорои аҳамият ва саривақтӣ арзёбӣ кардан мумкин аст. Чунин нигоштааст коршинос, доктори илмҳои сиёсӣ   Қиёмиддин МИРАЛИЁН дар як матлаби худ, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.

Дар зер матни пурраи ин нигошта манзури хонандагон мегардад.

Омили якум, натиҷагирӣ ва ё арзёбии ҷараёни татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар давраи 30 соли Истиқлоли давлатӣ. Сиёсати давлатии ҷавонон ҳамқадами Истиқлоли давлатӣ буда, Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ташаккул ҷавононро ҳамчун гурӯҳи афзалиятноки иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгирӣ қарор додааст.

Дуюм, баррасии натиҷанокии тадбирҳои андешидашуда байни мулоқотҳои васеъ бо ҷавонон. Охирин маротиба чунин мулоқоти васеъҷанба бо ҷавонон 23 майи соли 2013 доир гардида буд, ки мувофиқан гурӯҳи дастурҳо барои баррасӣ ва иҷро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар субъектҳои дахлдор пешниҳод гардида буданд.

Сеюм, маълумотнок сохтани насли наврасу ҷавон ва таъкид намудани аҳли ҷомеа оид ба аҳамияти ин неруи инсонӣ (ҷавонон) барои давлати тозабунёди Тоҷикистон ва зарурати татбиқи сиёсати ҷавонон ҳамчун воситаи устувори рушди ҷомеа.

Чорум, ҷалби ҷавонон барои фаъолнокӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ташаббусҳои пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва ҳамқадамӣ ба шароити ҷомеаи муосир, ҳамчунин ташкили шароити мусоид ҷиҳати ҳамгироии илму амал дар ҳошияи рушди сиёсати ҷавонон.

Панҷум, расидан ба ҳадафи олӣ — баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030.

Дар робита ба ин, рушди сармояи инсонӣ, ки ҷойи аввалро ишғол менамояд, ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Ҷавонон, ки аксарияти аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд, қисми асосӣ ва муътамади (пойдори) сармояи инсонӣ ба ҳисоб мераванд. Зимнан, рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон ба рушди сармояи инсонӣ боис гардида, бо ин васила ба рушди устувори иқтисодӣ саҳми босазо метавонад гузорад. Бояд зикр намуд, ки маводи мазкур маҳз бо дарназардошти омилҳои болозикр «Рушди устувори сиёсати ҷавонон» ном гирифтааст. Албатта, тафовути байни мафҳуми «рушд» ва «рушди устувор» ҷой дорад. Амалу муносибатҳое, ки рушди онҳо ба нақша гирифта мешаванд, онҳо таназзул (поёнравӣ, коҳиш) низ дошта метавонанд, аммо амалу муносибатҳое, ки бо дарназардошти таъмини рушди устувор пешбинӣ шудаанд, танназул дошта наметавонанд, ба истиснои ҳолатҳои фавқулода, ки аз инсон вобастагӣ надоранд. Яъне, рушди устувор инкишофи муътадил, доимоафзоишёбанда ва таҳкимёбандаро фаро мегирад. Аз ин лиҳоз, банақшагирии ҳадафҳо бо нишондиҳандаи «рушди устувор» заҳмати зиёд, ба монанди таҳлили амиқ, асосноккунии илмӣ, корҳои озмоишӣ, банақшагирии стратегӣ, баҳогузории иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Чунончи, зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон паҳлуҳои мухталиф ва аҳамиятноки сиёсати ҷавононро баррасӣ намуда, амалӣ гардонидани маҷмӯи тадбирҳоро ба субъектҳои дахлдор вазифагузорӣ карданд. Ҳар масъалае, ки Пешвои миллат таҳлил намуданд, барномаи занҷирмонандеро ифода менамояд, ки татбиқи саривақтии онҳо рушди муътадили соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон ва умуман ҳамаи соҳаҳои идоракунии иҷтимоию иқтисодиро таъмин менамояд.

Сарвари давлат дар ибтидои суханронӣ иброз менамоянд, ки «… (соҳаи) кор бо ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон гардида буд».  Зимни шиносоӣ бо таърихи ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон, дар воқеъ, зери таваҷҷуҳи хосса қарор доштани ҷавонон ба таври возеҳ аён мегардад. Мисол, ҳамагӣ дар 70-ум рӯзи сарварӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон вохӯрӣ менамоянд ва масъалаҳои мубрами рӯзро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ё ин ки 13 марти соли 1992, пас аз 6 моҳи Истиқлоли давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул мегардад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳнокӣ боиси он гардид, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ дар самти татбиқи сиёсати ҷавонон пешқадам гардад ва дар ин росто лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногунҷанба таҳия ва амалӣ карда шаванд.

«Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем», – иброз менамоянд Пешвои миллат. Шахси ҷавон, ки дорои неруи зиёди зеҳнӣ (ва ҳам ҷисмонӣ) мебошад, қобилияти зуд аз худ кардани талаботи ҷорӣ ва мутобиқ шудан ба шароити пуртазоди ҷомеаи муосирро дорад. Илова бар ин, барои кишвари мо, ки захира ва ё сарвати асосии он неруи инсонӣ мебошад, мавриди афзалият додан ба насли ҷавон, тарбия ва таълими комили ин насл ба таври худкор ба самти рушд меравад.

Аз ин лиҳоз, дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҷавонон мавқеи хосса дошта, ҳамеша дар саргаҳи муносибатҳои идоракунӣ қарор доранд, ки ин ба ибтикороти зиёди баҳри дастгирии ҷавонон пиёдагардида замина меёбад. Президенти кишвар вобаста ба сатҳи маърифатнокии ҷавонон чунин иброз менамоянд: «Бояд гуфт, ки дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.

Мо бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис додем». Дар ҳақиқат Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали сарварӣ аз насли ҷавон омӯхтани илму донишро тақозо менамоянд. Имрӯз низ баръало маълум аст, ки  пешрафту тараққиёт дар ҳамон кишварҳое ҳукмфармост, ки иқтидори зеҳнии ҷамъияташон устувор аст, наврасон ва ҷавонон бештар ба омӯхтани илму техника мароқ доранд ва мавзӯи рақобати онҳо навовариҳои техникӣ ва эҷоди илму адаб аст.

Ба сифати вазифаи муҳими давлат арзёбӣ намудани масъала оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо ба он асос меёбад, ки имрӯз субъектҳои дахлдорро, аз ҷумла сохторҳои кор бо ҷавонон ва соҳаи илму пажуҳишро мебояд самти фаъолиятро дар робита ба такмили зеҳн ва ё тафаккури наврасону ҷавонон тағйир диҳанд, ба талаботи ҷомеаи муосир ва пеш аз ҳама, ба иқтидори зеҳнии худи ҷавонон мутобиқ гардонанд. Дар ин ҷо, сабабҳое чанд, албатта, мавҷуданд, мисол: норасоии маблағ. Зимнан, аз таҷрибаи соҳаи роҳсозӣ ва энергетика, ҳамчунин фаъолияти бонкӣ (бахши хусусӣ) метавон хулоса намуд, ки — чи тавре Пешвои миллат иброз менамоянд, агар завқу хоҳиш бошад, пас метавон лоиҳаҳои хуби сармоягузорӣ ва ё грантӣ таҳия намуда, ба ин самти фаъолият, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму техника маблағҳои зиёди дохилию хориҷӣ ҷамъоварӣ ва амалӣ намуд.

Мисоли равшан дар ин самт: шаҳраки «Иннополис»-и ш.Қазони Тотористон аст, ки ба омодасозии кадрҳои ҷавон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ машғул аст; дар ин шаҳрак кӯдакон аз синни се ба таълим фаро гирифта шуда, дар ҳамин ҷо ба Донишгоҳи Иннополис дохил шуда, пас аз хатм дарҳол ба ташкилоти шарики (сармоягузорони) Иннополис (Сбербанки ФР, Тинкофф, Яндекс, МТС, Алоқа ва ғ.) ба кор қабул мегарданд. Яъне, манбаи маблағгузории фаъолияти ин шаҳраки инноватсионӣ ҳамон ташкилоте мебошанд, ки барои фаъолияти оянда ва устувори (истеҳсолии) худ омодасозии кадрҳои ҷавони болаёқатро фармоиш медиҳанд. Чунин мисолҳоро аз таҷрибаи Беларус, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Чин низ овардан мумкин аст, ки даҳсолаҳо боз самти омодасозии кадрҳои ҷавони болаёқатро такмил дода, дар асоси сифат ва устуворӣ, муосир ва чандир фаъолият намуда, дар ин росто садҳо барномаҳо, технопаркҳо ва шаҳракҳои инноватсионӣ ташкил кардаанд. Асоси маблағгузориро  дар ин самти фаъолият фармоишгар ва ё сармояи ташкилоту корхонаҳои манфиатдор, ниёзманд ба мутахассис ташкил медиҳанд. Аз инҷо хулоса бармеояд, ки самти омодасозии кадриро дигар карда, мебояд принсипи «аз сифат ба миқдор»-ро пеша намуд. Яъне, ҳоло чун анъана мутахассис дар асоси омӯзиши талаботи бозори меҳнат омода карда мешавад, аммо зарур аст, ки он, иловатан (асосан) дар асоси фармоиши кордиҳандаи оянда (ташкилоту муассисаҳои ба мутахассис эҳтиёҷдошта) омода карда шавад.

Дигар масъалае, ки Пешвои миллат иброз намуданд, ин ҳавасмандгардонии ҷавонон барои фаъолнокӣ дар омӯхтани илму дониш тавассути стипендияҳои президентӣ ва квотаҳо мебошад. Дар робита ба ин зарур аст, ки дар пайравӣ ба ибтикороти Президенти мамлакат стипендияҳои номӣ, унвонӣ ва махсус таъсис дода шаванд, то ин ки шумори зиёди ҷавонон ба омӯхтани илму дониш талош варзанд. Зимнан, зарур аст, ки низоми ташкили озмун барои дарёфти стипендияҳои мазкур бо дарназардошти технологияҳои иттилоотӣ, ба монанди Маркази миллии тестӣ, муносиб ва дастрас, ҳамчунин барои синни аз 9 боло амалӣ карда шавад. Яъне, бидуни таъсири субъективӣ ва бо таъмини адолатнокӣ; бигузор шахси ҷавони лаёқатманд мустақилона ба ин намуди ҳавасмандгардонӣ дастёб гарданд. Ҳамзамон ин механизм имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон ба омӯзишу истифодаи технологияҳои иттилоотӣ бештар машғул гарданд, ки ба мақсад мувофиқ мебошад.  Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат дастур медиҳанд, ки «мо бояд минбаъд низ тавассути стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ, бурсияҳо ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем ва барои иқтисоди миллии худ кадрҳои дорои сатҳи баланди касбият ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ омода намоем».

Ин механизми дигаре мебошад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ барои омодасозии кадрҳои болаёқати сатҳи байналмилалӣ истифода мегардад. Аммо ибтикороти Пешвои миллат, ки он ба сифати барномаи махсус — стипендияи «Дурахшандагон» пиёда гардидааст, шоини таҳсин ва таҳким аст.

Зарур аст, ки ин барномаи ҳавасмандгардонӣ бо назардошти шароити муосири бозори меҳнат таҳким бахшида шавад. Аз ҷумла, дар пайравӣ ба ин барнома:

  • лоиҳаҳои соҳавии бахши хусусӣ — ба мисоли корхонаҳои азим ҷиҳати омодасозии кадрҳои болаёқат дар хориҷи кишвар (дар давлатҳои дорои таҷрибаи пешрафтаи амалӣ) ба амал бароварда шаванд;
  • тарзу услуби интихоби довталабон вобаста ба талаботи воқеии бозори меҳнат такмил дода шавад;
  • ҷараёни таҳсили барандаи стипендия мунтазам мониторинг ва натиҷагирӣ карда шавад;
  • тамоси доимӣ ва мушоҳидавии соҳаҳои дахлдор / фармоишгарон бо барандаи стипендия таъмин карда шавад;
  • дар ҷараёни таҳсил барандаи стипендия ба корҳои истеҳсолӣ (ҳамчун озмоиш) ҷалб ва имтиҳон карда шавад.

«Бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав бо шароити муосир ва ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ самараи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, ба хонандагон ҷиҳати аз худ намудани илмҳои пешрафта ва технологияҳои навин мусоидат менамояд» – иброз менамоянд Президенти мамлакат дар ҷойи дигари суханронии худ.

Тавре дар боло, дар бораи яке аз намудҳои муассисаҳои маҷмӯии таълимӣ – Иннополис  – зикр намудем, имрӯз дар воқеъ, ҷомеаи муосир зуд-зуд такмил додани низоми институтсионалии таҳсилотро тақозо мекунад. Аз ҷумла, муассисаҳои таълимии шакли фаъолияташон хусусӣ дар сатҳи ҷаҳон бештар маъруфият дошта, ҳамасола шумораи зиёди таълимгирандагонро ҷалб менамоянд ва аз лиҳози иқтисодӣ (арзиши таҳсил дар онҳо) дар таносуб ба муассисаҳои таълимии буҷетӣ гаронтар мебошанд. Яъне, имрӯз фард аллакай эҳсос менамояд, ки иқтидори зеҳнӣ ва ё касбияти шахс арзиши гарон дорад; барои аз худ кардани дониши муосир, рақобатпазир ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ хароҷоти маблағи муайян зарур мегардад. Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки низоми анъанавии таҳсил (ки аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мегардад) оҳиста-оҳиста мавқеи худро тағйир дода, ҳамчун зарурат ва ё дастгирии қишрҳои ниёзманд ва камбизоат ҷой гирифта истодааст. Дар ин ҷо сабаб ва ё мушкилот дар кам будани маблағгузории буҷетӣ намебошад, асоси масъаларо талаботи бозаргонии таҳсил ташкил медиҳад. Яъне, ҳар шаҳрванде, агар хоҳиши бо таҳсили салоҳиятнок ва гуногунҷанба фаро гирифтани фарзанди худро бо харҷи маблағи муайян дошта бошад, пас давлат монеи ӯ намегардад, баръакс дастгирӣ менамояд, зеро сарбории буҷет сабук мешавад ва иқтидори зеҳнии ҷомеа устувор. Аз тарафи дигар, агар шаҳраванд имконияти дар муассисаҳои таълимии типи нав бо таҳсил фаро гирифтани фарзанди худро (бо харҷи маблағ) надошта бошад, пас давлат имконият фароҳам меорад, ки фарзанди ӯ таҳсилоти заминавиро (заруриро) дар асоси стандарти давлатӣ, аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз худ намояд.

Боиси зикр аст, ки  дар мактабҳои хусусӣ (бештар, дар таҷрибаи кишварҳои пешрафта) барномаи таълимӣ ҳамчун сиёсати ҷалбсозӣ гуногунҷанба мебошад, яке дар равияи иқтисодӣ барномаи таълимӣ дошта, дигаре дар равияи электронӣ (технологияҳои иттилоотӣ), савумин дар равияи сиёсӣ, дигар дар равияи фанҳои дақиқ ва ғайра. Маҳз ҳамин гуногунрангӣ асосҳои рақобатпазириро ба миён оварда, ба шахс имконияти васеи интихоб медиҳад, яъне дар ҳошияи хоҳишмандӣ, қобилиятнокӣ, завқмандӣ ва манфиатнокии довталаб шароит фароҳам меорад. Ҳамин тариқ, зарур аст, ки таъсиси муассисаҳои таълимии хусусӣ ҳамаҷониба дастгирӣ карда шуда, хоҳишмандон (соҳибкорон) дар ин самт ҳавасманд гардонида шаванд. Барномаҳои таълимии онҳо бо дарназардошти нишондиҳандаҳои асосии стандартҳои давлатӣ мутаносибан озод, рақобатпазир (дар асоси талаботи бозори меҳнат) ва салҳиятнокии таълимгирнада (довталаб) тартиб дода шаванд. Пешниҳод мегардад, ки мактабҳои равияашон «математика», «сиёсатшиносӣ», «информатика», «биология», «иқтисодиёт» ва ғайра ташкил ёфта, мутахассисонро ҳанӯз аз давраи кӯдакӣ / навҷавонӣ бо тамоюли муайяни касбӣ омода намоянд.

Дар идомаи ҳамин масъала Пешвои миллат иброз менамоянд, ки «яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат дар соҳаи маориф дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқат мебошад». Татбиқи ин ҳидоят дар мисоли чанде аз тадбирҳо (мактабҳои президентӣ, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва ғ.) амалӣ шуда истодаанд. Дар тақвияти ин ҳидоят ва дар доираи Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 фарогирии шумораи зиёди лаёқатмандон лозим мегардад. Пешниҳод дорем, ки роҳнамои (барномаи) махсусе амалӣ карда шавад, ки шахси болаёқатро ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ (мисол, аз муассисаҳои томактабӣ) муайян (дарёфт) ва ҷудо карда, бо ӯ алоҳида (мисол, «гурӯҳи кӯдакони болаёқат») корҳои тарбиявию таълимиро амалӣ намуда, то ба давраи таҳсили мактабӣ расонид; инро метавон зинаи якум номид. Дар зинаи дуюм, таҳсили ибтидоӣ, ташкил намудани гурӯҳи «хонандагони болаёқат» бо назардошти кӯдакони лаёқатманд (аз/дар муассисаҳои томактабӣ дарёфтгардида), зимнан таълим додани онҳо дар доираи барномаҳои махсуси таълимӣ ба мақсад мувофиқ аст. Ҳамин тариқ, ҳамин низомро дар зинаҳои сеюм-таҳсили миёнаи умумӣ ва чорум-таҳсили касбӣ метавон идома дода, гурӯҳи мутахассисони ҷавони болаёқатро омода намуд.

Албатта, механизми мазкур таваҷҷуҳи махсус, маҷмӯи чораҳои иловагӣ ва як миқдор маблағ низ талаб менамояд, аммо дар таносуб ба он ки ин барнома ба бозори меҳнат мутахассисони лаёқатманд, соҳиби илму дониши замонавӣ, салоҳиятнок, навовар ва рақобатпазир мебарорад, ҳамаи ин талошҳо ба маротиб пӯшонида (ҷуброн) мешаванд.

Зимнан, дигар механизмҳои омодасозии мутахассисони ҷавони лаёқатмандро низ баррасӣ кардан мумкин аст, ба мисоли «Иннополис», аммо дар шароити имрӯза ва бо назардошти иқтидори амалии соҳа ин механизм мутаносибан дастрас ва каммасраф арзёбӣ мегардад. «Ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам хубтари таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат, соҳибкорон ва аҳолӣ бунёди садҳо муассисаи таълимӣ босуръат идома дорад»,- зикр менамоянд Президенти мамлакат. Дар ҳақиқат шумораи аҳолӣ дар мамлакат ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад ва зарур аст, ки шумораи муассисаҳои таълимӣ низ мувофиқ ба талаботи нуфузи аҳолӣ зиёд (сохтмон) карда шавад.

Дар ин росто, бо талошҳои доимии Пешвои миллат лоиҳаҳои гуногуни дохилию байналмилалӣ амалӣ шуда, ҳамасола теъдоди зиёди мактабҳо сохта шуда истодаанд, аммо дар таносуб ба талаботи ҷорӣ боз ҳам зиёд кардани сохтмонҳо тақозо мегардад. Дар ин самт бо ҷалби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва соҳибкорону саховатмандон низ синфхонаҳои иловагӣ тариқи ҳашар сохта шуда истодаанд, ки қобили дастгирист. Иловатан зарур аст, ки дар ин самти сохтмонҳои иҷтимоӣ механизмҳои муосири ҳавасмандгардонӣ бештар татбиқ карда шаванд. Мисол, барои ҳавасмандгардонии таъсиси муассисаи таълимии хусусӣ озод кардани корҳои сохтмонии ин муассиса аз андозҳои алоқаманд, ё инки муқаррар намудани қарзи имтиёзноки ипотекӣ (дарозмуҳлат) барои бахши хусусӣ ҷиҳати сохтмони муассисаҳои таълимии хусусӣ / соҳавӣ.

Президенти мамлакат аз натиҷаи хуби озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз карданд, ки «мо аз онҳо (олимон) дар пешрафти илм, фарҳанг ва ҳунар бозёфтҳои тоза интизорем, зеро ҷавонони тоҷик ворисони мероси бузурги илмиву адабӣ ва фарҳангии ниёгони некноме мебошанд, ки назираш дар ҷаҳон кам аст. Мо аз ҷавонони кишвар умеди калон дорем, ки вақтро ғанимат шуморида, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани техникаву технологияҳои навтаринро вазифа ва мақсаду мароми ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд».

Дарвоқеъ, озмунҳои мазкур аз ташаббусҳои заминасози пояндаи Пешвои миллат мебошанд, ки ҳазорҳо нафарро барои сайқали маҳорату лаёқат ва омӯзиши илму дониш ҷалб намудаанд. Зарур шуморида мешавад, ки бо истифода аз ин имконият олимону муҳаққиқони соҳаҳои дахлдор ба таълифи бештари корҳои илмию адабӣ машғул гардида, маводи алоқамандро таҳия ва интишор карда, дастраси хонанда (донишҷӯ) гардонанд. Ҳамчунин амалӣ намудани озмунҳои соҳавии ҳаммонанд баҳри дастгирӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ/меҳнатӣ ва ҳавасмандгардонии кормандон ба мақсад мувофиқ мебошад. Зеро дар илми идоракунӣ ҳавасмандгардонии маънавӣ дар таносуб ба ҳавасмандгардонии моддӣ (пулӣ) афзалиятнок ва ё арзишманд (гаронтар) арзёбӣ гардидааст; ҳатто, муайян шудааст, ки он метавонад боиси ба маротиб бештар намудани (афзоиш додани) ҳиссаи даромаднокии ташкилот гардад.

Вобаста ба сатҳи маърифатнокии ҷавонон Президенти кишвар иброз менамоянд, ки «… яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ маҳз бесаводист. Зуҳуроти номатлуб ва хатарноки зикршуда тафаккури мардум, хусусан, наврасону ҷавонони камтаҷрибаро заҳролуд карда, онҳоро ба ҷаҳолат мебаранд, зиндагии ҷомеаро тираву торик месозанд ва боиси қафомонии давлат аз роҳи пешрафт мегарданд». Воқеан ҳам, таҳлилу баррасии рӯйдодҳои даҳсолаи охир гувоҳи он мебошад, ки ҳар хисороту мусибате ба сари инсоният меояд, аз камбудиҳои худи инсон, аз ҷумла надоштани дониш ва ё кам доштани хату савод мебошад.  Таърихи дин низ собит месозад, ки ихтиёр кардани роҳи бад дар ҳаёт ва ё гумроҳӣ, хурофотпарастию ифротгароӣ маҳз аз сабаби надоштани саводи кофӣ ва суиистифода гардидан аз ҷониби «гумроҳон»-и дигар (гурӯҳҳои ифротию террористӣ) ба миён меояд. Дар робита ба ин, ҳодисаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми мамлакат, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, нооромиҳои беш аз 40-солаи Афғонистон, пошхӯрии чанде аз давлатҳои араб ва нобасомониҳои шумораи зиёди кишварҳои мусулмоннишин бинобар надоштани саводи казоии динию дунявӣ ва гумроҳии қисми муайяни шаҳрвандони ҳамин кишварҳо ба амал омадааст. Нигаронкунанда он аст, ин омили номатлуб – суиистифода шудани дини Ислом дар гурӯҳи зиёди кишварҳои зикргардида ҳоло ҳам идома дошта, сатҳи камсаводӣ боз ҳам поён рафта истодааст.

Ташаббуси тарҷумаи тоҷикии Қуръони Карим аз ҷониби Пешвои миллат маҳз бо ҳамин мақсад арзёбӣ мегардад — баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии (дониши) воқеии динии шаҳрвандон, аз ҷумла ходимони дин, ки пешдарои намозгузорон (сокинон) ҳастанд.  Аз ин лиҳоз, зарур мебошад, ки бахши идеологӣ бо донишҳои идеологияи сиёсӣ ва маънавиёти комили динӣ мусаллаҳ гардида, байни насли ҷавони кишвар мунтазам чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ намояд. Дар ин росто, ходимони диниро мебояд бо омӯзишу таҳлил ва истифода аз тарҷумаи тоҷикии Қуръони Карим бегона ва гуноҳ будани хурофот, ифротгароӣ ва радикализми диниро байни омма фаҳмонанд, волидонро бобати тарбияи дурусти фарзандон талқин намоянд, наврасону ҷавононро аз гумроҳӣ ва шомилшавӣ ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар (муҳоҷирати меҳнатӣ) эмин нигоҳ доранд. Мебояд корҳои фаҳмондадиҳиро бо волидон зиёд намуда, зарар ва хатарнокии камсаводӣ ва истифода шудан аз ҷониби ифротгароёнро ба фарзандони дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда расонанд. Дар робита ба ин, тақозо намудани татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва барномаҳои дигари тарбияи ватандӯстию худшиносии миллӣ аз ҷониби субъектҳои идеологӣ, аз ҷумла сохторҳои ҲХДТ, кор бо ҷавонон, занон ва оила, дин ва робитаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин кумитаҳои маҳаллаву деҳот ба мақсад мувофиқ аст.

«Вазифаи волидайн фақат ба дунё овардани фарзанд нест, балки тарбия ва фароҳам намудани шароит барои таълим ва рушди фарзанд аст»,-иброз менамоянд Пешвои миллат. Дар мамлакат имрӯз, тибқи таҳлилҳои оморӣ, ба ҳар оила ба ҳисоби миёна 6 нафар аъзо рост меояд, яъне дар оила 4 фарзанд тарбия меёбад. Ба ҳисоби миёна сатҳи (коэффитсисенти) таваллуд дар ҳар оила дар Тоҷикистон ба 3,6 нафар мерасад, ки ин дар таносуб ба ИМА-1,9 наф., Чин -1,9 наф., Амороти муттаҳидаи араб-2,2 наф. ва кишварҳои Аврупо-2,1 нафар зиёд мебошад. Аз инҷо бармеояд, ки дар аксари кишварҳои пешрафта сатҳи таваллуд паст аст; албатта, ин сабаби асосии пешравӣ нест, аммо омили ба он оварда расонанда асос ба ҳисоб меравад. Зимнан, барои тарбия ва таълими комили фарзанд ва ё рақобатпазир гардонидани (тарбияи) ӯ дар бозори меҳнат зарур аст, ки вақт (таваҷҷуҳ, аҳамият) ва маблағи зиёд сарф карда шавад; агар маблағ кам бошад ва ҷудо кардани вақти зиёд барои тарбияи фарзанд имконнопазир бошад, пас, ягона роҳ танзими таваллуд мебошад. Яъне, мавзӯи асосӣ- ин тарбияи комили фарзанд аст, ки дар натиҷа институти устувори оиларо фароҳам оварда, ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа боис мегардад.  Ҳамин тариқ, волидонро мебояд ба тарбияи комили фарзанд на пас аз таваллуд, балки ҳанӯз аз давраи банақшагирии он шурӯъ намоянд, албатта, зарур аст, ки дар ин ҷараён имконоти ояндаи иқтисодии оила низ ба назар гирифта шавад.

Дар идома, вобаста ба афзоиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон Президенти мамлкат чунин иброз менамоянд: «Вазифаи давлат на ҷазо додани одамон, балки фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбия, касбу ҳунаромӯзӣ ва зиндагиву фаъолияти орому осудаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Лекин падару модарон низ дар баробари давлат ва ҳатто бештар аз давлат барои таълиму тарбияи фарзандони худ бояд масъулияти баланд дошта бошанд».  Ин маънои онро дорад, ки имрӯз ба тарбияи нодуруст ва зиёдшавии ҳолатҳои ҷинояткории ҷавонон, пеш аз ҳама, волидон масъул ва ҷавобгар мебошанд. Дар шароити ҷомеаи демократӣ вазифаи давлат фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ мебошад, ки дар ин самт пешравиҳо хеле зиёд низ, мебошанд, аммо масъалаҳои оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва бо касбу ихтисосҳои муосир (ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат) фаро гирифтани (омӯзонидани) ҷавонон масъулияти бевоситаи шаҳрвандон аст.

Масъалаи хонадоркунии ҷавонон низ, бояд ба танзим дароварда шавад; одати кӯҳнашудаи дар синни бармаҳал (18-20 солагӣ) хонадор кардани фарзанд бояд аз байн бурда шавад. Зеро дар шароити серфарзандӣ ин одати қолабӣ маҷмӯи мушкилоти сарбастаро ба бор овардааст. Бо нияти хушҳол гардонидани аъзои оила ва (гӯё) «иҷро кардани қарзи падарӣ/модарӣ» – бармаҳал хонадор кардани фарзандон, оқибат талаботи ташкили оилаи нав, зимнан сохтмони манзили истиқоматӣ, то як муддат (ба ҳисоби миёна 4-5 сол) нигоҳубин кардани ин оилаи нав (дар манзили волидон) ва ғайра ташвишу хароҷоти зиёд ба бор меорад. Дар натиҷа, яъне ба бор омадани ташвишҳо, ҳолатҳои ногувор, ба монанди муноқишаҳои дохилиоилавӣ, бемориҳо, ҷудошавӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, зӯроварӣ ва ғайра ба миён меоянд. Аз ин лиҳоз, роҳи ҳалли масъала- ин бартараф сохтани одатҳои кӯҳнашудаи хонадоркунӣ ва банақшагирии дурусти оила ба ҳисоб меравад, ки дар он нақши волидон хеле таъсиррасон мебошад.

«Барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар соли 2015 дар назди Президенти Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд», – иброз менамоянд Пешвои миллат ва  ҳамчунин таъкид менамоянд, ки «Шӯрои мазкур, ки дар назди раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ амал мекунад, ҳамчун  майдони муҳими баррасии масъала ва мушкилоти соҳаи ҷавонон, дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ва дастгирии ташаббусҳои созандаи ҷавонон васеъ истифода карда мешавад. Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки мо ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо тамоми имкониятро фароҳам месозем».  Дар воқеъ ниҳоди мазкур дар шароити кишварҳои ИДМ ҳамто надошта, метавонад барои ҳалли маҷмӯи проблемаҳои ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон бо иштироки бевоситаи (худи) ҷавонон ва ҳамдастии (саҳмгузории) фаъоли субъектҳои қарорқабулкунанда мусоидат намояд. Дар робита ба ин, зарур аст, ки ба ду масъалаи хоси идоракунӣ таваҷҷуҳ дошта бошем.

Якум, мунтазам баргузор намудани ҷаласаҳои Шӯро, аз ҷумла шӯроҳои назди расиони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо реҷаи «аз поён ба боло», яъне аввал ҷаласаи шӯрои ноҳиявӣ/шаҳрӣ баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба сатҳи вилоят ҷудо ва ба шӯрои вилоятӣ пешниҳод карда шаванд, зимнан ҷалсаи шӯрои вилоятӣ доир гардида, масъалаҳои хоси ҷумҳуриявӣ ба зинаи болоӣ пешниҳод карда шаванд.

Дуюм, масъалаҳои баррасишавандаро мебояд зимни таҳлилу омӯзишҳои мушкилоти рӯзмарраи ҳаёту фаъолияти ҷавонон тариқи ташкили пурсишу суҳбатҳои даврӣ муайян намуд. Ҳамчунин зарур аст, ки ба сифати масъала мушкилоти монеи ташаббускорию навовариҳои ҷавонон гардида, муайян карда шуда, ҳамчун рӯзнома ба шӯрои ноҳиявӣ/шаҳрӣ пешниҳод карда шавад.

Албатта, дар кишвар барномаҳои муайяни давлатӣ татбиқ мегарданд, ки гурӯҳи масъалаҳои мубрамро фаро гирифтаанд, аммо онҳо дарозмуддат буда, ҳалли проблемаҳоро дар муҳлати 3-5 сол пешбинӣ намудаанд. Яъне, гурӯҳи муайяни проблемаҳои рӯзмарра ва ё тозапайдошударо ҳал карда наметавонанд; дар инҷо нақши калидии Шӯро маҳз баррасии ҳамин масъалаҳои рӯзмарра мебошад, зимнан зарур аст, ки рӯйхати проблемаҳои ҷорӣ тариқи усулҳои болозикр тартиб дода шуда, ба шӯроҳои дахлдор пешбарӣ карда шавад. Президенти мамлакат дар самти рушди варзиш таъкид карданд, ки: «… роҳбарону масъулони соҳа бояд ба куллан беҳтар кардани фаъолияти баъзе федератсияҳо, тарбия кардану ба камол расонидани варзишгарони касбӣ, истифодаи самараноки иншооти варзиш ва нигоҳубини онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд». Мусаллам аст, ки асоси тарзи ҳаёти солимро тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ташкил медиҳад. Мувофиқан зери ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат дар даҳсолаи охир дар соҳаи варзиш тағйироти куллӣ ба миён омада, дастовардҳои варзишии кишвар ба маротиб афзоиш ёфта, ҳазорҳо иншооти варзишии намудҳои гуногун сохта, ба истифода дода шуданд. Дар шароити рушди варзиши касбӣ дар арсаи ҷаҳонӣ зарур аст, ки барномаи махсуси гузариш ба системаи нави рушди варзиш ва ё касбикунонии соҳаи варзиш таҳия ва амалӣ (баррасӣ) карда шавад. Зеро дар аксари кишварҳо муваффақияти соҳаи варзиш маҳз ба ташаккули низоми касбии он асос меёбад.  Ба таври содда, соҳаи варзишро иборат аз ду гурӯҳи иштирокчиён касбӣ ва ғайрикасбӣ метавон ҷудо намуд. Тафовути байни ин ду мафҳум дар он аст, ки иштирокчии касбӣ бо музди меҳнат ва имтиёзҳои муайяни иҷтимоӣ фаро гирифта шуда, иштирокчии ғайрикасбӣ аз ин гурӯҳи пардохтҳо пурра бархурдор намебошад. Зимнан, дар қисме аз кишварҳо муррабӣ ҳамчун иштирокчии касбӣ ва варзишгар-ғайрикасбӣ муайян гардида, дар қисми дигари кишварҳо, бахусус кишварҳои пешрафта ҳар ду иштирокчӣ касбӣ мебошанд. Яъне, варзишгар низ, ҳамчун муррабӣ музди меҳнат гирифта, бо пардохтҳои дахлдори иҷтимоӣ таъмин мегардад. Аммо меъёри музди меҳнат куллан фарқ дошта, дар асоси ҳаҷми кор, дастовардҳо ва маъруфият тибқи шартномаи фардӣ муқаррар карда мешавад. Варзишгари касбӣ, шахсест, ки варзишро ҳамчун касб ихтиёр намуда, бо он зиндагӣ мекунад.

Масъалаи дигар, ки боиси таваҷҷуҳ аст, ин истифодаи самараноки иншооти варзишӣ дар мамлакат арзёбӣ мегардад. Имрӯз асосан ду шакли иншооти варзишӣ- давлатӣ ва хусусӣ сохта шуда истодаанд. Дар ин ҷо иншооти давлатӣ зери ҳамоҳангсозӣ, истифода ва нигоҳдории сохторҳои соҳаи варзиш қарор дошта, иншооти варзишии хусусӣ аксаран назорати махсус надошта, барои истифодаи ягон гурӯҳи муайяни варзишгарон вобаста нашуда, рисолати номуайян доранд ва эҳтимол муҳлати коршоямии онҳо низ дур давом накунад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки тибқи талаботи қонунгузории дахлдор низоми сертификатсиякунонии иншооти варзишӣ ва истифодаи самараноки онҳо ба таври васеъ ва фарогир ба роҳ монда шуда, ҳар иншоот дар мувофиқа бо соҳибмулк ба ришта ва ё гурӯҳи муайяни варзишгарон вобаста карда шавад.

«Вақте мо ҷавононро умеди фардои кишвар, неруи созанда ва захираи стратегии давлату миллат меномем, ин суханон танҳо шиор набуда, балки маҳз ба ҷавонон вобаставу пайваста будани ояндаи давлату миллатро ҳамчун воқеият баён менамоянд, зеро давлат ва миллате, ки дар бораи насли ҷавони худ андеша мекунад, дар асл ояндаи худро таъмин ва устувор месозад.  Маҳз ба ҳамин хотир, дар яке аз суханрониҳоям гуфта будам, ки «Рӯ овардан ба ҷавонон – рӯ овардан ба оянда» мебошад», – иброз менамоянд Пешвои миллат. Воқеан ҳам ҷавонон рисолати ояндасозӣ бар дӯш дошта, имрӯзу ояндаи ҷомеа ва давлат аз онҳо вобастагии амиқ дорад. Фарди ҷавон агар созанда тарбия ёбад, пас меҳан рушдёбанда мегардад ва агар аз тарбияи комил дур монда, гумроҳ гардад, пас ҷомеа рӯ ба таназзул мениҳад.  «Сиёсати рӯ овардан ба ҷавонон» тибқи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ муқаррар гардидааст, ки барои расидан ба ин ҳадаф андешидани тадбирҳо барои беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ ва кору фаъолияти ҷавонон пешбинӣ карда шудааст [8, с.34]. Боиси зикр аст, ки хушбахтона, ин тадбирҳо аллакай тариқи сохторҳои ҲХДТ ва аъзои фаъоли он амалӣ шуда истодаанд. Аз ин лиҳоз, насли ҷавонон сармояи устувор дар роҳи бунёди ҷомеа буда, таваҷҷуҳи хосса ва доимӣ, таълиму тарбияи комил ва роҳнамоӣ метавонад онҳоро ба захира ва ё сарвати тиллоии миллат табдил диҳад.

Пешвои миллат ба ҷавонон эътимоди қаввӣ доранд, ба онҳо мансабҳои олии давлатиро вогузор менамоянд, зимнан шароити алоқаманд фароҳам овардаанд. Ҷавононро дар навбати худ мебояд бар ивази ин ғамхорию дастгириҳо пайрави асили Пешвои миллат буда, малакаю дониши худро сайқал дода, ташаббускорию навовариро самти ҳаёту фаъолият ихтиёр намуда, ба амалсозии ғояҳои созанда талош варзанд. Дар самти рушди волонтёрӣ Президенти ҷумҳурӣ иброз менамоянд, ки «тақвияти фаъолияти волонтёрӣ ва таҳким бахшидани иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонони кишвар дар атрофи сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки кор бо ҷавонон мебошад. Мактаби волонтёрӣ барои ҷавонон ҳамчун арсаи ба ҳам овардани имконият ва неруи созандаи онҳо ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайрхоҳона, иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятии манфиатбахш ва раванди худташаккулёбӣ мусоидат мекунад». Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»  фаъолияти волонтёрӣ дар шакли кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии давлат ва ҷомеа ба амал бароварда мешавад. Волонтёр бошад, шахси воқеиест, ки ихтиёран ва бо интихоби озод вақт, кор ва малакаи худро бемузд ва ё ҷуброни хароҷот бевосита ва ё ба воситаи ташкилотҳои ҷалбкунанда ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд. Ҳамчунин, самтҳои фаъолияти волонтёрӣ – самтҳои дорои хусусияти иҷтимоии ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаҳои ҷифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, варзиш, туризм, эҳсонкорӣ, ҳифзи муҳити зист мебошад. Аз муқаррароти болозикр бармеояд, ки фаъолияти волонтёрӣ барои кишвари мо хеле аҳамиятнок буда, метавонад барои кумаку эҳсонкорӣ, дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ, за нав эҳё намудани ниҳодҳои зиёди бекорхобида (бинобар норасоии кадрӣ), такмили донишу малакаи ҷавонон, шароити барои аз худ кардани таҷриба ва ё собиқаи корӣ ва ғайра мусоидат намояд. Аз ҳама муҳим он ки ин намуди фаъолият ройгон ва ё хеле каммасраф ба роҳ монда шуда, барои беҳтар гардонидани вазъи иқтисодии ҷомеа (ҳатто ташкилоту муассисаҳои алоҳида) истифода мегардад. Зарур аст, ки иҷрои талаботи қонунии ин намуди фаъолият таъмин (риоя) карда шуда, ба соҳаҳои гуногуни мамлакат хизматрасониҳои волонтёрӣ равона карда шаванд. Мебояд маҳфилҳо ва марказҳои гуногунсамти волонтёриро ташкил намуда, шахсони хоҳишмандро бо назардошти ҳавасмандгардониҳои гуногун ҷалб намуда, хизматрасониҳои волонтёрӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шаванд.

Ҳамчун идомаи ҳидоятҳои боло Пешвои миллат иброз менамоянд, ки «таъминоти иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла дастгирии ятимони кулл ва аз оилаҳои камбизоат, ҷавонони имконияташон маҳдуд ва бекор самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муқаррар гардидааст, чунки ин гурӯҳи осебпазир, пеш аз ҳама, ба дастгирии давлат ниёз дорад». Дар ҳақиқат ҳам, маҳз ҳамин гурӯҳи ҷавонон бештар ба дастгирӣ ниёз доранд, аз ҷумла, ятимон, ки ҳангоми ба синни 18 солагӣ расидан бояд манзили зист ёфта, барои соҳиби касбу ихтисос шудан, идомаи таҳсил кунанд. Дар робита ба ин зарур аст, ки механизми парастории ятимон то муҳлати соҳиби молу мулк ва ё ҷойи кор шуданашон таҳким бахшида шавад. Дар баробари тадбирҳои давлатӣ дастгирии бахши хусусӣ низ, ҳамчун кори хайру эҳсон ба ин самти фаъолият ба мақсад мувофиқ аст.  Сафарбар намудани волонтёрон низ барои кумак расонидан ба шахсони эҳтиёҷманд, бахусус пиронсолон вобаста ба иҷрои корҳои вазнин, тоза кардани манзили истиқоматӣ, ҳамроҳӣ кардан ҳангоми кӯча рафтан ва ғайра хеле аҳамиятнок аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронии худро бо ҷавонон чунин ҷамъбаст менамоянд: «Мо ба шумо ҷавонон – неруи бузурги созандаи кишвар эътимод мекунем ва бовар дорем, ки аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандии хеш бо сарбаландӣ мебароед».

Чуноне ки дар боло иброз гардид, рисолати фарди ҷавон ватансозист ва месазад, ки ҳар узви ҷомеа мавриди назар кардан ба насли наврасу ҷавон дар симои онҳо созандагони ояндаро бинад ва барои бунёди ояндаи уствор имрӯз саҳм гузорад.

Май 30, 2021 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»