СҲИР барқароршавии нобаробари иқтисоди ҷаҳониро пас аз пандемия пешбинӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) барқароршавии нобаробари иқтисоди ҷаҳониро бинобар хуруҷҳои идомаёбандаи пандемияи коронавирус қайд мекунад. Дар ин бора дар гузориши интишорёфта гуфта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Бо эҳсоси хушнудӣ мо зикр мекунем, ки дурнамоҳои иқтисодӣ беҳтар мешаванд — ишора кардаанд муаллифони санад. — Вале ин ба таври нобаробар сурат мегирад».
Дар Созмон таъкид карданд, ки дар пасманзари хуруҷҳои такроршавандаи пандемия, ки мисли пештара зуд-зуд рух намедиҳанд, барқароршавии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ идома дорад. Тибқи ҷадвали дар гузориш овардашуда, рушди ММД дар ҷаҳон дар соли 2021 дар сатҳи 5,8%, дар соли 2022 — 4,4% пешбинӣ шудааст.
Тавре ки дар СҲИР таъкид карданд, сарфи назар аз он, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон рушди ММД то охири соли 2022 ба сатҳи пеш аз буҳрон бар хоҳад гашт, аммо ин кофӣ нахоҳад буд.
«Дар аксари кишварҳои СҲИР сатҳи зиндагӣ то охири соли 2022 то ба сатҳи пеш аз пандемия пешбинишуда бар нахоҳад гашт», — ҳушдор медиҳад Созмон.
Ба гуфтаи муаллифони ин санад, ҳукуматҳои кишварҳои пешрафта ва баъзе кишварҳои иқтисоди рӯ ба тараққӣ тавонистаанд, ки коршоямии ширкатҳо ва ҷойҳои кориро ҳифз намоянд.
«Дар натиҷа, соҳаи истеҳсолӣ босуръат рушд меёбад, тиҷорат ба қадри боз шудани марзҳо барқарор мешавад ва барқароршавии фаъолияти меҳнатӣ боиси афзоиши шадиди истеъмол мешавад, — идома доданд дар СҲИР. — «Ин бисёр рӯҳбаланд мекунад».
Аммо, тавре муаллифони гузориш зикр кардаанд, мушкилот боқӣ хоҳад монд. Аз ҷумла, ба ақидаи онҳо, ин ба он вобаста аст, ки ба кишварҳои камдаромад ваксинаи зидди коронавирус хеле кам ворид карда мешавад. Хуруҷҳои эҳтимолии нави пандемия ба рушди иқтисодии чунин давлатҳо таъсири сахт хоҳад гузошт. «Ин боиси афзоиши минбаъдаи фақри шадид хоҳад шуд», — илова кардаанд муаллифон.
Онҳо иброз доштаанд: то замоне, ки аксарияти кулли аҳолии ҷаҳон бо ваксинаҳо эм карда нашавад, тамоми ҷаҳон осебпазир боқӣ хоҳад мемонад.
«Аъзоёни осебпазири ҷомеа метавонанд бинобар бекории тӯлонӣ ва ё коҳиши даромадҳо ба азоби бештар гирифтор шаванд, ки ин нобаробариро дар байни кишварҳо ва дар дохили кишварҳо зиёдтар ва суботи иқтисодиро барҳам мезанад» — ҳушдор медиҳад СҲИР.
Акс аз бойгонӣ








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






