Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид

Июнь 18, 2021 11:57

ДУШАНБЕ, 18.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид, ки дар он 10 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи солона, ҳисоботи муҳосибавӣ ва  ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои соли 2020 шунида шуд ва хулосаи аудитори ҷамъияти мазкур барои соли 2020 пешниҳод гардид.

Дар маҷлис оид ба зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» ва ворид намудани тағйирот ба Оинномаи ҷамъият қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ҳамчунин лоиҳаи қарордоди лоти 3 «Сохтмони иншооти соҳили рост»-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» байни фармоишгари сохтмони иншоот — Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пудратчии генералии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз рўи лоти 3 — Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» маъқул дониста шуд.

Дар маҷлис аъзои Шўрои нозирон, Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи баҳисобгирии ҷамъият интихоб гардида, аудитори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун»  барои соли 2021 ва подошпулии он тасдиқ карда шуд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 18, 2021 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад