Абдуҳалим Шукуров ғолиби озмуни «Донишҷӯи навовар – 2020» гардид

Июль 14, 2021 10:10

ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, инчунин тавсеи тафаккури техникии насли наврасу ҷавон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  озмуни «Донишҷӯи навовар – 2020» баргузор намуд, ки донишҷӯи курси 3-юми факултети химия Абдуҳалим Шукуров сазовори ҷойи аввал, дипломи дараҷаи I ва маблағи 2000 сомонӣ, донишҷӯи курси 3-юми факултети механикаю математика Зиёвуддини Маҳмадалӣ соҳиби ҷойи дуюм, дипломи дараҷаи II ва 1500 сомонӣ ва магистрантони факултети фалсафа Алишер Гардоншоева ва Адиба Нурматова сазовори ҷойи сеюм, дипломи дараҷаи III ва 1000 cомонӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Озмуни «Донишҷӯи навовар – 2020» бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмию таълимӣ ва амалии хонандагони литсей, донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён ва аспирантони ДМТ, ки хусусияти инноватсионӣ дорад, тақвият додани омодагии касбии онҳо бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва баланд бардоштани иқтидори ДМТ, инчунин ҷалб намудани муҳассилини донишгоҳ ба ҳалли масоили рушди илмиву таълимӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон доир гардид.

Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ташаббуси бахши идоракунии лоиҳаҳои донишгоҳ дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани ҷараёни таълим ва васеъ кардани имкониятҳои (ба кор таъминкунии) хатмкунандагон» гузаронида шуд.

Июль 14, 2021 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд