Афсонаи тоҷикии «Дона» ба маҷмӯаи «Афсонаҳои кӯдаконаи кишварҳои мухталиф» ворид карда шудааст

Июль 7, 2021 09:58

ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмондиҳандагони «Экспо-2020» дар Дубай маҷмӯаи афсонаҳои кӯдаконаи кишварҳои мухталифро дар шакли PDF нашр кардаанд, ки дар он афсонаи тоҷикии «Дона» ворид карда шудааст. Дар ин бора Палатаи савдо  ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Афсонаи «Дона»-ро бо забони англисӣ Палатаи савдо  ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо муассисаи табъу нашри «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода кардааст.

Матни афсонаро мутахассисони Палатаи савдо  ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тоҷикӣ ба англисӣ тарҷума кардаанд. Рассомон Далер Меҳтоҷев ва Сайёра Имодинова мебошанд.

Афсона дар бораи аҳамияти ҳифзи муҳити зист, нақши об барои ҳаёт дар рӯи Замин нақл мекунад.

Маҷмӯаи «Афсонаҳои кӯдаконаи кишварҳои мухталиф» дар сомонаи Expo School ва Apple Books дастрас аст.

Афсонаҳои дар маҷмӯа пешниҳодшуда гуногунии аҷиби фарҳангҳои сайёраи моро нишон медиҳанд.

Бештари ривоёте, ки кишварҳои иштирокчӣ пешниҳод кардаанд, дар тӯли чандин асрҳо бозгӯ карда мешаванд. Ривоятҳои интихобшуда кӯдакони 5-12-соларо бо хусусиятҳои мароқангез ва шабоҳати аҷиби арзишҳои халқҳои гуногун шинос мекунанд, доираи ҷаҳонбинии онҳоро васеъ ва ба онҳо барои пурратар ба қадри фарҳанги худ расидан кумак мерасонанд.

АКСҲО аз сомонаи EXPO 2020 Dubai

Июль 7, 2021 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд