Панҷакенти бостонӣ бо ёдгориҳои беназир ва табиати афсункор сайёҳонро мафтун намудааст

Июль 11, 2021 09:24

ДУШАНБЕ, 11.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Панҷакент, ки дар Шоҳроҳи бузурги абрешим воқеъ гардидааст, дар ҳама давру замон арсаи нангу номуси мардуми шуҷоъ барои озодӣ, ватану ватандорӣ ва наҷоти марзу буми аҷдодӣ будааст. Ин ҷо саромади Суғди бостон, Деваштичу Спитамени шуҷоъ, зодгоҳи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, Одамушшуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ ва садҳо нафар адибону олимон аст, ки назокату балоғати шеъри форсӣ, илму маърифати олиро  ба ҷаҳониён манзур гардондаанд. Панҷакент диёри мардуми ҳунарманд, шаҳрсозу неъматофарин, хирадманд, фарҳангдӯст, тамаддунсоз ва меҳнатқарин буда, бо ёдгориҳои беназири  бостониаш, ки таърихи 5-6 ҳазорсола доранд, назири Саразми бостон, Панҷакенти қадим, инчунин табиати нотакрору назаррабояш, рӯду чашмаҳои зулолаш қалби садҳо нафар ҷаҳонгардонро тасхир намудааст.

Зимни ифтитоҳи хатсайри нави сайёҳии Душанбе-Айнӣ-Панҷакент, ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати логистикии «Asian Express» чанде қабл роҳандозӣ гардид, хабарнигори АМИТ «Ховар» дар радифи дигар намоянагони расонаҳои хабарӣ ва сайёҳон аз маконҳои таърихии шаҳри бостонии Панҷакент боздид намуд ва таасуроташро дар як гузориш пешкаши хонандагон менамояд.

Хоҷа Муҳаммади Башоро кист?      

Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммади Башоро дар самти шарқии деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент воқеъ буда, деҳа ба ифтихори  мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро Мазори  Шариф ном гирифтааст ва яке аз деҳаҳои хушманзара ва хушбоду ҳавои Панҷакент мебошад. Муҳаммади Башоро дар замони  хилофати Аббосиён, ки ҳалифа Муҳаммади  Маҳдӣ (108-169 ҳиҷрӣ)  падари Ҳоруннарашид буд, дар шаҳри Басраи Ироқ ба дунё омадааст. Соҳиби китоби «Тазҳаб –ул камол фӣ асмои –р-риҷол» овардааст, ки Муҳаммади Башоро  аз 72 шахси  мӯътабари  ҳадис ривоят кардааст. Хоҷа Муҳамади  Башоро яке аз боэътимодтарин  ровиёни ҳадис ба ҳисоб меравад. Аз Муҳаммади Башоро  асҳоби «Сиҳоҳи ситта» Имом Бухоро, Имом Муслим, Имом Термезӣ, Абӯдовуд ибни Моҷа  ва Насоӣ, ки дар таснифоташон танҳо ҳадисҳои саҳеҳро ҷамъ овардаанд ва дар назди чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷаннат муътабаранд  ва китобҳояшон бо номи «Сиҳоҳи ситта»  иштиҳор дорад, аҳодис  ривоят кардаанд.

Хоҷа Муҳаммади Башоро  дар синни 85-солагӣ  моҳи раҷаби  соли 252 –и ҳиҷрӣ- баробар ба 866 мелодӣ реҳлат намудааст. Чӣ замоне Муҳаммади Башоро ба деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент омадааст, иттилоъе мавҷуд нест.

Ёдгории меъмории мақбараи Муҳаммади Башоро

Ёдгории меъмории оромгоҳи Муҳаммади Башоро дар ду давра бунёд гардидааст. Дар асрҳои X-XII қисми мураббаъшакли  бино бо хонаҳои кунҷӣ  бунёд карда шуда, солҳои 1342-1343 даромадгоҳи калони пештоқдор  бо сафоли сирноки ранга кандакорӣ шудааст. Ороиши асосии тарафҳои чап ва рости даромадгоҳи пештоқро кошикории гилнок дар шакли серқирае, ки он ба тарзи кандакории ҳандасӣ бофта шудааст, зебу зиннат  медиҳад. Рӯи он бо нигораҳои гилӣ  дар шакли растанӣ ва ҳуруфоти арабӣ пӯшида шудааст. Ду тарафи кунҷҳои калони пештоқро  сутунҳои аз лой сохта шуда, ороиш медиҳанд, ки онҳо ба кандакории  махсус  хаттотӣ шудаанд. Яке аз қисмҳои ҷолиби диққати даромадгоҳ  ороиш бо ҳуруфоти арабӣ мебошад, ки аз тарафи рост сар шуда, ба тарафи чап поён  меёбад. Дар охири навиштаҷот санаи сохтмон, яъне соли 743 –и ҳиҷрӣ  (солҳои 1342-1343 мелодӣ) сабт гардида, бо мисраи зерин ба анҷом мерасад:

Ҳар,  кӣ аз мо кунад ба некӣ ёд,
Номаш андар ҷаҳон  ба некӣ бод.

Муҳаммади Башоро, ки зодаи Басраи Ироқ буд, яке аз боэътимодтарин Устоди шахсиятҳои бузург, назири Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ мебошанд. Аз Муҳаммади Башоро китоб ё асар боқӣ намондааст. Санъати меъмории ин ёдгории асримиёнагиро дар  замони шӯравӣ 11 олими машҳур тадқиқот намуда, хулоса карданд, ки мақбара дар ду давра сохта шудааст. Охири асри 10 ва қисми даромадгоҳи пештоқ охири асри  12 бунёд гардидааст ва ягона  ёдгории калонҳаҷм – 16  ба 25, мебошад, ки сохтмонаш, ҳатто бомаш бе чӯб  бунёд гардидааст. Тамоми  деворҳои бино дуқабата буда,  байнашон ҷои холигӣ ё ҳавогард дорад ва ягона ёдгорие, мебошад, ки  дар як давра пурра шашгунбаза сохта шудааст. Дар гумбазҳо, ки дар шакли гумбазҳои балхӣ бунёд гардидаанд, хишти пухта истифода гардидааст. Қисми даромадгоҳӣ ёдгорӣ-пештоқ пурра бо хатҳои арабӣ,  бо чор намуди хат оро дода шудааст. Ин ёдгории сеқабата як муддат масҷид ҳам будааст, зеро тоқча дорад ва мардум аз тариқия нақшбандия дар ин ҷо намоз мегузоштаанд. Инчунин  дорои чиллахона, аст, ки дар он сӯфиён чил шабу чил  рӯз махсус ибодати рамзӣ адо менамуданд. Чиллахона аз равзана, ки вақти намозро муайян менамуд, ҷойи оташдон ва меҳроб  иборат аст, ки самти кибларо нишон медиҳад. Инчунин дар ин ёдгории асримиёнагӣ сағона мавҷуд аст. Охири асри асри 15  набераи Хоҷаи Аҳрори Валӣ  дар ҳаминҷо ба хок супорида шудааст, ки аҳлашон аз Самарқанд буд. Ёдгории меъмории мақбараи Муҳаммади Башоро, ки дар мавзеи зебоманзара ва дар масофаи на онқадар дур аз хона –музейи шоири маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ воқеъ аст, бо эҷоди инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла сайёҳӣ  имкон дорад, ба яке аз мавзеҳои тамошобоб табдил гардида, дар рушди сайёҳии зиёратӣ саҳми муносиб гузорад.

Ало,  эй зодгоҳам, ёдгоҳам. Хона-музейи шоир Лоиқ Шералӣ  

Хона-музейи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар яке аз мавзеҳои зебоманзари шаҳри бостонии Панҷакент -деҳаи Мазори Шариф, ки зодгоҳи шоир аст, дар ҳавлии бобоии шоир, ки дар он тифлӣ ва наврасии ӯ сипарӣ гардидааст, ташкил шудааст. Он аз се толор ва даҳлез иборат буда, дар  ҳамсоягии Хона –музейи шоир бародари Устод Лоиқ бо аҳли оилааш зиндагӣ менамояд.

Дар даромадгоҳи хона-музей чунин мисраъҳои шеърии шоир:

Ба сӯи ҷангали Лайлӣ нигоҳам,
Ба кӯҳи Осиё бошад паноҳам.
Суҷуд орам ба Чилмеҳробат аз дур,
Ало,  эй зодгоҳам, ёдгоҳам.

навишта шудааст.

Толори якуми Хона-музейи шоир ҳуҷраи кӯҳна  ё тифлии шоир  буда, дар он аз қамчини аспи бобоӣ сар карда,  то тор, сандалии бобоӣ,   асбобу анҷоми рӯзгор, офтобаҳо, лаълӣ,дег, оташдон, либосҳо, ҳатто гаҳворае, ки дар он шоир ба воя расидааст, гузошта шудаанд.Ҳуҷраи дуюм ба фаъолияти шоир бахшида шудааст. Дар ин ҷо аксҳои шоир аз давраи бачагӣ то охири ҳаёташон,  аксҳое, ки зимни сафарҳои хориҷӣ гирифта шудаанд, дастовардҳои шоир, аз қабили мукофотҳои давлатӣ- медалҳо, ифтихорномаҳо, сипосномаҳо, шиносномаҳо ба маъраз гузошта шудаанд. Инчунин армуғонҳо, тӯҳфаҳои бузург, аз ҷумла  магнитафон, ки онро адибони шаҳри Хуҷанд дар тӯй- маросими  хонадоршави шоир туҳфа намудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.Толори сеюми Хона-музей –ҳуҷраи кории Устод буда, дар он мизи кории шоир, ки бо икдоми писарашон Диловар аз Душанбе оварда ва  дар як гӯшаи толор гузошта шудааст.

Дар ин толор инчунин  ҷевону рафҳои китобҳои шоир ва дигар адабиётҳое, ки Устод мутолиа менамуданд, гузошта шудаанд.Назар ба иттилоъи нозири ҳифзи  ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Панҷакент  Шабнам Шодмонбоева,  Хона-музейи шоир соли  2006 ба ифтихори 60-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бо дастгирии собиқ Раиси шаҳри Панҷакент Шакарбек Самадов ташкил карда шуда, дар он беш аз 450 ангора, ки бозгӯи рӯзгори шоир Лоиқ Шералӣ аст, ба маъраз гузошта шудаанд. Ҳамзамон Шабнам Шодмонбоева афзуд, ки  ба ифтихори 80-солагии шоир, ки моҳи майи соли равон таҷлил гардид, ба Хона –музейи шоир туҳфаю армуғонҳо ворид гардидаанд, ки баъд аз рӯйхат намудани онҳо дар осорхонаи шоир гузошта мешаванд.

Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи А. Рӯдакии шаҳри Панҷакент

«Осорхонаи ҷумҳуриявии  таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба ифтихори ҷашни 1100 –солагии Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс  Абӯабдуллоҳи Р ӯдакӣ  моҳи октябри  соли 1958 ифтитоҳ гардидааст. Он дар маркази шаҳри бостонии Панҷакент воқеъ буда, сохтмони бино тибқи лоиҳаи  меъмори  машҳур Александр Макуха ба анҷом расонида шуда, намои осорхона дар ангезаи достонҳои бузурги ҳамосии  «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, деворнигораҳои Панҷакенти қадим аз ҷониби рассом-  тармимгари рус  Ю.Б. Гремачинская ҳаккокӣ шудаанд. Дар соли 2008  бо ташаббуси Пешвои миллат  ва дастгирии ЮНЕСКО  1150-солагии шоир Абӯабуллоҳ Рӯдакӣ  таҷлил гардида, бинои Осорхона таъмир ва толорҳои намоиши он аз нав таҳррезӣ шуданд. Осорхона дорои се шӯъба —  бостоншиносӣ, таърих ва муосир ва 8 толор аст. Толори бостоншиносӣ, ки  дар он бозёфтҳои аз  Саразми бостон ҳазораи сеи пеш аз мелод, бозёфтҳои Дашти Қозӣ нигоҳ дошта мешавад. Инчунин толори Панҷакенти қадим, толори мансуб ба давлатдории Сомониён  асрҳои  9-10, толор оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941), толори мардумшиносӣ, толори давраи муосир, толори давраи Истиқлолияти Тоҷикистон, толори  кишваршиносӣ ва як толори намоишӣ мебошад.

Тавре мудири шуъбаи таърихи Осорхона Миҷгона Ғаниева мегӯяд, дар фонди Осорхонаи ҷумҳуриявии  таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакии шаҳри Панҷакент беш аз 68 ҳазор ашёҳо ва нигораҳои таърихӣ  мавҷуд буда, солона ҳудуди 10 ҳазор нафар аз Осорхона боздид менамоянд.

Маҷмааи Панҷрӯд — Оромгоҳи Рӯдакӣ

Дар яке аз мавзеҳои нотакрору дилфиреби водии  Зарафшон -деҳаи Панҷрӯд канори рӯди Панҷрӯд, боғи Рӯдак мақбараи Одамушшуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ-Сардафтари  адабиёти классики тоҷику форс (858-941) ҷойгир мебошад, ки кулли дӯстдорони шеъри ноби тоҷикӣ-форсӣ орзуи зиёрати оромгоҳи падари шеъри тоҷикӣ-форсӣ –Рӯдакӣ ва тамошои дараи зебоманзараи Киштуди водии Зарафшонро менамоянд.Агар  донишманди эронӣ Саид Нафисӣ дар ҷамъоварӣ ва пажӯҳиши  осори оламшумули Рӯдакӣ саҳми бориз гузошта бошад, Сардафтари  адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар муайн намудани қабри Рӯдакӣ хизмати шоиста анҷом додаст.

 Маро бисӯду фурӯ рехт ҳар чи дандон буд,

Набуд дандон, лобал чароғи тобон буд.

Сапеди симрада буду дурру марҷон буд,

Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд.

Яке намонд кунун з-он ҳама бисӯду бирехт,

Чи наҳс буд! Ҳамоно, ки наҳси Кайвон буд…

Ин мисраъҳои шеърии Рӯдакӣ, ки дар поёни умраш  навишта буд, бо гузашти ҳазор сол, яке аз омилҳои асосӣ барои донишмандони тоҷику рус ҷиҳати пайдо кардани марқади шоир гардид. Бо иқдоми С.Айнӣ бостоншиноси рус Михаил Герасимов соли 1956 бо мақсади  шиносоии пайкараи  Рӯдакӣ ба деҳаи Панҷрӯд омада, осори Рӯдакиро мутолеъа кард, то тавонад нишонаҳое аз зоҳири шоирро дар он пайдо намояд.

Дар соли 1956 дар остонаи ҷашни 1100-солагии Рӯдакӣ ҳукумати Тоҷикистон дастури кушодани қабреро медиҳад, ки гумон мерафт оромгоҳи Рӯдакӣ бошад. М. Герасимов ва гурӯҳи таҳқиқотии донишмандони тоҷику рус бо кушодани қабри мавриди назари Айнӣ ва баррасии бозмондаҳои ҷасади мадфун тамоми нишонаҳоеро, ки барои шиносоии пайкари Рӯдакӣ мушаххас карда буданд, меёбанд.Бозмондаҳои ҷасадро ба озмоишгоҳҳои Маскав бурда, зарфи ду сол онро таҳқиқот намудаанд, соли 1958 устухонҳоро бозпас ба деҳаи Панҷрӯд оварда, дар ҳамон ҷо дубора ба хок супурданд. Тасвире, ки М. Герасимов пас аз анҷоми таҳқиқот ба унвони чеҳраи Рӯдакӣ нашр кард, тасвири чеҳраи ҳамон пайкаре буд, ки донишмандони шӯравӣ дар Рӯдакӣ буданаш дигар шубҳа надоштанд.

Оромгоҳи Рӯдакӣ дар соли 1958 ба муносибати 1100-умин солгарди шоир бунёд  ва обод  гардида, то имрӯз ду мароиба -солҳои 1999 дар остонаи таҷлили  1100-умин солгарди таъсиси давлати Сомониён  ва дар соли 2007 ба ифтихори 1150 -солагии Рӯдакӣ, ки соли 2008 дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил шуд, таъмиру таҷдид гардидааст.Оромгоҳи Одамушшуарро дар баландӣ дар оғӯши кӯҳ, канори Панҷрӯд доман густурдааст, атрофашро дарахтон ва гулу буттаҳои ба иқлим ва табиати водии Зарафшон мутобиқ оро медиҳанд.Инчунин соли 2009 дар ин ҷо Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии «Панҷрӯд» таъсис дода шудааст, ки дар заминаи он Осорхона ва Китобхона фаъолият менамояд.  Тавре дар сӯҳбат  ходими илмии Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии «Панҷрӯд» Холиқул Ҷӯраев иброз дошт, дар Осорхона, беш аз 260 экспонат нигоҳ дошта мешавад, ки  таҷассумгари ҳаёту осори падари шеъри ноби тоҷикӣ-форсӣ- Рӯдакӣ мебошанд. Инчунин дар китобхонаи  Маҷмааи ҷумҳуриявии фарҳангию таърихии «Панҷрӯд» беш аз 3500 нусха китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мавҷуд аст, ки  сокинони деҳаи Панҷрӯд ва деҳаҳои атрофи он барои мутолиа аз онҳо истифода менамоянд. Фонди китобхона сол аз сол аз ҳисоби ҳадяи зиёиён ва меҳмононе, ки ба зиёрати оромгоҳи шоир Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ ба Панҷрӯд меоянд, мукаммал мегардад, ки ганҷинаест беҳамто дар баланд бардоштани сатҳи маърифати мардуми зодгоҳи Рӯдакӣ деҳаи Панҷрӯд.

       Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

    Душанбе-Панҷакент-Душанбе

Июль 11, 2021 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Онлайн-қарзҳо, такси, доруворӣ аз рӯи дорухат: Super App-и маъруф боз ҳам муносибтар шуд
ҲИЗБЕ, КИ ОРМОНҲОИ МАРДУМРО АМАЛӢ МЕНАМОЯД. Бардошт аз ҳамоиш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хоруғ баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд
Дар Шаҳринав баҳри таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон корҳои тозакунии роҳ аз барф идома доранд