Ширкати хориҷии «Apple Distribution International Limited» дар Тоҷикистон аввалин шуда, аз даромад аз ҳисоби хизматрасонии электронӣ андоз пардохт намуд
ДУШАНБЕ, 23.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати хориҷии «Apple Distribution International Limited», ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод менамояд, 16 июл нахустин шуда, барои семоҳаҳои I ва II соли 2021 эъломияи андозии худро пешниҳод намуда, андоз аз арзиши иловашударо барои ин давраҳо ба маблағи зиёда аз 238 ҳазор сомонӣ ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз» аз 17 декабри соли 2020, ширкатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод менамоянд, бояд тибқи тартиби муқарраршуда дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шуда, андоз аз арзиши иловашударо ҳисоб ва ба буҷет пардохт намоянд.
Бо ин мақсадҳо имсол аз ҷониби мақомоти андоз бо намояндагони ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ анҷом медиҳанд, якчанд маротиба видеоконфронс ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуда, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда 18 адад ширкат ба мақомоти андоз муроҷиат намуда, ба қайд гирифта шуданд.
Акс аз Кумитаи андоз








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






