Темур Раҳимов низ аз идомаи рақобатҳои Бозиҳои олимпӣ маҳрум шуд
ДУШАНБЕ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 июл дар идомаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар намуди гӯштини дзюдо вориди рақобат шуд. Темур дар вазни +100кг дар даври аввал бар намояндаи Куба Эндӣ Гранда ғалаба кард, вале дар даври ҳаштякфинал аз варзишгари Гурҷистон Гурам Тушишвилӣ мағлуб шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ҳамин тариқ, чор нафар паҳлавонони тоҷик – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) аз медалҳои Бозиҳои олимпии Токио бенасиб монданд. Ду варзишгари дигар дар намуди бокс — Шаббос Негматуллоев (-81кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) низ аз ҳарифонашон шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардиданд.
Дар намуди бокс Баҳодур Усмонов мусобиқаро идома медиҳад. Ӯ дар вазни -63кг дар даври аввал бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард ва 31 июл дар даври 1/8-финал бо Элнур Абдураҳимов (Узбекистон) вомехӯрад.
Имрӯз ҳамчунин Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар шиноварӣ ба масофаи 50м, тарзи озод дар даври интихобӣ ба рақобат мепардозанд. Дар намуди варзиши сабук — дав Илдар Аҳмадиев ба масофаи 100 метр фардо, 31 июл дар даври интихобӣ ширкат менамояд.
Ёдрас мешавем, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) вориданд. 11324 варзишгар давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд.
Дар рӯзи ҳафтуми бозиҳо дар ҷадвали ҳисоби медалҳо дастаи мунтахаби Чин бо 16 медали тилло, 7 нуқра, 10 биринҷӣ пешсаф аст. Дастаи мунтахаби Ҷопон бо 15 медали тилло, 4 нуқра, 6 биринҷӣ дар ҷои дуюм, ИМА бо 14 медали тилло, 16 нуқра, 11 биринҷӣ дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Акс аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






