Дар Хатлон бо иштироки кишоварзони 25 шаҳру ноҳия Иди ангур, каду, харбузаву тарбуз ва себ доир гардид

Август 30, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 август дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони «70-солагии обёрии водии Вахш»-и вилояти Хатлон  Иди ангур, каду, харбузаву тарбуз ва себ баргузор гардид, ки  кишоварзони 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсули заҳмати худро манзури сокинону меҳмонон гардониданд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии  дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Дар намоиши мазкур раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Саъдӣ Каримзода, муовини якум ва муовинони раиси вилоят, роҳбарони масъули ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, Хатлон яке аз калонтарин вилоятҳои аграрии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, саҳми деҳқонони асили шаҳру ноҳияҳои вилоят дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва арзониву фаровонии бозорҳои истеъмолӣ назаррас мебошад. Дар ин самт саҳми арзандаи кишоварзони ботаҷрибаи ноҳияҳои Ҷайҳун, Фархор, Восеъ, Дӯстӣ, Панҷ, Ҳамадонӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Хуросону Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Темурмалик, Балҷувону Ховалинг ва шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Норак  назаррас мебошад.

Дар ин рӯз аз ҷониби кишоварзон намудҳои маҳсулоти табиӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки дар баробари ғизои хуб будан бо хусусиятҳои шифобахшии худ садсолаҳо миёни мардум маъмулу машҳур гардидаанд. Кишоварзони вилоят сол то сол майдони кишти каду, харбузаву тарбуз ва бунёди боғҳои интенсивиро зиёд менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати бунёди боғу токзорро ба инобат гирифта, 3 маротиба «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуда, лоиҳаи нави «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2022-2025» дар баррасии вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ қарор дорад.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли равон дар вилоят 227 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 197 гектар бунёд гардида, барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ 71,4 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра 322,5 гектар боғ ва 65,9 гектар токзор барқарор карда шуд. Дар майдони 23 гектар боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ майдони чунин боғҳо ба 371 гектар расонида шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз ҷангалпарварон намунаи маҳсулоти тару хушкро ба намоиш гузоштанд. Бино ба гуфти масъулин, сол ба сол майдони ҷангалзорҳои кӯҳна зиёд ва барқарор гардида истодаанд.

Аз ҷониби занону бонувони вилояти Хатлон аз харбузаву тарбуз, каду ангур ва себ тарзи омода намудани хӯришҳо, мураббо ва тарзи хушк намудану захира кардани он пешниҳод ва аз ҷониби тамошобинон ва меҳмонон  ба хубӣ қабул гардид.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр дошт, ки бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ чунин намоиш баргузор шуд, ки барои рушди соҳа заминаи воқеӣ фароҳам меорад.

Дар ҷамъбаст аз ҷониби Кумитаи тадорукот ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ дар соҳаҳои ангурпарварӣ, кадукорӣ, полезикорӣ ва бунёди боғҳои интенсивии себ эълон гардида, ғолибон бо Ифтихорномаву мукофотпулиҳо қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 шанбеи сеюми моҳи август «Иди ангур», якшанбеи охири август «Иди каду», якшанбеи якуми моҳи сентябр «Иди харбузаву тарбуз» ва шанбеи сеюми моҳи сентябр «Иди себ» доир мегардад.

АКСҲО аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии  дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Август 30, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон 34-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас ҷашн гирифтанд
18 сентябр ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқдисодӣ доир мегардад
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Дар Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ ва Фестивал-намоиши гӯсфанди ҳисорӣ доир мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Нигоҳе ба заминаи асосии рушд ва пешрафти соҳаи роҳу нақлиёт дар ин давра
Дар Саридораи геология ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт беш аз 14 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда мешавад
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 34-солагии Истиқлоли давлатиро бо тантана таҷлил намуданд
Бахшида ба Истиқлоли давлатӣ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо рутбаҳои навбатӣ қадрдонӣ шуданд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 миллиард то 147 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми нуҳуми зерминтақавӣ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор иштирок намуд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи авиатсия баррасӣ гардид