Ширкати туркии «Иргелер» тасмим дорад дар вилояти Суғд боғи интенсивӣ бунёд намояд

Август 10, 2021 10:26

ДУШАНБЕ, 10.08.2021 /НИАТ «Ховар»/. Ширкати туркии «Иргелер» тасмим дорад дар вилояти Суғд 100 гектар боғи интенсивӣ бунёд намояд. Дар ин бора зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони ширкати «Иргелер»-и Ҷумҳурии Туркия гуфта шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ ва истифодаи дастовардҳои замони муосир дар самти бунёди боғҳои интенсивӣ мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят таъкид кард, ки дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми боғу токпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят назаррас мебошад. Таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи боғу токпарварӣ ба рушду такомули соҳа заминаи мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, ҷиҳати васеъ намудани майдонҳои боғот барномаҳои махсуси давлатӣ қабул гардида, танҳо дар солҳои 2016-2020 зиёда аз 4800 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шуданд. Инчунин бо дастгириҳои давлатӣ технологияҳои наву замонавӣ ворид карда шуда, боғҳои интенсивӣ ташкил гардида истодааст.

Дар навбати худ, намояндагони ширкати туркии «Иргелер» иттилоъ доданд, ки тасмим доранд дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик ниҳолҳои серҳосилро ворид карда, дар ҳудуди вилоят 100 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд.

Ҷонибҳо бо баррасии масъалаҳои мавриди назар барои густариши ҳамкорӣ омодагии худро изҳор доштанд.

 

 

АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 10, 2021 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд