«ҚОНУНҲОИ ЁБОӢ». Валентина Матвиенко ва Ширин Исматуллозода ба ҳимояи занони афғон бархостанд
ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Поймол кардани ҳуқуқи занон аз тарафи «Толибон»* дар Афғонистон қобили қабул нест. Дар ин бора раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко зимни Конфронси умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо дар Вена изҳори назар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sputnik.
Вакили парлумон зикр кард, ки ҳар кишвар анъана, тартиб ва таърихи худро дорад. Аммо, ҳеҷ давлат наметавонад арзишҳои умумиинсониро сарфи назар кунад.
«Онҳо (толибон. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар») бо занон чӣ гуна муносибат хоҳанд кард — мо инро тавассути ҳаракати занонаи худ бодиққат мушоҳида мекунем»,- таъкид кард Матвиенко.
Раиси Шӯрои Федератсия поймол ва маҳдуд кардани ҳуқуқи занони афғон, инчунин эҷоди қонунҳои «ваҳшӣ» -ро ноҷоиз мешуморад.
«Вақте ки духтарони 12-соларо метавон ба шавҳар дод ва ғайра. Ин амал тамоман қобили қабул нест»,- гуфт Матвиенко.
Қаблан дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» собиқ муовини Сарвазири Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода гуфта буд, ки аъзои ҷунбиши радикалии «Толибон» бе риояи ҳуқуқҳои аҳолӣ наметавонанд ба ҷанг дар Афғонистон хотима диҳанд ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварро таъмин созанд. Вай таваҷҷуҳро ба мушкилоти кунунии занони афғон, ки дучори он шудаанд, ҷалб кард.
«Баъди ба сари қудрат омадан, толибон аз нав ба маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои онҳо шурӯъ карданд. Бинобар қоидаву мамнӯияти нав бисёр занҳо дар Афғонистон кор карда ва духтарон ба мактаб рафта наметавонанд», — гуфт Ширин Исматуллозода. Ба гуфтаи вай, ҷангҷӯён кӯшиш доранд ҳама чизеро, ки духтарони афғон дар тӯли 20 сол ба даст овардаанд, нест кунанд.
«Муносибати бераҳмонаи толибон бо занон на танҳо ба қонунҳои байналмилалӣ, балки ба таълимоти исломӣ низ мухолиф аст, ҳарчанд толибон чунин амалҳоро мувофиқи қонунҳои шариат мешуморанд»,-гуфт профессор.
Исматуллозода иброз дошт, ки тундгароҳо динро барои мақсадҳои худ истифода мебаранд. «Бе иштироки занон дар корҳои давлатӣ ва инчунин намояндагони миллатҳои гуногун толибон наметавонанд вазъи кунунии Афғонистонро муътадил созанд.»
Ёдовар мешавем, ки толибон занонеро, ки дар ҳамоиши эътирозӣ бар зидди Покистон дар Кобул ширкат доштанд, латукӯб карданд. Баъди ин ҷангҷӯён ба сӯи онҳо тирандозӣ ва ба боздошти эътирозгарон оғоз карданд. Тибқи қонунҳои нави «соҳибони нав», занони кишвар набояд дар кӯча бе ҳиҷоб пайдо шаванд. Донишҷӯдухтарони донишгоҳҳо бояд ниқоб ва абай пӯшида, ҷудо аз писарон дарс омӯзанд.
___________________________________
*Толибон- ҷунбиши радикалие, ки дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
Акс аз бойгонӣ








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд






