Қалъаи бостонии Қаҳқаҳа ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод гардид

Сентябрь 19, 2021 08:44

ДУШАНБЕ, 19.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қалъаи бостонии Қаҳқаҳа, ки дар шимоли Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон воқеъ аст, соли равон ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод  гардид.

Директори Осорхонаи таърихию  кишваршиносии  ноҳияи Шаҳристон Равшан Юсуфов  дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» гуфт, ки  дар иртибот ба  пешниҳоди  ёдгории беназири бостонӣ- Қалъаи Қаҳқаҳа ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО  ҳамоишу конфронсҳо гузаронида шуданд, ки дар ҷараёни  онҳо  аз ҷониби таърихнигорон ва бостоншиносон таърихи  ин Қалъаи қадима баррасӣ шуд.

Масоҳати қалъаҳои Қаҳқаҳаи 1, 2 ва 3 панҷ гектарро ташкил дода, гирди қалъаҳоро деворҳои  аз 8 то 12 метр баланд печонидаанд. Ба тамошои Қалъаи Қаҳқаҳаи  1, 2 ва 3 аз гӯшаву канори дунё,  аз ҷумла аз Чин, Фаронса, Белгия ва дигар кишварҳои хориҷӣ сайёҳон меоянд. Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар оянда роҳи атрофи Қалъа таъмиру таҷдид мегардад, мегӯяд Равшан Юсуфов.

Бозёфтҳои Қалъаи Қаҳқаҳа-  бозгӯи таърихи куҳани Бунҷикат   

Ноҳияи Шаҳристон яке аз марказҳои таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, дар гузашта бо номи шаҳри Бунҷикат-маркази давлати бузурги Устурушана машҳур буд, ки он бозгӯи нишонаҳои фарҳанги моддии асри қадим ва асрҳои миёнаи мардуми мо  мебошад, зикр кард Равшан Юсуфов. Шаҳри Бунҷикат яке аз марказҳои қадимаи таърихӣ ҳамчун макони  ҳокимони Устурушана ба ҳисоб меравад. Аввалин маротиба тадқиқоти бостоншиносӣ дар ноҳияи Шаҳристон дар нимаи дуюми асри XIX гузаронида шудааст,- мегӯяд Директори Осорхонаи таърихию  кишваршиносии  ноҳияи Шаҳристон Равшан Юсуфов.  Аз  соли 1949 то 1974 бо роҳбарии  бостоншинос Нӯъмон Неъматов ковишҳои археологӣ дар Қалъаи Қаҳқаҳа гузаронида шуданд. Ангораҳои таърихӣ ва дигар бозёфтҳо, ки аз Қалъа  пайдо гардидаанд,  бозгӯи таърихи бостонии шаҳри Бунҷикат,  маркази он, харитаи асримиёнагии шаҳр ва давлати  Устурушана, қисмати ғарбӣ, ҷойгиршавии ёдгориҳои Шаҳристон  ва дигар ёдгориҳои таърихӣ буда,  дар Осорхонаи таърихию кишваршиносии  ноҳияи Шаҳристон ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Осорхона 17 апрели соли 2017 ташкил гардида,  дорои беш аз  450 ангора  мебошад.  Аз  соли 1955 ковишҳои бостоншиносӣ дар Қалъаи Қаҳқаҳаи  1 ва 2  шурӯъ гардиданд ва он бозёфтҳое, ки дар Осорхонаи навтаъсиси ноҳияи  Шаҳристон гузошта шудаанд,  марбут ба асрҳои VII-VIII  ва IX мебошанд. Дар натиҷаи гузаронидани ҳафриёт дар Қалъа мусаввараи як лаҳзаи туҳфасупорӣ ба шоҳи Устурушана, қаҳрамони таърихӣ- Афшин Ҳайдар, ки бархе давлатҳоро забт намуда буд, аз ҷумла,  маросими туҳфасупорӣ аз ҷониби арабҳо тасвир ёфтааст. Маънои Каҳқаҳа хандаи баланди одамон буда, дар Қалъаи Қаҳқаҳаи  -1 мусаввараи қаҳқаҳаи девҳо низ дар гил тасвир шудааст.

Қалъаи Қаҳқаҳаи 1 мансуби асрҳои V-VIII буда, дар деворҳои харобаҳо солҳои 1965- 1974 ковишҳои бостоншиносӣ гузаронида шуда, зимни он хонаҳои иборат аз 230 метри мураббаъ, толори шоҳ-  95 метри мураббаъ, толори қабули шоҳ, хонаҳои шоҳ, қӯрхона, аслиҳахона, ошпазхона ва дигар ҷойи шоҳнишин пайдо гардиданд, ки  харобаҳояш то кунун боқӣ мондаанд. Дар деворҳои қалъа расмҳои деворӣ мавҷуд будаанд, ки аслашон алҳол дар осорхонаи Эрмитажи шаҳри Санкт-Петербург маҳфуз аст. Деворҳои қалъа аз хишти похса ва гилӣ иборат буда, рӯи гил бо сир пӯшонида шудаанд. Ин бозёфтҳо аз Қалъаи Қаҳқаҳа бозгӯи он аст, ки дар аҳди қадим  Қалъаи Қаҳқаҳа маркази бузурги сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ будааст.

Муҷассамаи модаргург, ки ду кӯдакро мемаконад

Бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи ноҳияи Шаҳристон соли 2006 муҷассамаи модаргург, ки ду кӯдакро шир медиҳад, дар шафати роҳи Шаҳристон –Хуҷанд гузошта шудааст, ки баландиаш 6 метрро ташкил медиҳад. Тасвири расми модаргург аз девори  қалъаи Қаҳқаҳаи -1 бозёфт гардидааст.  Муҷассамаи модаргург, ки ду кӯдакро мемаконад, аз расми  тасвири девори Қалъаи Қаҳқаҳаи 1 гирифта шудааст. Рамзи модагург ривояти таърихӣ буда,  дар Рим атиқа шудааст ва  дар деворҳои Қалъаи Қаҳқаҳа дар гил тасвир ёфтааст. Ин муҷассама аз он шаҳодат медиҳад, ки дар гузашта ниёгони мо дар доираи Шоҳроҳи Бузурги абрешим бо мамолики ғарб робитаҳои хуби тиҷоратӣ доштаанд.

Қалъаи Қаҳқаҳаи II

Қалъаи Қаҳқаҳаи II аввалин  иншооти қарни Бунҷикат буда,  деворҳояш аз похсаю хиштҳои хоми калон  сохта шуда,  сақфаш чӯбин  аст. Ин бино аз даҳ хона иборат буда, хонаҳо паи ҳам аз шарқ ба ғарб зина ба зина сохта шуда,  аз се қабат иборат будаанд. Қабати якум аз даҳлези даромад, толори чоркунҷаи қабулгоҳ, хонаи хоб ва айвон иборат буда,  дар қисми шарқии иморат дар сатҳи ҳозираи замин воқеъ гаштааст. Дар он зинаи  махсуси печхӯрдаи  гилӣ  сохта шуда,  ҳар се ошёнаро  бо ҳам мепайвандад, меафзояд директори Осорхонаи таърихию  кишваршиносии  ноҳияи Шаҳристон Равшан Юсуфов. 

Умуман  иморат бошукӯҳ   ва бузург буда,  деворҳояш бо хишт ба тарзи  хос ороста шудаанд. Сатҳи  даруни деворҳои  хонаҳои калон мунаққаш буда, бино дар асрҳои VI- VII дар натиҷаи аз тарафи душманон  ишғол шудани он хароб  гардидааст.  Ин рӯйдод ба соли 822 мелодӣ, яъне  аз тарафи дастаи сарлашкари  араб Аҳмад ибни Абӯхалид истило кардани Бунҷикат  рост меояд. Дар вақти  истило бисёр ваҳшигариҳо  содир шудаанд. Истилогарон иморатро оташ зада, мардон, занон ва кӯдакони дар он  паноҳбурдаро  саросар нобуд кардаанд. Ҳангоми ҳафриёт аз ду печи зинаҳо  боқимондаи устухони одамон  бозёфт шудааст, ки аз қатли оми  мардуми ин сарзамин гувоҳӣ медиҳад. Дар байни ин ҷасадҳо аз рӯи  маълумоти антрополог, номзади илмҳои таърих Т.П. Княткина устухонҳои 24 мард, 17 зан, 4 ҷавон, се наврас  ва ду кӯдак муайян карда шудаанд. Онҳо ҷасади одамони бераҳмона  кушташудаи  маҳали шаҳристонҳои   қадим, ки  қурбони сиёсати  истилогарони хилофати  Аббосиён  гаштаанд, дониста мешаванд.

Бунҷикат — пойтахти давлати асримиёнагии Устурушана

Бунҷикат пойтахти давлати асримиёнагии Устурушана буда, дар байни Суғд ва Хуҷанд дар доманаи дарёи Сир ва қаторкӯҳҳои Ҳисор воқеъ  ва аз шаҳристон, кӯҳандиз ва работ иборат буд. Назар ба андешаи директори Осорхонаи таърихию  кишваршиносии  ноҳияи Шаҳристон Равшан Юсуфов, Шаҳристон бо девор иҳота шуда,  ду дарвоза дошт. Дар асрҳои  IX- X  дар Бунҷикат аз 10 то 20  ҳазор нафар  иқомат мекарданд, аҳолии шаҳр аз рӯди Сарим ва ҳафт  рӯди нисбатан хурд,  ки саробашон аз ҳамон наҳр  оғоз мешуд, об мехӯрд. Дар лаби наҳру  ҷӯйҳо қариб 10 осиёб кор мекард. Дар ин ҷо касбу ҳунарҳои  мардумӣ, аз қабили оҳангарӣ, меъморӣ, кандакорӣ рушд карда буданд. Омӯзиши усули сохтани маснуоти  тиллоӣ, биринҷӣ ва ғайра аз пешрафти ҳунари заргарӣ роҷеъ ба ташаккули  санъати меъморӣ ва шаклу нақши иморатҳо гувоҳӣ  медиҳад. Дар ин ҷо биноҳои иқоматию  қасру кӯшкҳои калони  бисёртабақа, базмгоҳу ибодатхонаҳо ёфт шудаанд. Шаҳр монанди қалъаи мустаҳкам будааст. Дар деворҳои биноҳои Бунҷикат  осори барҷастаи   кандакорӣ ва тасвироти  рангоранг аз афсонаву ривоятҳо боқӣ мондаанд. Дар байни  ёдгориҳои санъати  тасвирии  устурушаниҳо  асарҳои  назаррас бисёранд: инъикоси афсонаи  модагург, ки ду кӯдаки одамро шир медиҳад, тасвири Худою илоҳа, муҳорибаи девҳову  фариштаҳо, ҷанговарони болдор, дучархасавор,  ҳунармандони уднавоз,  лавҳаи кандакорӣ ва  мавзӯи   муборизаи  қувваҳои неку бад.

Маснуоти ҳунармандӣ, аз қабили   зарфҳо бо акси кабкҳо, чойҷӯши ҳайвоншакл, маснуоти биринҷӣ ва кӯзаҳои сафолӣ низ ёфт шудаанд.  Ангуштаринҳои заррин ва  дигар ашёи ороиш  хеле моҳирона ва сифатнок  тайёр  карда шудаанд, ки   санъати  баланди  сохти онҳо касро  ба ҳайрат  меандозад. Ин бозгӯи он аст, ки Бунҷикат  аз зумраи шаҳрҳои мутамаддини  асримиёнагӣ будааст. Ва пешниҳоди  Қалъаи бостонии Қаҳқақа ба  Феҳристи мероси фарҳангии  ЮНЕСКО шаҳодати барҳақи ин гуфтаҳост.

                                          Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар».

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»  ва манбаъҳои боз

Сентябрь 19, 2021 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад