МУКОФОТ МУБОРАК! Қадрдонии фаъолияти кормандони соҳаҳои гуногун аз ҷониби Пешвои миллат ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2021 16:55

ДУШАНБЕ, 03.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ бо мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатиро ба аксари кормандон шахсан худашон тақдим намуданд.

 Таи рӯзҳои охир инчунин бо супориши Сарвари давлат  аз ҷониби Савазири мамлакат, муовинонони Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ёрдамчиёни Президенти ҶТ,  аъзои Ҳукумати мамлакат ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ба дигар кормандон ва намояндагони касбу кори гуногун  мукофотҳо тақдим гардиданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 23 август аз ҷониби муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода ба кормандони Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаву муассисаҳои тобеи он мукофотҳои давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардонида шуданд, тақдим гардиданд.

Дар маҷмӯъ ба 4 нафар медали Хизмати шоиста, 2 нафар медали «Шафқат», 5 нафар медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», 3 нафар «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 4 нафар Ифтихорнома ва ба 35 нафар Раҳматномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

27 август Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба як гурӯҳ кормандони касбу кори гуногун мукофотҳои давлатиро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сарфароз гардонида шуда буданд, супорид.

Дар маҷмӯъ, имрӯз 147 нафар бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 2 нафар бо ордени «Шараф дараҷаи 2», 28 нафар бо медали «Хизмати шоиста», 115 нафар бо медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», як нафар бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва як нафари дигар бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин 30 август муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба чанд нафар кормандони Бонки миллӣ ҷоизаҳо тақдим намуд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид зимни тақдими мукофотҳои давлатӣ таъкид намуд, ки давоми солҳои охир низоми бонкии кишвар бомарому устувор рушд намуда истодааст ва сарфароз гардидани кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ далели қадршиносии роҳбарияти мамлакат аз заҳматҳову талошҳои онҳо ҷиҳати рушди соҳа, таҳлилу пешниҳодҳои муфид, татбиқи ислоҳот дар низом ва рушди иқтисодиёти кишвар мебошад.

2 сентябр Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба НБО «Роғун» рафта, дар  баробари шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мукофотҳои давлатӣ  супорид.

Дар маҷмӯъ 18 нафар, аз ҷумла 13 нафар бо медали «Хизмати шоиста», як нафар бо медали «Шафқат» ва 4 нафар бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, 2 сентябр Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон дар Кумитаи телевизион ва радио ба кормандони телевизионҳо ва радиоҳои давлатӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлололият мукофтҳои давлатиро супорид.

Дар ин маросим, аз ҷумла 14 нафар бо медали «Хизмати шоиста», 8 нафар бо медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 4 нафар бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон 2 сентябри соли равон дар толори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз ҷониби сардори Раёсати кафолати иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолони иттифоқи касабаи соҳа, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ супорида шуд.

Аз ҷумла,  4 нафар бо медали “Хизмати шоиста” ва дигар кормандони федератсияи мазкур бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода барои тақдими мукофотҳои давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чор нафар корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои олии давлатӣ, аз ҷумла  ду  нафар бо медали “Хизмати шоиста ” ва ду нафар бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шуданд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин вазорат барои хизмати содиқонаву софдилона ва саҳми арзанда дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо дар вазъияти идона супорида шуданд.

Инчунин бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд нафар кормандон барои хизмати арзанда ва саҳми назаррас гузоштан дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мукофотҳои соҳавӣ ва рутбаҳои навбатӣ тақдим карда шуд.

Имрӯз,  3 сентябр Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Ализода дар  бинои Суди олӣ дар вазъияти тантанавӣ ба 7 нафар корманди  мақомоти судӣ,  аз ҷумла ба 6 нафар медали “Хизмати шоиста” ва ба 1 нафар Ифтихорнома супорид.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар корманди соҳаи кишоварзиро бо медали «Хизмати шоиста» ва 1 нафарро бо «Ифтихорнома» сарфароз гардониданд.

2 сентябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ва Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода 10 нафар кормандони соҳа  бо медали «Хизмати шоиста», 1 нафар бо медали “30-солагии Истиқлолият” ва  3 нафар бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

3 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо иштироки мушовири калони  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Содиқ Шоназаров  ду корманди Суди Олии иқтисодӣ бо медали «Хизмати шоиста» ва як нафар бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илм маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ доир гардид, ки дар он  муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иштирок намуд. Дар ин маросим  1 нафар бо ордени «Дӯстӣ», 17 нафар бо медали «Хизмати шоиста», 2 нафар бо унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Бо иштироки муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофоти давлатӣ доир шуд.

Дар ин маросим 1 нафар бо медали «Хизмати шоиста» ва 1 нафар бо медали «30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ  шуданд.

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии идона доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок намуданд.

Дар ин чорабинӣ аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба як қатор кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба як нафар ордени «Шараф дараҷаи 1», ба 13 нафар медали «Хизмати шоиста» ва ба 6 нафар  унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» тақдим карда шуд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳошияи ин маҷлис барои иштироки фаъолона дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, хизмати содиқона ба халқ, саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, тақвияти ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, густариши маърифату фарҳанг ва ҷалби мардум ба корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони масъули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ ва Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

София ШОИК,
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
Саъдулло АБДУЛЛО,
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2021 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд