Ба Тоҷикистон 100 ҳазору 800 воя ваксинаи «AstraZeneca» ворид гардид
ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 9 сентябр аз ҷониби Олмон ба Тоҷикистон 100 ҳазору 800 воя ваксинаи «AstraZeneca» ҳамчун кумаки башардӯстона ворид гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кумаки мазкур дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 расонида шуд.
Маросими расмии қабули ваксинаҳо имрӯз, 10 сентябр дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон ва шарикони рушд баргузор гардид.
Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода зимни мулоқот бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон ба ҳукумати ин кишвар ҷиҳати таҳвили ваксинаи «AstraZeneca» ба мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ваксинаҳои мазкур дар анборҳои махсус нигаҳдорӣ шуда, дар асоси нақшаи пешбинишуда ба аҳолӣ гузаронида мешаванд.
Аксҳо аз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон









ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






