Бабри барфӣ дар Тоҷикистон аз ҳифозати махсус бархурдор аст,- бардошт аз конфронси илмӣ-назариявӣ дар Хоруғ
ХОРУҒ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ва Институти биологии Помир дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар мавзӯи «Муйян намудани нишонаҳои мавҷудияти бабри барфӣ аз рӯи изи по барои ташкилоти ҳифзи табиати ҷумҳурӣ ва шарикони онҳо» конфронси илмӣ-назариявӣ доир гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Дар кори конфронс устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ва олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ширкат намуданд. Дар конфронс ноиби президенти АМИТ Абдусаттор Саидов дар бораи макони зисти бабри барфӣ, муайян намудани саршумори он аз рӯи изи по, пурра муайян намудани саршумори дақиқи ин ҷонвари нодир, нақши сокинони манотиқи кӯҳистон дар ҳифзу афзоиши саршумори бабри барфӣ дар худуди силсилакӯҳҳои Помир ба аҳли толор маълумоти ҷолиб манзур намуд.
Дар конфронс тазаккур дода шуд, ки бабри барфӣ ё озодапаланг дар силсилакӯҳҳои Ҳимолой, Қароқурум, Ҳиндукуш, Тиён-Шон, Олтой ва Кунлун сукунат дорад. Точикистон яке аз маконҳои сукунати бабри барфӣ ба ҳисоб рафта, ин намуд ҳайвони нодир дар деҳоти назди кӯҳдоманҳои Помири шарқию ғарбӣ бештар вомехӯрад.
Дар чанд соли охир пайдо кардани ғизо барои бабри барфӣ ба мушкилӣ муяссар мегардад ва аз ин рӯ онҳо аз ночорӣ ба макони зисти одамон мефароянд. Назар ба таҳқиқоти рӯзноманигор Қурбон Аламшоев, дар тӯли 10 соли охир дар ҳудуди вилоят 21 ҳодисаи ҳамлаи бабри барфӣ ба ҳайвоноти хонагии сокинони деҳот сабт шудааст. Аммо сарфи назар аз хисороти калони молӣ соҳибони ҳайвоноти хонагӣ бабри барфиро ба озодӣ сар доданд.
Ин шаҳодати он аст, ки корҳои тарғиботию ташвиқотии мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ натиҷаҳои хуб ба бор оварда, маърифати экологии сокинони деҳот сол аз сол баланд мегардад ва олами парандагону ҳайвоноти ваҳшӣ дар табиат худро орому осуда эҳсос мекунад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






