Дар Хатлон таҳти унвони «Даҳаи тантанаҳо» барномаҳои идонаи ҳизбиён баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 04.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти унвони «Даҳаи тантанаҳо» барномаҳои идона ҷараён доранд.
Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, чунин чорабинӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳоҷӣ Шариф» сурат гирифта, дар он маҳсули ҳунари аъзои ташкилоти ибтидоӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода, роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб иштирок доштанд.
Зимни баргузории маҳфил доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, ҳифзу нигҳдории онҳо, сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта шуд. Зикр гардид, ки бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ 26 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Хушбахтона, тайи ин се сол ҷиҳати рушду равнақи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои муассир роҳандозӣ ва амалӣ карда шуданд. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ имконияти мусоид барои кулли ҳунармандон, хусусан занону бонувон фароҳам оварда шуд ва дар баробари корхонаҳои хурду бузурги ҳунармандӣ ҳамчунин навъҳои гуногуни ҳунарҳои дастӣ дубора эҳё гардиданд.
Дар идомаи чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба ҳунармандон ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар маслиҳат дод, ки дар тарғиби маҳсули ҳунар аз саҳифаҳои интернетии ҳизбӣ, аз ҷумла гурӯҳи фейсбукии “Ҳунарҳои мардумӣ”, ки аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон таъсис ёфтааст, истифода баранд.
Дар хотима чанд нафар фаъолони ҲХДТ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






