Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД баргузор мегардад

Сентябрь 15, 2021 08:11

ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттиллои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни ҷаласаи муштарак роҳбарони ҳайатҳо оид ба вазъи низомӣ-сиёсии минтақаҳои амнияти дастҷамъии СААД мубодилаи афкор менамоянд ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 18 феврали соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, муҳокима хоҳанд кард.

Аз сӯи ҷонибҳо маълумоти Дабири кулли СААД Станислав Зас дар бораи ҷараёни омодасозии лоиҳаи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян оид ба самтҳои авлавиятноки фаъолият дар давраи раёсати Арманистон дар Созмон шунида хоҳад шуд.

Дар натиҷаи ҷаласаи муштарак қабули беш аз 20 қарор ба нақша гирифта шудааст.

Дар анҷоми ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) изҳороти матбуотӣ бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дабири кулли СААД баргузор мегардад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2021 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд