Макрон: ҷаҳон ба толибон шарт гузошт

Сентябрь 1, 2021 13:57

ДУШАНБЕ, 01.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии TF1 гуфт, ки гуфтушунид бо «Толибон» (созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) маънои эътирофи минбаъдаи расмии онро надорад. Дар ин бора  «Рамблер»  хабар медиҳад. 

Роҳбари Ҷумҳурии панҷум дирӯз тасдиқ кард, ки музокирот бо толибон идома дошта, онҳо ба кумаки башардӯстона ва тахлияи  афғонҳое, ки ба муҳофизат ниёз доранд, дахл доранд.

Мо бояд иқрор шавем: онҳое, ки Кобул ва қаламрави Афғонистонро назорат мекунанд, толибон мебошанд. Аз ин рӯ, аз ҷиҳати амалиётӣ, аз нуқтаи назари амалӣ, мо бояд мубоҳисаҳо гузаронем, тавре ки ба ин кор шурӯъ кардем. Вақте ки ман «мо» мегӯям, сухан дар бораи ҷомеаи байналмилалӣ меравад, — гуфт Макрон.

Вай афзуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба толибон шарт гузоштааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳаракат бояд қонунҳои башардӯстона, ҳуқуқи инсон ва «шаъну шарафи занони афғон», ҳуқуқи шаҳрвандонро эҳтиром кунад ва инчунин бо гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон фаъолияти муштарак набарад.

Қаблан маълум шуд, ки Фаронса ва Британияи Кабир аз СММ даъват хоҳанд кард, ки масъалаи таъсиси «минтақаи амниятӣ» дар Кобул- пойтахти Афғонистонро омӯзад. Дар ин бора Эммануэл Макрон изҳор дошт. Роҳбари Фаронса зикр кард, ки «минтақаи амният» барои гузаронидани амалиёти башардӯстона дар минтақа имкон медиҳад. Макрон афзуд, Фаронса ва Британияи Кабир лоиҳаи қатънома дар бораи таъсиси чунин минтақа дар Кобулро ба СММ пешниҳод хоҳанд кард. Дар ин бора «Рамблер» хабар медиҳад. 

АКС: «Global Look Press»

Сентябрь 1, 2021 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мамлакат оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм баррасӣ карда шуд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд