Ғолибони Мусобиқаи дуюми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 13.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ — гӯштингирӣ баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Мусобиқаи дуюми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Узбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат намуданд.
Рақобатҳо дар вазнҳои 60кг, 70кг, 80кг, 90кг, +90кг миёни мардон ва вазни 65кг миёни бонувон ҷараён гирифта, ба ғолибони ҳар шаш вазн шоҳҷоиза – мошин, ба барандагони медалҳои нуқра 3000 доллари ИМА ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 доллари ИМА тақдим гардид.
Ғолибону ҷоизадорони Мусобиқаи дуюми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ:
Бонувон
65кг
- Камила БОБУРОВА (Россия)
- Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА (Тоҷикистон)
- Ҷонона НАЗАРОВА (Тоҷикистон)
- Жанара КАШКИН (Қазоқистон)
Мардҳо
60кг
- Хайрандеш МУРОДЗОДА (Тоҷикистон)
- Ҳақдод ГУЛОВ (Тоҷикистон)
- Сорбон ЛАТИФОВ (Тоҷикистон)
- Муҳаммадӣ БАРИМ (Эрон)
70кг
- Мирзоҷамил РАМАЗОНОВ (Тоҷикистон)
- Муллораҷаб ХАЛИФАЕВ (Тоҷикистон)
- Аҳмад МАСЪУД (Тоҷикистон)
- Дилшод ҶӮРАЕВ (Узбекистон)
80кг
- Умар БОЗОРОВ (Узбекистон)
- Ҳамроз РАҶАБОВ (Тоҷикистон)
- Муҳаммад АБДУҶАЛИЛОВ (Тоҷикистон)
- Ҳайдар САИДАКБАРЗОДА (Тоҷикистон)
90кг
- Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (Тоҷикистон)
- Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (Тоҷикистон)
- Гергий ПОПУНАШВИЛӢ (Гурҷистон)
- Ҷонибек КОЗОКОВ (Узбекистон)
+90кг
- Темур РАҲИМОВ (Тоҷикистон)
- Бекмурод ОЛТИБОЕВ (Узбекистон)
- Шарифҷон НАЗРИЕВ (Тоҷикистон)
- Иброҳим ШАҲРИЁР (Эрон)
Ҳамчунин ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бештари медалҳоро соҳиб шуд, ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 1000 доллари ИМА супорида шуд.
Ин Мусобиқаи дуюми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ – гӯштингирӣ дар Тоҷикистон аст. Сабқати аввал моҳи июни имсол ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуда буд.
АКСҲО аз КМО Тоҷикистон










БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






