Рӯзҳои наздик якбора сафари расмии роҳбарони аввали се давлат ба Тоҷикистон дар назар аст

Сентябрь 13, 2021 08:51

ДУШАНБЕ, 13.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи дуюми моҳи сентябр якбора сафари расмии мақомоти баландпояи се давлат ба Тоҷикистон дар назар аст. Ба Душанбе бо сафари расмӣ президентҳои Русия Владимир Путин ва Эрон Иброҳим Раисӣ, инчунин сарвазири Покистон Имрон Хон ташриф меоранд. 

Ҳамзамон дар ин рӯзҳо баргузории 20 -умин саммити ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ ва мулоқоти сарони кишварҳои СААД дар назар аст. 

Ҳамин тариқ, бори аввал пас аз эълони пандемияи COVID-19 дар пойтахти Тоҷикистон сарони чанд давлати ҷаҳон дар қолаби ҳузурӣ, аммо бо риояи қатъии ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ мулоқот хоҳанд кард. 

Айни замон корҳои муҳим дар самти омодагӣ ва баргузории ин чорабиниҳо, аз ҷумла пурра кардани қисми муҳими сафари расмии ба нақша гирифтаи раҳбарони Русия, Эрон ва Покистон идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки Русия яке аз шарикони асосии иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва дар охири соли 2020 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистон ва Русия тақрибан 1 миллиард долларро ташкил дод. Дар баррасии ду ҷониб то имрӯз тақрибан 40 санади лоиҳавӣ қарор доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, зимни сафари расмии Президенти ФР Владимир Путин ба Тоҷикистон зиёда аз бист санади нав ба имзо хоҳанд расид. Бино ба иттилои манбаъ, президентони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар маросими санги асос гузоштан ба таҳкурсии панҷ мактаби таълимӣ бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода дар шакли видеоконференсия ширкат хоҳанд кард.

Барои президенти тозаинтихоби Эрон Иброҳим Раисӣ сафари расмӣ ба Тоҷикистон аввалин сафари хориҷӣ дар ин вазифа хоҳад буд. Вай ҳамчунин дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат хоҳад кард, ки дар он масъалаи шомилшавии Эрон ба СҲШ баррасӣ мешавад. Дар ин бора расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳанд. Ҳоло Эрон ба мисли Беларус, Афғонистон, Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро дорад.

Теҳрон ҳанӯз соли 2005 дар Созмони Ҳамкории Шанхай мақоми нозир гирифт ва пас аз он барои узвияти комил дар соли 2008 дархост дод. Аммо то соли 2015 Эрон наметавонист бинобар таҳримҳои байналмилалии бар зиддаш эълоншуда ба узвияти ин иттиҳод пазируфта шавад. Тибқи муқаррароти СҲШ, кишваре, ки таҳти таҳрими Шӯрои Амнияти СММ қарор дорад, наметавонад узви он шавад, бар зидди Эрон бошад якчанд чораҳои маҳдудкунанда татбиқ мешуданд. Таҳримҳо соли 2015 — замоне бекор карда шуданд, ки Теҳрон барои маҳдуд кардани барномаи ҳастаияш розӣ шуд.

Ҳайати Афғонистон дар нишасти ҷашнии СҲШ иштирок намекунад. Дар ин бора намояндаи  махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба корҳои СҲШ, намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ Бахтиёр Ҳакимов дар мусоҳиба бо ТАСС хабар дод. Дар айни замон ба СҲШ ҳашт кишвар шомил мешаванд: Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон. Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 16-17 сентябр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, барои ин созмон ҷашнӣ хоҳад шуд: он 20 сол пеш таъсис ёфтааст.

Тавре ки ба АМИТ «Ховар» маълум шуд, барои иштирокчиёни вохӯрӣ Тоҷикистон ҳамчун раиси созмон бо номи «Шоми дӯстӣ» барномаи калони фарҳангӣ ва бахшида ба ҷашни созмон филми хроникӣ-ҳуҷҷатӣ манзур менамояд. Илова бар ин, медали ҷашнии СҲШ омода мешавад.                                                 

АКСИ иллюстративӣ: sco-russia2020.ru

Сентябрь 13, 2021 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Густариши робитаҳои молиявии Тоҷикистон ва Қатар мавриди муҳокима қарор гирифт
Байни мақомоти стандартизатсияи Тоҷикистон ва Узбекистон «Харитаи роҳ» омода карда мешавад
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии маълумот ва зеҳни сунъии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми марказҳои таҳлилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Институти дипломатии Кувайт ба номи Сауд Ан-Носир Ас-Сабоҳ мулоқот намуд
Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид