Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон густариш меёбанд
ДУШАНБЕ, 17.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода бо Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ мулоқот намуд.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон сафари ҳайати расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистонро барои тақвияти муносиботи дӯстонаи ду кишвари ҳамзабон муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҷониби Тоҷикистон аз ташрифи дӯстони ҳамзабони худ ба кишвари хеш самимона истиқбол менамояд.
«Бояд гуфта шавад, ки зарурати роҳандозӣ ва тавсеаи ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон борҳо дар вохӯриҳои сатҳи баланд миёни роҳбарони олии сиёсии Тоҷикистону Эрон, инчунин дар сатҳи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду кишвар муҳокима гардида буданд ва натиҷаҳои дилхоҳ ҳам ба даст омадааст”-таъкид намуд Файзулло Баротзода.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Робитаҳои байнипорлумонии Тоҷикистон ва Эрон, -гуфт Файзулло Баротзода,- дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба барқарор шудаанд. Миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон “Гурӯҳи дӯстӣ”-и байнипорлумонӣ амал менамояд. Сафари аъзои гурӯҳҳои дӯстии байнипорлумонии ҳарду кишвар ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти гуногунҷабҳаи парламентҳо, боздиди онҳо аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин дидору мулоқот бо роҳбарони вазорату идораҳои ҳарду ҷониб анҷом гирифтаанд.
Мавсуф доштани таърих, забон, фарҳанг ва ойини муштарак байни миллатҳои тоҷику эрониро яке аз омилҳои асосии густариши муносиботи ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо арзёбӣ кард. Тазаккур дода шуд, ки фарҳангу тамаддуни миллати тоҷику эронӣ тайи қарнҳои гузашта тамоми дунёро фаро гирифта буд ва имрӯз низ ин тамаддуну фарҳанг тавассути ворисони нобиғагони ин миллатҳо ба дунёи муосир муаррифӣ мешавад.
Файзулло Баротзода табодули таҷриба дар соҳаи илму фарҳанг байни аҳли илму адаби ҳарду миллатро омили муҳими таҳкими муносиботи илмиву фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Эрон маънидод карда, таъкид дошт, ки намояндагони илму адаби миллатҳои мо ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим байни якдигар мукотиба ва табодули таҷрибаро ба роҳ монда буданд.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз таърихи соҳибистиқлол шудани ҷумҳурии мо оғоз гирифтааст, соҳаҳои мухталифи фаъолиятҳои иқтисодию тиҷоратиро фаро мегиранд.
«Барои пешбурду ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни Тоҷикистону Эрон тамоми асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, дар ин самт санадҳои зиёди танзимкунандаи ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидаанд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, фарҳангро дар бар мегиранд», — гуфт Раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид шуд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ҷойгоҳ ва саҳми боризи худро дорад. Гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар фаъолияти худ ин рисолатро ба ваҷҳи писандида анҷом хоҳанд дод.
Акс аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ








Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
Файзалӣ Идизода дар музокироти умумии Ассамблеяи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истанбул иштирок намуд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ ва иҷлосияи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
ДУШАНБЕ — НИГИНИ КИШВАРИ ОФТОБИИ ТОҶИКОН. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон бахшида мешавад
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид






