ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС БА СОҲАТ РАСИД. Ба гуфтаи вирусологи тоҷик Саидбек Сатторов, ин ҳолат моҳи август рух дода буд, ҳоло ин беморӣ коҳиш меёбад

Сентябрь 10, 2021 16:04

ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳон аз рӯи паҳншавии коронавирус ба соҳат расидааст, аммо дар минтақаҳо ҳолатҳои мухталиф мушоҳида мешаванд. Дар ин бора коршиноси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Мария ван Керкхове 7 сентябр зимни пахши онлайнии саволу ҷавоб бо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори назар кард.

Ба гуфтаи донишманди тоҷик, профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Саидбек Сатторов, Тоҷикистон аз  рӯи паҳншавии коронавирус 20 август ба сатҳи соҳат расида буд ва он аввали моҳи сентябр ба охир расид.

«Мувофиқи ҳисобҳои ман, ҳоло ҳолати паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ мӯътадил буда, рӯ ба коҳиш аст. Инро метавон натиҷаи хуб арзёбӣ намуд. То ин дам, омор пайваста рӯ ба афзоиш буд. Ҳар рӯз тақрибан аз 40 то 46 гирифтори ин беморӣ ба қайд гирифта мешуд. Аз аввали моҳи сентябр ин шумора коҳиш ёфт. Дар рӯзҳои аввали моҳи сентябр, аллакай аз 20 то 29 нафар гирифторон ба коронавирус ба қайд гирифта мешуданд ва ҳоло он хеле камтар аст», — гуфт ӯ.

Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 10 сентябр дар кишвар 12 нафар бо коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шудаанд.

Тибқи пешгӯиҳои Саидбек Сатторов, минбаъд шумораи гирифторон бояд коҳиш ёбад.

Таҳти мафҳуми «расидан ба соҳат» (плато/plateau) такроршавии  шумораи сироятҳои нав фаҳмида мешавад. Яъне, шумораи сироятҳои нав муддати тӯлонӣ бетағйир боқӣ мемонад ва пасон коҳиш меёбад.

                                               АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2021 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон