Тоҷикистон бо ширкатҳои Туркия дар соҳаи техникаи кишоварзӣ робитаҳои мустаҳками ҳамкорӣ дорад

Сентябрь 16, 2021 14:56

ДУШАНБЕ, 16.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои тӯлонист, ки бо Туркия ва ширкатҳои гуногуни ин кишвар робитаҳои мустаҳками ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунҷанба дорад. Кишоварзӣ ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои Туркия  яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисодии миллӣ буда, қисми муҳими ҳаҷми тиҷорати байни ду кишварро ташкил медиҳад. Хусусан дар солҳои охир, бо афзоиши корхонаҳои тавлиди техникаи кишоварзӣ дар Туркия ҳаҷми тиҷорат байни ду кишвар низ рушд ва афзоиш ёфт. Дар ин мавзӯъ Меҳмед ГОКМЕНЛЕР, раиси фирмаи “Гокменлер техникаи кишоварзӣ” (Gökmenler Tarım Makinaları)  дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ “Ховар” дар Туркия Манижа МАҚСУДОВА чунин изҳори назар  намуд:

-Мо ҳамкориро бо соҳибкорони тоҷик тақрибан панҷ сол пеш шурӯъ намудем. Дар тӯли ин солҳо сафари расмии худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, дар онҷо бо соҳибкорон, кишоварзон, деҳқонон аз наздик шинос шудем. Мо худ шоҳиди он гардидем, ки то чӣ андоза Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи кишоварзӣ сармоягузорӣ менамояд. Инчунин бозори Тоҷикистонро низ аз наздик таҳлил намудем. Ҳоло ҳаҷми табодули мол байни Тоҷикистон ва Туркия дар сатҳи хуб аст, вале мо тарафдори боз ҳам афзоиш ва рушди ҳамкории дуҷониба ҳастем.

Бояд зикр кард, ки фирмаи “Гокменлер” яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсоли техникаи кишоварзӣ дар шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия буда, аз соли 2003 бо зиёда аз 40 кишвари хориҷӣ, ба мисли ИМА, Озарбойҷон, Булғористон, Марокаш, Африқои Ҷанубӣ, Гурҷистон, Ироқ, Эрон, Исроил, Италия, Кипр, Либия, Маҷористон, Македония, Руминия, Русия, Судон, Чили, Тоҷикистон ва ғайра ҳамзамон робитаҳои мустаҳками дуҷониба дорад. Ин ширкат инчунин дорои намояндагӣ дар 20 давлат мебошад, ки яке аз онҳо дар Тоҷикистон аст. Дар ин бора намояндаи ширкат ҳангоми мусоҳиба гуфт, ки “ягона намояндагии фирмаи “Гокменлер” дар минтақаи Осиёи Миёна дар Тоҷикистон мебошад. Аз ин фирма ба бозори Тоҷикистон комбайнҳои гуногуни ғалладараву алафғундор, порчаҳо барои тракторҳои шудгоркунанда, нармкунакҳо, порчаҳои дигари техникаи кишоварзӣ ворид мегарданд”.

Мехмед Гокменлер изҳор дошт, ки “онҳо дар ярмаркаҳои кишоварзии ҳам дохилӣ ва ҳам байналмилалӣ иштирок намуда, намояндаҳои фирмаи худро аз дигар кишварҳо низ даъват мекунанд. Дар яке аз чунин намоишҳои муҳим, ки дар шаҳри Бурсаи Туркия баргузор гардид, якҷо бо ҳайати Тоҷикистон иштирок намудем. Имсол бо сабаби вазъи коронавирус дар ҷаҳон бисёр ярмаркаҳои кишоварзӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба таъхир андохта шуданд. Яке аз чунин ярмаркаҳо бояд моҳи июн дар Беларус баргузор мегардид. Вале бо сабаби пандемия, ин чорабинӣ аз ҷониби Ҳукумати он кишвар ба таъхир гузошта шуд. Умедворем, то ин чорабинӣ ҳарчи зудтар баргузор гардад ва мо низ бо ҳайати Тоҷикистон дар он иштирок варзем”.

«Сатек” (Satek Tarım) яке аз дигар ширкатҳои Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи техникаи кишоварзӣ буда, бо соҳибкорони Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад. Раиси Шӯрои директорони ин ширкат Садеттин Текин дар мусоҳиба, ки дар шаҳри Қуния баргузор гардид, оид ба робитаҳои тиҷоратиашон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Ӯ зикр кард, ки фирмаи “Сатек” истеҳсолкунандаи комбайнҳои ғалладараву алафғундор ва порчаҳои ин техника буда, аз соли 2016 ҳамзамон бо Тоҷикистон ва 16 давлати хориҷӣ, ба мисли Узбекистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Русия, Македония, Руминия ва Тунис робитаҳои хуби тиҷоратӣ дорад.

Ҳайати ин ширкат аввалин сафари кории худро ба Тоҷикистон моҳи майи соли 2018 анҷом дода буд. Садеттин Текин дар бораи сафари расмиашон ба Душанбе-Хуҷанд ва оид ба имконоти ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуд. Ӯ мегӯяд, “муҳимтарин омили созишномаи мо бо соҳибкорони тоҷик он аст, ки коргарони соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонони Тоҷикистон ниёзҳои дақиқи худро медонанд. Ин ҳама нишонаи он аст, ки стратегияи давлатии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ то чӣ андоза хуб аст”.

Аксҳо аз муаллиф

 

Сентябрь 16, 2021 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингард оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда мешавад
Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 муаррифӣ гардид
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
Дар даҳ соли охир ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 670 миллиард сомонӣ равона гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид