Абдулраззоқ Гурна барандаи Ҷоизаи Нобел-2021 дар бахши адабиёт гардид

Октябрь 7, 2021 16:09

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нависанда аз Танзания Абдулраззоқ Гурна барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт дар соли 2021 гардид. Дар ин бора имрӯз, 7 октябр Кумитаи нобелии Академияи Шветсия хабар дод.

Дар қарори кумита гуфта мешавад, ки ҷоиза ба Гурна «барои ошкоро ва ҳассосона нишон додани оқибатҳои мустамликадорӣ ва сарнавишти паноҳандагон дар гирдоби фарҳангҳо ва қитъаҳо» дода шудааст.

Ҳафтаи Нобел 4 октябр оғоз шуда, то 11 октябр идома меёбад. Барандагони яке аз бонуфузтарин ҷоизаҳои байналмилалӣ дар Стокҳолм ва Осло эълон мешаванд.

Ҷоизаи Нобел барои дастовардҳои арзанда дар соҳаи тиб, физика, химия, иқтисод, адабиёт ва хидмати ҷамъиятӣ дода мешавад. Имсол аз маросими умумӣ дашт кашида шуд. Барандагон соҳиби чунин мукофот мешаванд: диплом, медали тилло ва мукофотпулӣ, ки соли 2021 10 миллион крони Шветсияро ташкил хоҳад дод.

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Нависандаи танзанӣ Абдулраззоқ Гурна соли 1948 дар ҷазираи Занзибар ба дунё омада, дар оилаи мусулмони арабитабор таваллуд шудааст. Соли 1968, бинобар эҳсосоти зидди арабҳо дар Занзибар, ӯ ба Британия кӯчид ва дар он ҷо таҳсилро идома дод. Аз соли 1980 то 1982 дар Донишгоҳи Байеро дар Нигерия дарс гуфтааст. Соли 1982 унвони доктори илмро дар Донишгоҳи Кенти Британияи Кабир соҳиб шудааст. Соли 1985, ӯ ба сифати омӯзгор ба алма-матер қабул карда шуд ва оид ба адабиёти пас аз мустамликавӣ ва фаъолияти адибони ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, ба аҳли мустамликаҳои Британия дар шарқи Африқо, Ҳиндустон ва ҷазираҳои Кариб дарс мегуфт. Айни замон профессор Гурна аспирантураи кафедраи забони англисии Донишгоҳи Кентро роҳбарӣ мекунад.

Ӯ муҳаррири иҷроияи маҷмӯаи дуҷилдаи «Очеркҳо дар бораи хати Африқо» гардида, муҳарририи «Компаньона к Салману Рушди» ва маҷаллаи «Уасафири»-ро бар дӯш дорад. Муаллифи тадқиқот дар бораи як қатор нависандагони муосири постколониалистӣ мебошад.

Гурна ҳамчунин муаллифи асарҳо, ба мисли «Память об отъезде», «Путь паломников», «Рай», «Восхищение тишиной», «Дезертирство», «Последний Подарок» «Гравийное сердце» ва  маҷмӯаи ҳикояҳои «Моя мама жила на ферме в Африке» мебошад.

АКС: Кумитаи нобелии Академияи Шветсия

Октябрь 7, 2021 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад