Ҷавобгарӣ барои қонунвайронкунӣ аз тарафи пиёдагардон пурзӯр мегардад

Октябрь 11, 2021 16:40

ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶумҳурииТоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, зимни баррасии масъала зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади таҳияи лоиҳаи мазкур пурзўр намудани ҷавобгарӣ барои баъзе қонунвайронкуниҳо ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла қонунвайронкуниҳои аз тарафи пиёдагардон содиршуда мебошад.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди муайяни ба вуҷуд овардани ҳодисаҳои садамаҳои роҳу нақлиётӣ аз ҷониби пиёдагардон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузаштани онҳо ба амал меоянд.

Солҳои охир маҳз бо иқдом ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон соҳаи роҳсозӣ бомаром рушд намуда, дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе роҳҳои мошингарди истифодаи умум, аз ҷумла роҳҳои сесатҳа (эстакадаҳо)  ба истифода дода шудаанд.

Тибқи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, дар пулҳо, роҳҳои болои ҳам сохташуда, роҳҳои сесатҳа (эстакадаҳо) гаштугузор, рафтуомади пиёдагардон манъ буда, онҳо танҳо бояд аз гузаргоҳҳои зеризаминии дар сатҳи дуюм сохташуда истифода намоянд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус дар роҳҳои автомобилгардеро, ки дар он шумораи зиёди нақлиёт ҳаракат менамоянд,  вайрон карда, аз ҷойҳои  муқаррарнашуда гузашта, ҳаёт ва саломатии худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд.

Соли 2020 дар ҳудуди  шаҳри Душанбе 183132 адад вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шуда, 35926 адади он аз тарафи пиёдагардон содир гардидааст.

Ҷазоҳои ба тариқи маъмурӣ татбиқгардида оид ба ин намуди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба монанди огоҳӣ ва ҷаримаҳои ночиз ба беҳтар шудани ҳолати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо аз ҷониби пиёдагардон мусоидат намекунад.

Инчунин дар лоиҳаи қонун масъалаи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои аз сабзазор ё гулзори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин гузаштан низ пешбинӣ гардидааст.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагӣ талаб наменамояд.

АКС аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Октябрь 11, 2021 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
КОНФРОНСИ ЧОРУМИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои давлатҳои Авруосиё баргузор гардид
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тақвият меёбад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид