COVID-19. Омори сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Октябрь 4, 2021 13:50

ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, давоми 24 соати охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора шоми 3 октябр ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зикр шуд, ки аз оғози бақайдгирӣ то 3 октябр дар кишвар 17084 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 16960 нафар шифо ёфтаанд. 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз вазъи коронавирус дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ огоҳ шуданд.

Ба ҳолати 3 октябр дар Узбекистон 175715 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 расман ба қайд гирифта шуда, шумораи фавтидагон 1249 нафарро ташкил медиҳад, хабар доданд аз Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Узбекистон. То имрӯз 169 ҳазору 866 нафар беморон шифо ёфтаанд, ки сатҳи миёнаи табобат 97 фоизро ташкил медиҳад.

Дар шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 1717 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Агентии байналмилалии иттилоотии “Казинформ”. Дар маҷмӯъ, дар кишвар 892 ҳазору 710 ҳолати гирифторӣ ба беморӣ муайян шуда, аз онҳо 11 323 нафар фавтидаанд.

Ҳамзамон дар як рӯзи охир дар кишвар 1913 нафар аз сирояти коронавирус шифо ёфта, шумораи умумии шифоёфтагон 830 241 нафарро ташкил додааст.

Дар Қирғизистон то 3 октябр 60 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 ва пневмония ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Агентии миллии иттилоотии Кабар. Дар маҷмӯъ, дар тамоми давра 178 ҳазору 740 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Давоми рӯз аз коронавирус 86 нафар ва дар тамоми давра 173 ҳазору 471 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ин шабонарӯз ягон ҳолати фавт аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, дар ин муддат 2 ҳазору 607 нафар ҷон бохтаанд.

 

ДАР АКС: дар Туркманистон гарчанде ягон ҳолати сирояти COVID-19 расман ба қайд гирифта нашудааст, вале меъёри ниқоб ҷорӣ гардидааст. Акс аз манбаъҳои боз

Октябрь 4, 2021 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»