Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири саноат ва технологияи Туркия (ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ) Мустафа Варанк баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаи танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки 11-13 октябри соли 2021 дар Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки миёни кишварҳо иқтидори зиёд дар рушди ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми табодули тиҷоратӣ мавҷуд мебошад ва бинобар ин ташаббусҳои бахши хусусии Тоҷикистон ва Туркия дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳаматарафа ҷонибдорӣ шавад.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мулоқоти муфид барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкур сурат гирифт.
АКС аз ВКХ ҶТ








Таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии Тоҷикистон ва Умон баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
Дар Масқат рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқот намуд
Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид
Cафири нави Муғулистон дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ мулоқот намуд
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд






