Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 40 фоизро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз якуми октябр дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, аллакай давоми даҳ рўзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 40 фоизро ташкил медиҳад, хабар дод ба хабарнигори АМИТ “Ховар” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода.
Давоми даҳ рӯзи идомаи чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ миёни вилоятҳо иҷрои нақша дар ВМКБ ба 100 фоиз баробар буда, аллакай дар ин минтақа ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон, Мурғоб, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ дар хусуси пурра ба анҷом расонидани нақшаи даъват гузориш доданд.
Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ муташаккилона идома дошта, иҷрои нақша дар ин вилоят давоми даҳ рӯз ба 32 фоиз баробар мебошад.
Зикр карда шуд, ки аз маҷмӯи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дода, иҷрои нақша дар қаламрави ин вилоят 29 фоизро ташкил медиҳад.
Аз рӯзи оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ иҷрои нақша давоми даҳ рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 61 фоиз баробар буда, аллакай шаҳру навоҳии Ваҳдат, Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш аз анҷоми нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.
Ҳамин тариқ, дар комиссариатҳои ҳарбии чаҳор навоҳии пойтахт иҷрои нақша 49 фоизро ташкил медиҳад.
Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонуни мазкур, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш шомил мешаванд ва дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз сомонаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид






