«ФАЙЗУ ОБОДИВУ СЕРӢ РӮИ ХОН ОМАД, МЕҲРГОН ОМАД!..». Илҳоми Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз меҳрафшонию фаровонии ин иди қадимаи ниёгон

Октябрь 17, 2021 08:42

ДУШАНБЕ, 17.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Меҳргон — на танҳо иди ҳосилот ва  кишоварзон, балки ҷашни шеъру суруд низ ҳаст, зеро он бар меҳру муҳаббат — ин мавзӯи ҷовидонии адабиёт асос ёфтааст.

Дар зер мо нигоштаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛОро пешниҳоди хонандагон менамоем, ки бо илҳоми саршор аз омад-омади Меҳргон – ҷашни хосу оми ниёгон навишта шудааст.

Вақте сухан аз маросими милливу суннату анъанаҳои дерину таърихии халқамон меравад, бандаро ҳамеша эҳсоси ифтихору сарфарозӣ фаро мегирад. Зеро, воқеан ҳар маросиму суннати волои миллии мо ҷои сарфарозиву ифтихор дорад. Ҳар маросими миллии мо, аз ҷумла  Наврӯзи аҷам, ҷашни Сада ва Меҳргон ва даҳҳо суннатҳои волои миллиамон як ҷаҳон маърифат, фазилат, фалсафаву ҳикмат, фарҳангу санъати нотакрори худ, симои барҷаставу хосу бешабеҳи милливу таърихии худро доранд.

Камол Насрулло

Ҳар яке аз ин маросими фархундаву барҷастаи миллии тоҷикон худ як донишгоҳ, як мактаби олие мебошад, ки муассисаш халқи фозил ва шоиртабиати тоҷик буда,  асрҳо инҷониб миллати моро донишу адаб, фарҳангу маърифати баланд меомӯзонанд. Миллате, ки аз ин мактабҳо гузаштааст, мисли миллати мо, миллатест соҳибзавқу бафарҳанг, инсонпарвару хайрхоҳу некманишу некбин, маърифатпарвару башардӯст, зеро аз сифатҳои волои  сиришти халқи соҳибтамаддуни мо сиришта шудааст. Метавон беохир фазилатҳои Наврӯзи фархундақадамро  ном бурду ном бурд. Ҳамчунон аз суннатҳои волои маросими ҷашни Сада — яке аз қадимтарину фархундатарин суннатҳои башарӣ ва хуҷастагиҳои ҷашни дигари миллии тоҷикон Тиргон ҳикоятҳо кард.

Чун ҳоло  яке аз хуҷастатарин маросими миллии халқамон — ҷашни Меҳргон  фаро расидааст, мехоҳем аз фазилатҳои ин маросими неки миллии тоҷикӣ, ки аз фархундатарин ва ибратомӯзтарин маросими башарист, суҳбат ороем. Воқеан боз ҳам ҷои ифтихору сарфарозист, ки тамоми маросими номбурда ва даҳҳо ойинҳои дигари миллиамон, агар нек бингарем, аз доираи аҳамияти миллӣ фаротар рафтаву башарӣ ва умумиҷаҳонӣ шудаанд. Зеро ҳадафу ниятҳои волои ин маросим чунонанд, ки онҳо бар дарди тамоми башарият мехӯранд, онҳо маросиме ҳастанд, ки на фақат армони миллии мо, балки умеду ормони ҳама халқҳои олам, кулли одамизодро ифода мекунанд ва чунон ки солҳои охир мебинем, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо меҳру муҳаббат пазируфта мешаванд.

Аввалан бояд шукргузор аз Истиқлолияти давлатии кишварамон, аз сиёсати ватандӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон бошем, ки ба ин маросим ва суннатҳои миллии мо умри дубора доданд ва барои на фақат эҳёи тозаи онҳо, балки зуҳури дурахшонашон бо ҳусну оҳанги нав ва ҳадафҳои волои милливу инсонӣ мусоидат мекунанд.

Пешвои миллат муҳтара Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин ҷашни аҷдодии мо гуфтаанд: «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои  мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнда, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.

Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёкони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр  ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда шудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи он моҳро Меҳр гузоштанд.  Мувофиқи  ойини гузаштагонамон дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросими зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар даврҳои бостон шуғли аксарияти одамон  кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст».

Инак, дар асоси маълумоти сарчашмаҳои қадима ва пажӯҳишу таълифоти олимони ҳамзамонамон метавон баъзе хуҷастагиҳои ин ҷашни фархундаи миллиро пеши назар овард ва ёдрас шуд.

Худи ин далел, ки асоси истилоҳи Меҳргонро вожаи меҳр  ташкил додаасту вожаи меҳр дар забони тоҷикӣ чанд маънои хуҷаста дорад ва маънои аввалини гарму рӯшани он  муҳаббату дӯстдорист, самимияту инсонигарист  ва маънои дигари он Меҳр, яъне Офтоб аст, далели  иди муҳаббату дӯстдорӣ ва гармиву рӯшноӣ будани Меҳргон аст. Дар давраҳои қадими таърихӣ Худои нур ва офтобро  Митро мегуфтанд ва таърихнигорон пайдоиши ин идро ба ин ном вобаста донистаанд.  Таърихан Митро маънои Худои дӯстӣ, аҳд, ризоият, таҳаммулро дошта,  дар асри сеюми пеш аз мелод ҳамчун Худои офтоб шинохта шуда будааст. Дар мавриди Митро ва таърихи ону таъсиргузорияш ба халқҳои Шарқ сухан зиёд аст, ки ҳоҷат ба такрор нест.

Иди Меҳргон дар рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ ҳамчун иди шукронаи Офтоб ҷашн  гирифта мешудааст. Дар моҳи меҳр Офтоб ба бурҷи мизон қарор мегирад ва то аз он бароманаш як моҳро ташкил медиҳад. Меҳргон рӯзи меҳри моҳи меҳр, дар таърихи чаҳордаҳи моҳи меҳр, мутобиқ ба 8 октябр тибқи тақвими маъмули имрӯза  ҷашн гирифта мешавад.

Доир ба пайдоиши  иди Меҳргон ривоятҳои гуногун  низ  то ба мо омада расидаанд. Дар яке аз онҳо аз ҳукмронии тӯлонии Заҳҳоки морон  ва  бо морҳои одамхораш зулми зиёдеро ба мардум раво дидани ӯ ва ба дод омадани халқу шӯриши Коваи Оҳангар  ва вориси  тоҷу тахти сулолаи  қадимаи пешдодиён Фаридунро ба сари ҳокимият хондани онҳо сухан меравад, ки ин шӯриш бо пирӯзии Коваи оҳангар ва дар кӯҳи Дамованд маҳбас шудани Заҳҳоку бар тахти меросӣ бозгаштани Фаридун анҷом меёбад.

Дар гузашта анъанаҳои гуногуни барпо намудани иди Меҳргон  вуҷуд доштаанд. Рӯзҳои аввали  ин идро “Меҳргони омма” меномиданд ва он шаш рӯз идома ёфта, рӯзи охири онро “Ромрӯз” номидаву “Меҳргони хосса” мегуфтаанд.

Ҷашни Меҳргонро бо тантана, бо суруду мусиқӣ ва рақсу бозӣ барпо менамуданд. Ҳатто шоҳони даврони Ҳахоманишӣ танҳо дар ҳамин рӯз дар ҷашнгоҳ ҳуқуқи рақс кардан доштанд ва метавонистанд сархуш шаванд. Дар ин рӯз аз шоҳ то ғулом либоси арғувонӣ мепӯшиданд. Аз замони Фаридун анъана шудааст, ки мардум ба миён рӯмоли  махсуси арғувонӣ банданд ва суруд замзама кунанду вақти таом хӯрдан сухан нагӯянд.

Шоҳони давр ва ҳокимони вақт ба ҳамдигар ба муносибати иди Меҳргон туҳфаҳо мефиристоданд. Асосгузори сулолаи Сосониён дар ҳамин рӯз тоҷеро, ки дар он сурати офтоб нақш шуда буд, ба сар мениҳод ва ин минбаъд анъанаи мулкдорони Аҷам гардид.

Абӯрайҳони Берунӣ  нақл кардааст, ки дар саҳни даргоҳи  подшоҳон ҳангоми таҷлили ин ҷашн марди диловаре ҳангоми тулӯъи офтоб бо овози баланд чунин мегуфтааст: “Эй фариштагон, ба дунёи поин фуруд оед ва шаётину шаррҳоро банду баст кунед ва онҳоро аз рӯи замин дафъ намоед!”

Аз рӯи гуфти Салмони Форс Худованд барои зиннати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон офаридааст, аз ин рӯ ин ду айём дар фазл ҳамчун сангҳои пурбаҳои ёқуту забарҷад ҳастанд. Овардаанд, ки Худо Заминро дар ҳамин рӯз офарид ва ба ҷондорҳо ҷон ато карду муқарри (соҳиби) арвоҳ гардонид.

Мардум бовар доштанд, ки агар касе дар бомдоди  Меҳргон анор бихӯрад  ва ё гулоб бибӯяд, офатҳои заминию осмонӣ аз ӯ дур  мешаванд. Шоҳону сарварон дар рӯзи иди Наврӯз ба сарбозон либосҳои тобистона медоданд, бо фаро расидани иди Меҳргон сипоҳиёну хидматгузорон ба сару либос ва чизу чораҳои зимистона соҳиб  мегаштанд. Давраҳое ҳам будаанд, ки бо амри шоҳон  иди  Меҳргони омма ва Меҳргони хоссаро  бо ҳам пайваста, чанд рӯз ид мекарданд. Ин навоварӣ дар даврони Ҳурмуз- писари Шопури Сосонӣ ҷорӣ шуда, баъдтар ҳатто  Меҳргонро як моҳи пурра ид мекарданд. Дар рӯзи Меҳргон дастархоне аз матои сурх мегустурданд ва онро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол рӯида  оро медоданд

Одамон аз ҳафт навъи зироат нон мепухтанд: аз гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё. Гоҳо шумораи навъи онҳоро ба дувоздаҳ ҳам мерасонидаанд, аз қабили: найшакар ё шакар, турунҷ, себ, биҳӣ, анор, унабӣ (ҷигда), ангури сафед ва меваҳои гуногуни  тоза хушконидашуда.

Ҳамчунин дар рӯи дастархон меваҳои тару тоза, шохҳои гули шакару беду зайтун, анору муруд ва коҷ мегузоштанд. Ҳар маводи ғизоии рӯи хон низ рамзи хоси худро дошт: Шакар-ширинии умр; хурмо серҳосилӣ ва лаззати зиндагӣ;  бӯйи хуш-хушии табъ; гули нилуфар-реша дар об доштан; норгил ё чормағз- сермағзӣ ва сахтии тан; ҷавзи ҳиндӣ-пурборӣ; муруд-хушии зиндагӣ, пуртоқатӣ, серборӣ;  ҷоми тилоӣ-шаҳомат, покӣ, баракат;  анор-серфарзандӣ; равғани зайтун –хушбӯӣ.

Дар атрофи  дастархон суханони некро оид ба файзу баракат, афзоишу шодмонӣ ва панду андарзҳо менавиштанд. Ба шоҳони Сосонӣ  рӯи лаълии  калони заррин  шакар, ҷавзи ҳиндӣ,  ё норгил ва дар ҷомҳои тиллоӣ шири навдӯшида ва машрубот пешкаш менамудаанд. Анъанае низ будааст, ки одамон дар рӯзи Меҳргон  ба тани худ равғани зайтун молида, ба наздиконашон гулоб мепошидаанд, то тамоми сол, яъне то Меҳргони  нав  сиҳату саломат ва  сарбаланду зиндагиашон пурнакҳат бошад.

Ҷашни Меҳргон дар даврони қадим ва махсусан дар аҳди Сосониён (асрҳои 3-7) хеле шукӯҳ ёфта, минбаъд бо тағйири шакл дар аҳди хилофати араб, дар давраи Тоҳириёну Саффориён  ва  хусусан дар аҳди Сомониён  миёни халқ маъруф гашта, тантанаи хос ба худ гирифт.

Дар инъикосу тарғиби иди Меҳргон нақши шоирони бузурги мо, аз ҷумла устод  Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Анварӣ, Масъуди Саъди Салмон, Манучеҳрии домғонӣ, Ҳоқонии Шервонӣ ва сухансароёни дигар бузург аст.

Маъруфияти Меҳргонро боз аз он дарк кардан мумкин аст, ки дар таърихи  санъати миллии аҷдодонамон сурудҳои мавсимию маросимии “Меҳргони бузург”, “Меҳргони хурд”, “Меҳргонӣ” маълуму машҳур будаанд, ки оҳангҳои онҳоро ба Борбади Марвазӣ нисбат медиҳанд

Хушбахтона, дар сарчашмаҳои хаттии пешина ва осори олимону адибони гузашта доир ба иди Меҳргон  маълумоти фаровон омадааст.

Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ситоиши ин иди миллии халқи тоҷик сурудааст:

Малико! Ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад,

Хаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,

Бадали боғу бӯстон омад.

Мӯрд ба ҷои савсан омад боз,

Май ба ҷои арғувон омад.

Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,

Май ба бахти ту навҷавон омад.

Дар адабиёти гузаштаи мо Наврӯз ба номи Ҷамшед ва Меҳргон ба номи Фаридун вобастагӣ пайдо кардааст. Ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” таъсиси ҷашни Меҳргонро чунин ба навор меоварад:

Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,

Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.

Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ

Биёрост бо кохи шоҳаншаҳӣ.

Ба рӯзи хуҷаста сари меҳру моҳ

Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.

Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,

Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ…

Бифармуд то оташ афрӯхтанд,

Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносониву хӯрдан оини ӯст.

Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,

Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр….

Ҳаким Фирдавсӣ дар ҷойи дигар ҳам аз Меҳргон ёд мекунад:

Бикард андар он кӯҳ оташкада,

Бад-ӯ тоза шуд Меҳргон аз Сада.

Масъуди Саъди Салмон низ дар тасвири иди Меҳргон гуфтааст:

Рӯзи меҳру  моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,

Меҳр бифзой, эй нигори  моҳчеҳри меҳрубон!

Меҳргон рӯзи меҳри моҳи меҳр  дар таърихи чордаҳи моҳи меҳр ҷашн гирифта мешудааст.  Абӯрайҳони Берунӣ ба иди умумихалқӣ ва миллии ориёиён будани  Меҳргон ишора карда гуфта будааст: “Ин ид барои умуми мардум аст.”

Абӯрайҳони Берунӣ ҳамчунин  дар “Китоб-ут-тавҳим ли авоили саноат-ит-танҷим” навиштааст:

“Меҳргон чист? –Шонздаҳум рӯз аст аз меҳрмоҳ ва номаш Меҳр. Ва андар ин рӯз Афредун зафар ёфт бар Биюросби Ҷоду, он ки маъруф ба Заҳҳок. Ва ба кӯҳи Дамованд боз дошт. Ва рӯзҳо, ки сипоси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд бар кирдори он-ч аз паси Наврӯз бувад. Ва шашуми он Меҳргони бузург бувад ва Ромрӯз ном аст ва бад-ин донандаш”.

Қариб дар аксари навиштаҳои адибони классики мо Меҳргон ҳамчун ҷашни сатҳи баланд, ҷашни шоҳону амирон таъкид шудааст. Манучеҳри Домғонӣ фармудааст:

Эй амири меҳрубон, ин Меҳргон хуррам гузор,

Фарру фармони Фаридун варз бо фарҳангу ҳанг.

Яъне Меҳргон ҷашне буда дар сатҳи миллӣ ва давлату давлатдорӣ. Ин андешаро дар навиштаи Абӯмансури Дақиқӣ низ вомехӯрем:

Меҳргон омад, ҷашни малик Афредуно,

Он куҷо гов беҳ парвараш Бармоюно.

Аз мутолиаи ашъор ва адабиёти  ба Меҳргон ва идҳои миллии дигар бахшидаи шоирони классикамон чунин хулоса метавон баровард, ки ҳанӯз дар он замонҳо бузургони гузаштаамон бо ситоиши  ҷашну идҳои миллӣ кӯшидаанд арҷ бу суннату ойинҳои неки миллиамон гузоранд ва дар тарғиби худшиносии милливу шинохти ҳувияти миллӣ нақши мондагор гузоранд. Ва воқеан ин ашъор имрӯз, пас аз гузаштани садсолаҳо ҳам нақши боризи худро дар бедории шууру эҳсосоти миллӣ ва ангезишҳои ифтихори миллӣ мегузоранд.

Меҳргон яке аз идҳои қадимии мардуми ориёинажод буда, донишмандон бо истинод ба китоби “Осор-ул-боқия”-и Абӯрайҳон Берунӣ таърихи ҷашни  Меҳргонро беш аз 3 ҳазор сол хондаанд.

Имрӯз Меҳргон дар сарзамини Тоҷикистони мо маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардидааст.

Он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи рӯзҳои ид” дар қатори ҷашну идҳои дигар ҳамчун иди миллии кишварамон шинохта шуда, ҳамасола бо таҳияи барномаҳои нав ба нави рангин дар сатҳи баланд таҷлил меёбад. Ва мардуми мо, ҷавонону наврасони моро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва шинохти асолати миллӣ тарбият менамояд.

МЕҲРГОН ОМАД

Меҳргону фасли меҳрафшони он омад!

Ханда кун, бархез ҷоно, Меҳргон омад!

Файзу ободиву серӣ рӯи хон омад!

Меҳргон омад, муборак, Меҳргон омад!

Пайки осоиш табиатро ба ҷон омад!

Меҳри Эзад дар дурахши дидагон омад!

Меҳр бар дил, меҳр бар ҳар хонадон омад!

Меҳргон омад, муборак, Меҳргон омад!

Чун паёму пайки нек аз бостон омад!

Чун фурӯғи эзадии рафтагон омад!

Файзу фар аз остон то осмон омад!

Меҳргон омад, муборак, Меҳргон омад!

Ашки шодӣ бо фари Ашкониён омад!

Тоҷи  Сосонӣ ба сар тоҷи каён омад!

Муждаи пирӯзии Сомониён омад!

Меҳргон омад, муборак, Меҳргон омад!

Муждагонӣ аз вафои ёри ҷон омад!

Меҳрубонӣ дар қабои дилбарон омад!

Меҳргонӣ бода дар ҷоми замон омад!

Меҳргон омад, муборак, Меҳргон омад!

Токҳо ангур дар каф, шохаҳо дар даст себ,

Резад аз ҳар навдае бар дӯши мо барги заҳеб,

Бодаҳо саршору гул бо ҷӯши ҷон омад!

Меҳргон омад, муборак, Меҳргон омад!

Рӯд бо савту навое дар равон омад!

Ҳар гиёҳе бо муҳаббат бар забон омад!

Пайки хуш бар меҳани озодагон омад!

Меҳргон омад,  муборак, Меҳргон омад!

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Октябрь 17, 2021 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»