ХУШ ОМАДЕД! Имрӯз дар Душанбе Анҷумани VI омӯзгорону кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ ба кор оғоз мекунад

Октябрь 27, 2021 11:38

ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27-30 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ таҳти унвони «Фазои таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил- манбаи стратегии рушди устувор» ва нахустин Фестивали маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад.  Дар он омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон, Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок намуда, рушди низоми маорифи кишварҳои узви ИДМ-ро баррасӣ мекунанд.

Дар доираи анҷуман гузаронидани ҷамъомадҳои пленарӣ, ҷаласаҳои мавзӯӣ, муҳокимаҳои панелӣ ва мизҳои мудаввар дар назар дошта шуда, дар он вакилони анҷуман дар бораи принсипҳои ҳамкорӣ дар такмили сифати таҳсилоти мактабӣ, рушди мобилии академикӣ ва вобаста ба  пешравиҳо дар соҳаи технологияҳои инноватсионӣ мубодилаи афкор менамоянд.

Дар доираи анҷуман Фестивали 1-уми байналмилалии маҳорати педагогӣ баргузор мегардад. Дар охири фестивал дипломҳо дар се номина: «Муаллим», «Омӯзгор», «Равоншинос/педагоги иҷтимоӣ» тақдим карда мешаванд. Мукофоти дигаре, ки дар доираи анҷуман дода мешавад, маросими супоридани нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» мебошад. Он ба беҳтарин омӯзгорон ва кормандони кишварҳои узви ИДМ дода мешавад.

Марҳилаи ниҳоии анҷуман қабули қатъномае хоҳад буд, ки соҳаҳо ва усулҳои ҳамкориро инъикос ва стратегияю абзорҳои ояндадори рушди маорифро дар ИДМ муайян мекунад.

Ташаббускорони анҷуман Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (IFES) мебошанд.

ДАР АКСИ БОЛО: вакили Съезди VI муаллимон ва кормандони маорифи мамлакатхои узви ИДМ дар Душанбе — муаллими мактаби раками 15-и шахри Новополотски вилояти Витебски Беларус, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» Светлана Румянсева. Ҳамагӣ дар Анҷумани VI омӯзгорону кормандони маорифи ИДМ 20 нафар намояндагони Беларуси бародар бо сардории ҷонишини Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Александр Кадлубаем иштирок мекунанд. Аксҳо аз манбаъҳои озод

Октябрь 27, 2021 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сирк доир мегардад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе конфренсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷалолиддини Балхӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард
Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент, Исфара ва ноҳияи Кӯшониён доир мегардад
Туҳфаи нодири Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид