РОҒУН — КОХИ НУР. Расо 5 сол пеш маҷрои дарёи Вахш дигар гардида, ба бунёди сарбанди НБО «Роғун» оғози расмӣ бахшида шуд

Октябрь 29, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Расо 5 сол қабл ба шумори воқеаву рӯйдодҳои зиёди таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як ҳодисаи фараҳбахши дигар зам шуд. Рухдоде, ки барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикии кишвар замина гузошт ва нуру гармиро ба хонадони мардум  армуғон овард. Ин санаи таърихӣ  29 октябри соли 2016 мебошад. Дар ин рӯз бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун маҷрои дарёи Вахш дигар гардид ва  ба  бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун»- ин мавзеи муҳими иншоот оғози расмӣ бахшида шуд.

Он рӯзи фаромӯшнопазир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро иваз карда, обро тариқи нақбҳои бузурги обгузар равона сохта, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамот ҳисоб мешавад, оғоз бахшиданд ва  онро «яке аз марҳилаҳои муҳими сохтмони ин иншооти бузург» арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат дар рӯзи оғози корҳои сохтмонии сарбанди ин иншооти муҳим зикр намуданд, ки «расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан — мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад».

Дар  ҳақиқат солҳои  соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоистаи  мардуми шарафманди тоҷик чор самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад.

Барои расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ, яъне  расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар зарфи солҳои гузашта тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд. Бо дастуру ҳидоятҳои махсуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва  истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ,  сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд, ки яке аз онҳо- ин Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар силсиланеругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт — соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардида, ба инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшида шавад.

Дар баробари ин бартарият аҳамияти дигари  хеле муҳим  ва минтақавӣ доштани  Неругоҳи барқи обии «Роғун»- ин таъсири мусбат расонидан ба ҳалли масъалаҳои обу энергетика мебошад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бастагӣ ба ин  масъала изҳор доштанд: «Иншооти «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он, дар ҳақиқат метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад. Бунёди иншооти энергетикӣ дар дарёҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба таъмини тавозун байни масъалаҳои обӣ ва энергетикӣ равона шуда, дар ояндаи наздик ба ягона роҳи паст кардани зарар ва камобиву обхезиҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни миёна ва поёноби Амударё табдил хоҳад ёфт. Иншооти мазкур имкон медиҳад, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад. Ташхисҳои аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони машҳури ҷаҳонӣ амалигардида далели гуфтаҳои боло мебошанд».

Омӯзиши пайваста ва таҳқиқи ҳамаҷониба дар мавриди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва сохтмони дигар неругоҳҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон бо  бунёди  ин неругоҳҳо  на танҳо манфиати дохилии худ, балки кулли кишварҳои минтақаро ба инобат гирифтааст. Хусусан дар шароите, ки тағийрёбии иқлим, хушксолӣ ва  норасоии об  торафт бештар эҳсос мегардад. Ҳамкории густурда бо кишварҳои ҳамсоя дар самти амалӣ сохтани нақшаҳои судманд доир ба обу энергетика яке аз ҳадафҳои доимии ҷониби Тоҷикистон буд ва хоҳад монд. Ин раванд хусусан дар ҷараёни бунёди неругоҳҳо боз ҳам бештар мавриди таваҷчуҳ қарор мегирад.

Ба гуфтаи Сарвари давлат,   «Тоҷикистон дар сиёсати худ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкории минтақавиро, бахусус бо кишварҳои ҳамсояи худ ҳамеша дар мадди аввал мегузорад ва чунин муносибатро ягона роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот мешуморад. Дар робита ба ин, мо борҳо иброз намудаем ва мехостам такроран таъкид намоям, ки мо тарафдори ҳамкории самарабахшу мутақобилан судманд бо давлатҳои минтақа дар самти амалӣ сохтани нақшаҳо доир ба обу энергетика мебошем. Зеро чунин муносибат тақозои ҳаёт буда, ба зиммаи ҳамаи мо дар назди наслҳои ояндаамон масъулияти бузург мегузорад. Вобаста ба ин, ба халқҳои бародари Осиёи Марказӣ муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки халқи тоҷик давоми асрҳои зиёд бо ҳамсояҳои худ дар фазои оромиву осоиш ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ зиндагӣ кардааст. Бо масъулияти тамом иброз медорам, ки мо ба идомаи ин анъанаи неки ниёгонамон ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ бе об намегузорем».

Мавриди зикр аст, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори бевоситаи ин сохтмони бузурги аср ё Кохи нур буда, дар амалӣ намудани ин тарҳи бузурги миллӣ ҷаҳду талошҳои бесобиқа кардаанд, ки ҳаргиз аз хотираи мардуми тоҷик ва авроқи таърихи мамлакат зудуда нахоҳад шуд. Зеро, баъди он ки Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд ва ҳодисаҳои нобасомони солҳои аввали соҳибистиқлолӣ фазои Тоҷикистонро фаро гирифтанд, ҷараёни   сохтмон дар НБО «Роғун», ки аз соли 1976 то то соли 1993 корҳои зиёди  он, аз қабили кандани нақби асосии зери сарбанду нақбҳои обпарто анҷом ёфта буд ва он зиёда аз 43 фоизи  корҳоро ташкил медод, қатъ гардид. Ҳодисаи дигари табиӣ заҳмати беш аз бистсоларо ба як бор аз байн бурд.   23 июни соли 1993 сели даҳшатнок дарёи Вахшро банд кард ва дар натиҷаи аз кор баромадани дарғоти нақби №2, дарғоти 40-метраи неругоҳро об шуста, хароб кард.  Ҳамин тариқ, ҳаводиси ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва офатҳои табиӣ авҷи корҳоро дар ин неругоҳ маҳв намуданд.

Танҳо бо ташаббус ва ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2004 сохтмони НБО «Роғун» шурӯъ гардид. Бо ҳамин мақсад ширкати «Роғунсервис» таъсис ёфт ва корҳоро ҷиҳати муаяйн намудани вазъияти баамаломада дар сохтмон, барқарорсозии роҳҳо, таъмири манзилҳои истиқоматӣ барои мутахассисон ва ғайра оғоз бахшиданд. Соли 2007 сохтмони НБО «Роғун» аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ аз нав оғоз гардид. Дар таърихи 27 августи соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳмдории ягонаи давлату ҳукумат «Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии Роғун» таъсис дода шуд.

Доир ба лоиҳаи Роғун ва ниятҳои неки ҳамсоядорӣ ба ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ҳанӯз соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ барои гузаронидани тадқиқоти лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» расман муроҷиат намуд. Ҳамин тариқ то соли 2014 ташхиси муфассали ҷанбаҳои техникӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ, иҷтимоию иқтисодии лоиҳаи Роғун баргузор шуд. Ҳамзамон дар давоми солҳои 2011-2014 силсилаи муҳокимаҳои кушод бо иштироки кишварҳои ҳамсарҳад доир ба масъалаҳои  таҳдиду хатарҳои имконпазир пайваста бо сохтмони Роғун бо гузориши натиҷаҳои пешакии арзёбии  лоиҳа таъмин гардид.  Дар моҳи июни  соли 2014 ҳисоботи пешакии Бонки ҷаҳонӣ доир ба лоиҳаи Роғун пешниҳод гардид, ки бехатар ва манфиатнок будани ин иншооти бузургро тасдиқ намуд. Кор дубора дар НБО «Роғун» авҷи тоза гирифт. Ҳазорон мутахассиси маҳаллӣ бо дасту дили гарм ва азму иродаи қавӣ ба ҷабҳаи созандагӣ омаданд ва дар баробари мутахассисони хориҷӣ, саҳми худро барои бунёди ин Кохи нур гузоштанду гузошта  истодаанд.

Дар  маҷмӯъ,  бунёди НБО «Роғун» барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти  бузург буда, чархаи нахустини ин иншооти  бузурги аср 16 ноябри соли 2018 ва чархаи дуюми он 9 сентябри соли 2019 дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки  намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ,  рӯзноманигори дохил ва хориҷи кишвар ба кор дароварда шуданд, ки имрӯзҳо фаъолияти босамар доранд. Корҳои сохтмонӣ  дар чархаҳои дигари ин Кохи нур  бомаром ҷараён доранд ва марҳила ба марҳила ҳар кадоми он бо ҷаҳду талоши сохтмончиёни ин Кохи нур мавриди истифода қарор мегиранд, зеро имрӯз Роғун ба корзори воқеии нангу номус, арсаи ҳақиқии корномаву фидокории умумихалқӣ  ба хотири ободӣ ва ояндаи дурашони Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст.

Саидҷаъфар АШӮРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Октябрь 29, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НАЗАРИ КОРШИНОС. Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон бояд ба рушди фаъолияти соҳибкорию бахши хусусӣ нигаронида шавад
Дар Душанбе ба маблағи зиёда аз 47 миллион доллар созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд
Байни Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон ва Кумитаи назорат ва бозрасии ветеринарии Вазорати кишоварзии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ. Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи нафту газ тақвият мебахшанд
Таҷрибаи Қазоқистон дар самти иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мавриди истифодаи Тоҷикистон қарор мегирад
Дар ноҳияи Зафаробод коргоҳи истеҳсоли мумфарш ба фаъолият оғоз намуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат ба имзо расид
Шарикони рушд дар барқарорсозии роҳу пулҳои аз офатҳои табиӣ зарардида кумак менамоянд
Агентии «Тоҷикстандарт» ба соҳибкорон моҳияти татбиқи стандартҳои байналмилалиро меомӯзонад
ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН. Гардиши тиҷорати хориҷӣ байни ду давлат соли гузашта 1,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод
Дар Душанбе дурнамои ҳамкорӣ бо Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб баррасӣ гардид