Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-ро дар шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 2, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 02.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Рӯдакии шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор нахуст бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Садриддин Айниро, ки аз ҷониби соҳибкор Хуршед Нозимов бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Пудратчии сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кавсар Констрактшн» буда, лоиҳаи он аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Архиком»-и шаҳри Душанбе бо усули муосири меъморӣ таҳия шудааст. Таълимгоҳ дар масоҳати умумии 1,75 гектар доман густурда, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат ва дорои 34 синфхона буда, барои 2000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо дарназардошти татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», дар муассисаи навбунёд утоқҳои фаннӣ бо тамоми техникаю технологияи зарурии насли нав таъмин гардида, барои гузаронидани машғулияти амалии хонандагон имконоти мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Ҳамзамон таълимгоҳ аз толори маҷлисгоҳ бо 260 ҷойи нишаст, ошхона барои 160 нафар ва китобхона иборат буда, ҷиҳати омода намудани хонандагон ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» толори хониш бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин хонда, ба масъулин доир ба беҳтар намудани сатҳу сифати дониши хонандагон ва иштироки фаъолонаи муҳассилин дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар таълимгоҳ ҳамчунин бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ҳамзамон дар сатҳи баланд гузаронидани машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, як толор ва ду майдончаи варзишӣ бунёд гардида, бо тамоми лавозимоти солимгардонӣ таъмин карда шудаанд.

Намои берунаи бино бо тарҳ ва услуби баланди меъмории муосир сохта шуда, саҳн ва атрофи муассиса бо гулу буттаҳои сояафкану ороишӣ зебо гардонида шудааст. Ҳамзамон муассисаи таълимӣ бо хати алоҳидаи барқ таъмин гардидаст.

Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 дар шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор 02.10.2021

Октябрь 2, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ – ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Назари коршинос дар ин мавзуъ
Роҳи маҳаллаи Гулистон то кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе навсозӣ ва мумфарш карда мешавад
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Турсунзода иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”
Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ
35 СОЛИ ПУР АЗ ШАРАФ, ПИРӮЗӢ, ДАСТОВАРД ВА ИФТИХОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-и ноҳияи Ёвон бинои иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Деваштич мумфаршкунии беш аз 3 километр роҳ оғоз гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд