Тоҷикистон ва Туркия ҳаҷми гардиши савдоро ба 1 миллиард $ мерасонанд

Октябрь 13, 2021 17:01

ДУШАНБЕ, 13.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Туркия тасмим гирифтаанд, ки солҳои оянда  бо истифода аз имконияти мавҷуда гардиши савдои мутақобиларо ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонанд. Чунин зикр намуд Вазири  саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия Мустафо Варанк дар  Форуми саноатии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи  ҷаласаи 11 –уми Комиссияи  байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар Форуми саноатии соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия, ки бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва  технологияи Ҷумҳурии Туркия доир гардид, роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи ҳарду кишвар ва доираҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Туркия иштирок намуданд. Тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, муаррифии имконияти иқтисодию сармоягузорӣ, ҷалби сармоягузорони Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, истифодаи таҷрибаи Туркия дар рушди саноати Тоҷикистон, ки ҳадафи чоруми стратегӣ дар Тоҷикистон эълон гардидааст, аз ҳадафҳои асосии Форуми саноатии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия буд.

Вазири саноат ва технологияҳои нав  Шералӣ Кабир, ки ҳамзамон Раиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории  иқтисодӣ мебошад, ҳайати соҳибкорону тоҷирони Туркияро таҳти сарварии Вазири саноат ва технологияи Туркия Мустафо Варанк ба Тоҷикистон шодбош гуфта, зикр намуд, ки тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии  ду кишвар  дар партави иродаи сиёсӣ ва мулоқоти Сарони ҳар ду кишвар –Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаб Тайип Эрдоган қарор дошта, беш аз пеш густариш меёбад, ки далели он  баргузории  Форуми саноатии соҳибкорони  Тоҷикистону Туркия дар Душанбе аст.

Зикр шуд, ки байни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ фаъолият дорад, ки то имрӯз 11 ҷаласаи он дар шаҳрҳои Душанбе ва Анқара доир гардидааст. Туркия яке аз шарикони иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон буда, дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи хос бархӯрдор аст.

Дар шаш моҳи соли равон гардиши мол байни ду кишвар 177 миллион долларро ташкил дода, соли 2020 дар қиёс ба соли 2019 17 фоиз афзоиш ёфта, 323 миллион долларро ташкил дод. Дар солҳои қабл аз пандемияи COVID-19 табодули мол байни ду давлат марзи 700 миллион долларро убур намуда буд.

Алҳол байни Тоҷикистону Туркия қариб 60 корхонаи муштараки саноатӣ таъсис дода шуда, бо мақсади рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дар шаҳри Душанбе Маркази тиҷоратии «Вафо» фаъолият дорад. Байни ду кишвар парвозҳои мутақими ҳавоӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон  «Сомон Эйр» ва Туркия «Туркиш Эйр» анҷом дода мешаванд, ки ба ҳамлу нақли мусофирон, густариши равобити иқтисодию тиҷоратии ҳарду давлат саҳми бориз мегузоранд.

Шералӣ Кабир доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Туркияро дар самти саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, хусусан соҳаи саноати кишвар ҷалб намуда, зикр сохт, ки Тоҷикистон дорои захираҳои  бойи энергияи сабз, маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои кӯҳӣ, сайёҳӣ мебошад, ки барои рушди инфрасохтори онҳо, хусусан коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва басту банди он, модернизатсияи корхонаҳои саноатӣ ниёз ба сармоягузорон дорад. Хусусан саҳм гузоштан дар таъсиси Паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон, ки Туркия таҷрибаи ғанӣ дорад, аз ҷониби Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон махсус таъкид гардид. Вазир афзуд, ки дар Кодекси  нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъсиси Паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон  ба сармоягузорон сабукию имтиёзҳо пешниҳод гардидааст. Инчунин ояндаи наздик дар Тоҷикистон қонун дар бораи Паркҳои технологӣ қабул хоҳад гардид.

Дар Форуми саноатии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия ҳамзамон Вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия Мустафо Варанк, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва Раиси Шӯрои тиҷоратии Туркия Исмоил Гулле доир ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Туркия  ва истифодаи имконияти мавҷуда ибрози назар намуданд.

Вазири саноат ва технологияи Туркия Мустафо Варанк роҷеъ ба иқтидору зарфияти иқтисодию тиҷоратии Туркия  дар назди доираҳои тиҷоратию соҳибкорони ҳарду кишвар сухан намуда, гуфт, ки Туркия аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ  пулест миёни Аврупо ва Осиё ва дорои иқтидорҳои бузурги логистикӣ дар самти ҳамлу нақли молу маҳсулот ба кишварҳои дунё буда,  соли равон ҳудуди 200 миллиард доллар молу маҳсулот содирот намудааст. Мустафо Варанк афзуд, ки таъмини устувории рушди иқтисодии кишвараш тавассути амиқсозии муносибатҳои дуҷониба ва минтақавӣ имконпазир гардидааст. Вазир дар ин замина  Тоҷикистон ва умуман  кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамчун нуқтаҳои муҳим дар роҳи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ арзёбӣ намуд.

Мавсуф афзуд, ки нишондиҳандаҳои оморие, ки дар табоддули мол байни Туркия ва Тоҷикистон вуҷуд доранд, моро қаноатманд карда наметавонад, зеро ин нишондиҳанда  аз иқтидори мавҷуда фарсахҳо дур аст. Мустаффо Варанк таъкид кард, ки ҳадафи мо ба 1 миллиард доллар расонидани ҳаҷми табодули мол байни Туркия  ва Тоҷикистон  мебошад, ки Сарони давлатҳоямон дар кӯтоҳтарин муддат  муқаррар намудаанд. Барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланд мо омодаем, ки тамоми тадбирҳои заруриро андешем ва имконияту иқтидорҳои мавҷударо самаранок истифода намоем. «Бовар дорам, ки шумо, тоҷирон  бо сармоягузориҳо ва лоиҳаҳои нав ба ин ҳадаф ба осонӣ ноил хоҳед шуд», -афзуд Мустафо  Варанк.

Ба андешаи вазири Туркия, Тоҷикистон яке аз муҳимтарин роҳҳои тиҷоратӣ дар Осиёи Марказист. Вай афзуд, Туркия қадамҳои Тоҷикистонро, ки ба таҳкими ҳамгироӣ ба иқтисоди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нигаронида шудаанд, бодиққат мушоҳида мекунад. Варанк бар ин бовар аст, ки рушди муносибатҳои дуҷонибаи Туркия ва Тоҷикистон маънои афзоиши самаранокии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Осиёи Марказиро дар тиҷорати ҷаҳонӣ дорад. Вазири Туркия афзуд, ки дар масъалаи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ҳарду кишвар фаъолияти самараноки Комиссияи муштараки иқтисодӣ, бизнес-форумҳо ва ҷаласаҳои шӯроҳои тиҷоратӣ хеле муҳим аст. Варанк инчунин аҳамияти ҷустуҷӯи самтҳои нави ҳамкорӣ ва афзоиши сармоягузории муштаракро барои ба эътидол овардани ҳамкории иқтисодӣ махсус таъкид намуд. Мо омодаем, ки  дар рушди иқтисоду саноати Тоҷикистон ва муаррифии иқтидори он дар минтақа аз ҳар ҷиҳат саҳм гузорем», — таъкид кард Мустафо Варанк.

Дар Форуми саноатии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия, ки беш аз сад нафар доираҳои тиҷоратию соҳибкории ҳарду давлат ва роҳбарону намояндагони корхонаю ширкатҳо ҳузур доштанд, имконияти иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон, фазои сармоягузории кишвар муаррифӣ гардид. Дар доираи Форуми саноатии соҳибкорон вохӯрии дуҷонибаи  соҳибкорони Тоҷикистону Туркия дар сиғаи «B2B» доир гардид, ки дар ҷараёни он байни  корхонаю ширкатҳои Тоҷикистону Туркия санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд, ки дар таҳкими ҳамкории иқтисодии ҳарду кишвар саҳми муносиб мегузоранд.                                                              

                                                Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар».

    Аксҳо аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ

Октябрь 13, 2021 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд